Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммади Султонро пас аз ду моҳи эълони ҳукм ба зиндон бурдаанд


Муҳаммади Султон
Муҳаммади Султон

Муҳаммади Султон, рӯзноманигор ва маъмури пешини амниятро, ки моҳи сентябр ба ҳафт сол зиндон маҳкум шуд, аз боздоштгоҳ ба маҳбас бурдаанд.

Пайвандонаш аз он нигарон буданд, ки ӯ дар боздоштгоҳи Душанбе дар вазъияти хубе нест. Мақомот нагуфтаанд, ки чаро пас аз эълони ҳукм ӯро зуд ба зиндон интиқол надоданд.

Ҳуқуқдон Ҷамшед Ёров рӯзи 3-юми ноябр гуфт, "бар асоси қонунҳои Тоҷикистон, баъд аз 14 рӯзи эълони ҳукм бояд маҳкумшударо аз боздоштгоҳ ба маҳбас баранд."

Ӯ бовар дорад, тақрибан ду моҳ дар боздоштгоҳ мондани Муҳаммади Султон "ғайриқонунӣ аст". Дар ин муддат бо ӯ чӣ гузаштааст, маълум нест.

Муҳаммади Султони 72-сола, маъмури пешини амният, дар гузашта дар нашрияи "Комсомоли Тоҷикистон" кор кардааст. Солҳои охир дар саҳифааш дар Фейсбук фаъолияти мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва раҳбарони онро танқид мекард.

Ӯ зидди амалиёти нерӯҳои интизомӣ дар Бадахшон низ буд, ки ба иттилои расмӣ 29, вале ба иттилои манобеи ғайрирасмӣ то чиҳил кушта барҷой гузошт.

Додгоҳ ӯро ба гуноҳи “даъват ба ифротгароӣ тавассути интернет” ва “таҳқири ҳокимияти давлатӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ” гунаҳкор донист. Наздиконаш гуфтанд, бо ҳукм розӣ нестанд, вале бозбинияшро ҳам нахостанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG