Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меросбари Фирташ ва Зайд Саид. Соҳиби нави "Азот" шахси номаълум, аммо "хуштолеъ" аст


Леваканд, корхонаи "Азот", моҳи июни 2019
Леваканд, корхонаи "Азот", моҳи июни 2019

Корхонаи нуриҳои "Азот" (заводи пешини нуриҳои азотии Вахш) ба ихтиёри ширкате дода шуд, ки дар борааш ягон маълумот вуҷуд надорад. Соҳибаш маълум нест ва гуфта намешавад, ки ба чӣ маблағе ин коргоҳро харидааст.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 7-уми феврали имсол қарори ба ихтиёри "Осиё Кемикал" додани корхонаи машҳури "Азот"-ро имзо кардааст, аммо ин ҳуҷҷат дар сомонаҳои расмӣ нашр нагашт.

Ҳоло имтиёзҳои калоне, ки умдатан ба ширкатҳои марбут ба хонадони раисиҷумҳури Тоҷикистон дода мешаванд, ба "Осиё Кемикал" дода шудаанд. Махфӣ мондани номи соҳибаш онро ба IRS, CDH Investment Corporation, ҳатто "Сомон Эйр", монанд мекунад.

Нусхаи созишнома рӯзи 15-уми феврал дастраси Радиои Озодӣ шуд ва дар он дар бораи ҷамъияти бози "Осиё Кемикал" танҳо ҳамин қадар гуфта мешавад, ки ширкати мазкур "тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст ва амал мекунад". Маълум нест, онро кӣ, кай ва дар куҷо таъсис додааст.

Дар сомонаи Кумитаи андоз низ дар бораи ин ширкат маълумоте дида намешавад ва номи он дар феҳрасти ширкатҳои тавлидотии Тоҷикистон низ нест. Дар ин номгӯй бо калимаи "кемикал" танҳо як субъект -- "Талко Кемикал" -- таҳти рақами 1549 сабт шудааст. Ширкатҳои ветнамӣ ва ҳиндии "Осиё Кемикал" дар бораи харидани "Азот" хабар надодаанд ва онҳо "тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" таъсис дода нашудаанд.

Имтиёзҳои бебаркаш

Бино бар санадҳои дастрасшуда, "Осиё Кемикал"-и соҳибаш номаълум то 5 сол аз пардохти "андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ" озод хоҳад буд. Ҳамчунон мутахассисоне, ки ширкат аз хориҷ даъват мекунад, аз пардохтҳои ҳатмии давлатӣ ва ҳатто гирифтани иҷзатномаи кор дар Тоҷикистон озод мешаванд.

Бар замми ин, ҳукумати Тоҷикистон розӣ шудааст, ки ширкат бидуни кадом маҳдудият моли тавлидкардаи худро дар дохил ва хориҷ бо нархе, ки таъйин мекунад, бифурӯшад. Ҳамчунон фоидаеро, ки дар дохил ба даст меорад, ба асъори хориҷӣ табдил дода, ба берун барад. Ин дар ҳолест, ки Бонки Миллӣ ширкатҳоро дар Тоҷикистон аз хариду фурӯши асъори хориҷӣ бе иҷозатнома манъ кардааст.

Ҳамчунон "Осиё Кемикал", тибқи ин санад, метавонад молу масолеҳеро, ки барои гардон кардани корхона заруранд, бе супурдани боҷи гумрукӣ аз хориҷа ба кишвар ворид кунад.

Дар иваз чӣ мекунад?

Дар иваз ин ширкат уҳдадор шудааст, барои навсозӣ ва фаъол кардани корхонаи "Азот" на камтар аз 200 миллион сомонӣ сармоягузорӣ кунад, аммо гуфта намешавад дар чанд сол. Шарти дигаре, ки "Осиё Кемикал" ба зимма гирифтааст, бояд то 80 дарсади кормандонаш шаҳрвандони Тоҷикистон бошанд.

Се сол пеш, вақте ҳукумати Тоҷикистон корхонаро 190 миллион сомонӣ нарх монда буд, ба харидори эҳтимолӣ шарт гузошта буд, ки "дар се соли оянда бо харҷи 400 миллион сомонӣ хатти гази "Ёвон-Леваканд"-ро пайваст кунад ва на камтар аз 1100 ҷойи кори доимӣ таъсис диҳад. Пардохти 25 миллион сомонӣ қарзҳои кредитории корхонаи "Азот" дар соли аввали пас аз харидани саҳмияҳо, шарти дигари ин музояда буд.

Аммо дар созишномаи нав дида мешавад, ки ширкати “Осиё Кемикал” чунин уҳдадориеро ба зимма нагирифтааст. “Азот” аз солҳои 2000-ум ба инҷониб аз кор мондааст, вале ахиран муовини раиси ноҳияи Леваканд (Сарбанди собиқ) хабар дод, ки молики нав қарзи маоши кормандонро, ки аз моликони пешина бозмонда буд, пардохт намуд ва қарор аст ба “кор оғоз кунад”.

Фурӯши махфӣ?

Номи “Осиё Кемикал” чандон нав ҳам нест. Он бори аввал пас аз тендери як сол пеш расонаӣ гашт. Ин фурӯш 15-уми феврали соли 2021 баргузор шуда, он замон Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ аз натиҷаҳояш хабар надод. Раҳбарияти Кумита танҳо 11-уми феврали имсол дар нишасти хабарӣ тасдиқ карданд, ки корхона ба "Осиё Кемикал" фурӯхта шудааст, аммо тафсилот надоданд.

Қаблан манбаъҳои гуногун аз пирӯзии "Сиёма", яке аз ширкатҳои узви "Авесто Груп", абарширкати марбут ба дӯстони Рустами Эмомалӣ, раиси Душанбе ва писари президенти Тоҷикистон, дар тендер хабар дода буданд. Як нашрия "Фароз"-ро баранда эълон кард. Зоҳиран он вақт "Осиё Кемикал" ғалаба карда буд, чун пардохти қарзҳои “Азот” ба миқдори 1 миллион сомониро дар нишасти хабарии 26-уми июли соли 2021 шаҳрдори Леваканд Заррина Давлатзода ба ҳамин ширкат марбут дониста буд.

Вале ончӣ суолбарангез аст, ин аст, ки чаро мақомот моликони ширкати барандаи тендери як сол пешро расман эълон намекунанд ва чӣ гуна як ширкати зоҳиран нав ва номаълум тавонист, бар “Фароз” ва “Авесто Груп” пирӯз гардад, дар ҳоле ки ҳарду абарширкат аз пуштибонии қавии оилаи президенти Тоҷикистон бархӯрдоранд?

Ҳоло имтиёзҳои калоне, ки умдатан ба ширкатҳои марбут ба хонадони раисиҷумҳури Тоҷикистон дода мешаванд, ба "Осиё Кемикал" дода шудаанд, ки метавонад, ишора ба ҳамсонии ширкати навро кунад. Махфӣ мондани номи соҳибаш онро ба IRS, CDH Investment Corporation, ҳатто "Сомон Эйр", монанд мекунад. Соҳибаш касест, ки намехоҳад, номаш дониста шавад.

Мероси Фирташ ва Зайд Саид

"Азот", корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ, ки Тоҷикистон аз Иттиҳоди Шуравӣ ба мерос гирифт, борҳост, аз даст ба даст мегузарад.

Он, ки тавони истеҳсоли нуриҳои барои кишоварзӣ муҳими аммиак, карбамид, ангидриди карбон (углекислота), азоти газгунро дорад, 10 соли охир дар маркази моҷароҳои моливу пулӣ ва ҳатто сиёсӣ қарор гирифт. Корхонае, ки соли 1967 дар шаҳри Леваканди вилояти Хатлон бо ҳадафи таъмини кишоварзони тоҷик бо нуриҳои минералӣ бунёд шуд, дар солҳои оғози ҷанги шаҳрвандӣ аз кор монд.

Соли 2001 ин корхонаро олигархи украинӣ Дмитрий Фирташ ва ширкаташ Group DF бо 75 дарсади саҳмияҳояш аз худ кард. 5 дарсади саҳмияҳо ба Хайрулло Саидов, писари Зайд Саидов, собиқ вазири саноат ва соҳибкори ҳамакнун зиндонӣ тааллуқ дошт.

Дмитрий Фирташ
Дмитрий Фирташ

Пас аз он ки Зайд Саидов аз таъсиси ҳизбе бо номи "Тоҷикистони нав" дарак дод ва боздошт шуд ва Дмитрий Фирташ ҳам дар Австрия гирифтори кашмакашҳои судӣ шуд, Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон соли 2014 созишномаи фурӯши саҳимияҳои "Азот"-ро ғайриқонунӣ эълон ва корхонаи азимро дубора давлатӣ кард.

Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2016 бо ширкати чинӣ шартнома баст ва қарор буд "Азот" фаъол шавад. Тибқи шартнома ширкати "Хенан Чжун-Я" бояд давоми 1,5 сол марҳилаи аввали корхонаро бо иқтидори тавлиди 120 ҳазор тонна нурии минералии аммиак ва 200 ҳазор тонна карбамид ба кор меандохт.

Аммо Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2019 созишнома бо ширкати чинии "Ҳенан Чжун-Я", ки бояд корхонаи "Азот"-ро дар шаҳри Леваканди Хатлон ба кор медаровард, якҷониба бекор кард ва саҳмияҳо дубора ба ихтиёри давлат гузаштанд. Ҳукумат гуфт, ширкати чинӣ ба ваъдааш вафо накард ва корхона дар муҳлати муайяншуда ба кор надаромад.

То кунун Тоҷикистон корхонаи “Азот”-ро ду бор фурӯхтаву баъдан аз моликонаш кашида гирифт ва ба истилоҳ миллӣ кард. Аммо ин бор дар матни созишнома гуфта мешавад “молу мулки сармоягузор” мусодира ва ё миллӣ (давлатӣ) нахоҳад шуд. Ба истиснои ҳолати ба вуҷуд омадани “эҳтиёҷи ҷамъиятӣ” ва он ҳам бо ҷуброни ҳама гуна хароҷоти сармоягузор. Ин ҳам толеи баланди “Осиё Кемикал”!

XS
SM
MD
LG