Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон амр додааст, ки соҳибкоронро "ғам надиҳанд". Иҷро мешавад? ВИДЕО


Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Дар Тоҷикистон, ки ҷанг дар Украина ба нарх дар бозорҳо таъсир гузошту баъзе маҳсулотро камчин кард, раисҷумҳур амр додааст, ки тафтиши соҳибкорону тоҷирон барои муддате бас карда шавад. Моратория охири имсол ба поён мерасад. Санҷишҳои пайдарпай аз шикоятҳоест, ки ҳамеша аз сӯйи соҳибкорони тоҷик садо медиҳад.

“Фармонро дар паси дар часпондем”

Фарҳод Зубайдов се сол боз дар шаҳри Душанбе тиҷорат дорад. Мегӯяд, чанд рӯз пеш аз расонаҳо дар бораи мораторияи фаъолияти соҳибкорон хабардор шуд ва фармони раисҷумҳурро дар пушти дари мағозааш часпонд.

Зубайдов рӯзи 24-уми март ба Радиои Озодӣ изҳори умед кард, ки нашри ин фармон барои тақрибан як сол роҳи санҷишҳои зиёди мақомотро мебандад. “Пештар ба санҷиш меомаданд. Мегуфтем, аз кадом идора ҳастед? Ҳатто баъзеашон худро муаррифӣ намекарданд. Дар дафтари мо чизе наменавиштанд. Эълонро дар пушти дар насб кардем. Ку, биёянд, чӣ мегӯянд,” – нақл кард ӯ.

Ин соҳибкори тоҷик аз он нигарон аст, ки тафтишҳои батакрор барояшон зиёни зиёди молӣ меовард. Аз сӯи дигар, дар ин шабу рӯз болоравии бесобиқаи қурби доллари амрикоӣ, ба қавли вай, ба тиҷораташ фишор овардааст.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Президент амр додааст, ки соҳибкоронро "ғам надиҳанд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:58 0:00

Ҳарчанд ҳадаф аз эълони моратория “дастгирии соҳибкорон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоя, ташкили ҷойҳои корӣ ва кам намудани санҷишҳо” гуфта шудааст, баъзе аз коршиносон ба ин назаранд, ки бахши соҳибкорӣ ба имтиёзу дастгириҳои аз ин бештар эҳтиёҷ дорад.

“Поезд рафт”, тоҷирон мунтазири сабукиҳои дигар буданд

Мақомот ба таври расмӣ ангезаи эълони мораторияро нагуфтаанд. Бидуни шарҳ дар фармони эълони моратория омадааст, ки он то як моҳи наздик ба иҷро медарояд. Соҳибкорон мегӯянд, ба онҳо дар бораи моҳияти моратория чизе нагуфтаанд, вале тахмин мезананд, ки он ба пайомадҳои ҷанги Русия дар Украина рабт дорад

Иқтисоддонҳои тоҷик мегӯянд, дар сурати дуруст татбиқ шуданаш, моратория метавонад соҳибкоронро аз тақрибан 35 дарсад зиёни молӣ эмин дорад. Иқтисоддон Фозилҷон Фатҳуллоев рӯзи 24-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, "моратория агар ду сол пеш эълон карда мешуд, таъсири бештар медошт. Ба гуфтаи русҳо, “поезд рафт”. Соҳибкорон аз ҳисоби тафтишҳои беҳуда зиёни зиёд диданд.”

Фозилҷон Фатҳуллоев
Фозилҷон Фатҳуллоев

Ӯ афзуд, “соҳибкорон мунтазири субсидияҳо ва қарзҳои боимтиёзи бонкӣ буданд, ки дастрас нашуд. Гоҳе бо вуҷуди эълони моратория, бо ҳар роҳу усул, бо истифода аз маълумоти кофӣ надоштани баъзе соҳибкорон, аз онҳо маблағ меситонанд. Вақт нишон медиҳад, ки моратория то куҷо дуруст амалӣ шуда, ҳосили хуб медиҳад.”

Таҷрибаҳои гузашта; идомаи ҷанг ва...

Мақомот дар гузашта низ санҷиши фаъолияти соҳибкоронро дар Тоҷикистон муваққатан манъ карда буданд. Тоҷирон мегӯянд, мораторияҳои гузашта ба вазъи иқтисодӣ таъсири зиёд надоштанд, чун риоят ва назорат намешуданд. Мақомот мегӯянд, ин дафъа назорати мораторияро ба дӯши Додситонии кул гузоштанд.

Пас аз ҳамлаи Русия ба Украина нигаронии муҳоҷирони корӣ аз коҳиши қурби рубли русӣ ва тоҷирону соҳибкорон аз афзоиши арзиши доллари амрикоӣ ва камчинии он дар бонкҳо бештар садо медиҳад. Чунин дигаргуниҳо дар бозорҳои Тоҷикистон нархи маҳсулоти ниёзи аввалияро низ боло бурд.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин, баъзе аз коршиносон мегӯянд, ҳукумати Тоҷикистон дар муқобили буҳроне, ки бар пояи ҷанги Русия дар Украина оғоз ёфта, эҳтимол шиддат мегирад, ҳеч барномаи зиддибуҳронӣ надорад ва таҳияи чунин як барномаеро зарур меҳисобанд. Чунин барномаҳо дар чанде аз кишварҳои пасошӯравӣ роҳандозӣ шудаанд.

Бино бар омори расмӣ, дар як соли охир дар кишвар кори беш аз 20 ҳазор соҳибкор бас шудааст. Як далелаш, ба гуфтаи таҳлилгарон, тафтишҳои беасосу пайдарпайи мақомот аст. Ҳарчанд масъулон бар инанд, ки бо ислоҳи Қонуни андоз ба соҳибкорону сармоягузорон сабукиҳои зиёд додаанд.

XS
SM
MD
LG