Як соҳибкор дар шаҳри Кӯлоб мегӯяд, баъд аз 15 соли фаъолият бо айби фармоишгарон, аз ҷумла идораҳои давлатӣ, маҷбур аст, корхонаи сафолсозияшро барҳам бидиҳад. Исмоил Идрисов иддао дорад, ки ҳукумати маҳаллӣ аз ӯ даҳҳо ҳазор сомонӣ қарздор аст. Идораи молияи шаҳр рад мекунад.
"Дар давраи раёсати Баҳром Иноятзода пеши дарвозаи Кӯлобро дуруст карданд. Ҳамон одам аз мо қарздор шуд. Ҳукумат пули моро надод. Ба чанд ҷо муроҷиат кардем. Ба додситонӣ рафтем. Гуфтанд, масъаларо мебинанд, вале ӯ зиндонӣ шуду масъалаи пули мо ҳалношуда монд," – нақл кард Исмоил Идрисов.
Ба гуфтааш, қарзи онвақати ҳукумати маҳаллӣ аз сафолҳо 40 ҳазор сомонӣ буд. Сипас барои фаъол нигоҳ доштани корхона аз бонк қарз гирифт. Аз ҳисоби ин пул то ду моҳ пеш истеҳсоли сафолро идома дод.
Бо онҳое қарордод бастааст, ки мактаби русиро месозанд. Ҳоло даъво дорад, ки аз бинокорони инҷо ҳам пулашро гирифта наметавонад.
Дар идораи молияи Кӯлоб гуфтанд, қарзҳои давраи Баҳром Иноятзодаро пардохт кардаанд. Масъулони сохтмони мактаби русӣ ҳам гуфтанд, аз корхонаи Исмоил Идрисов қарздор нестанд. Баръакс, ба гуфтаи онҳо, маҳсулоти ширкаташ бесифат будааст.
Ба гуфтаи соҳибкор, ба сабаби иҷро накардани қарордодҳо аз тарафи фармоишгарон, аз ҷумла муассисаҳои давлатӣ корхонааш рӯ ба муфлисӣ овардааст. Ҳоло қасд дорад, сафолҳои боқимондаро фурӯхта, корхонаро барҳам диҳад.
“Диламон монд аз ҳамин кор. Мегӯям, корхонаро бандаму барои кор ба Русия равам. Дар инҷо 15-16 сол кор кардем, охираш сифр," -- мегӯяд ӯ.
Бо вуҷуди наздик шудан ба вартаи муфлисиву қарз аз бонк ҳар моҳ молиёт месупорад. Расиди молиёт ҳам дар дасташ аст. Аз иҷора 10 ҳазор сомонӣ қарздор шудааст. Дар Тоҷикистон садҳо соҳибкор мисли Исмоил Идрисов ҳастанд, ки ба сабаби ҳамингуна мушкилоту расмиёт ё муфлис шудаанд, ё безор шуда, корро бас кардаанд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад