Ду шаҳрванди зиндонии Тоҷикистон хостанд, ҳукми Додгоҳи Бодканд бекор шавад

Акс аз бойгонӣ

Ду шаҳрванди зиндонии Тоҷикистон хостаанд, ки қарори Додгоҳи Бодканди Қирғизистон бекор ва онҳо аз ҳабс озод карда шаванд.

Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусов соли 2021 дар Қирғизистон ба гуноҳи "ҷиноят алайҳи сулҳ" ва "ғоратгарӣ" ба муддати дароз зиндонӣ ва моҳи июли соли 2022 барои адои ҷазо ба Тоҷикистон фиристода шуданд. Ҳоло онҳоро дар зиндони ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон нигоҳ медоранд.

Як манбаъ дар Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 12-уми январ ба шарти фош нашудани ном тасдиқ кард, ки "қазияи Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусов баррасӣ мешавад. Онҳо гуфтаанд, гуноҳ надоранд ва бояд раҳо карда шаванд". Ҳамсуҳбати мо аз шарҳи бештари парванда худдорӣ кард.

Наргис Ҷабборова

Наргис Ҷабборова, ҳамсари Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров, рӯзи 12-уми январ гуфт, дар поёни соли 2022 бо шавҳараш вохӯрд ва дар Додгоҳи олии Тоҷикистон бо ҷараёни баррасии парванда низ ошно шуд.

"Дар Додгоҳи олӣ аризаи шавҳарамро нишон доданд. Гуфтанд, бар асоси парвандае, ки Додгоҳи вилояти Бодканди Қирғизистон ҳукми худро баровардааст, баррасӣ мешавад. Мо қаблан парвандаро ба забони тоҷикӣ тарҷима карда будем. Имкон дорад, ба зудӣ натиҷа маълум гардад. Шавҳарам ва ҳамроҳашро бояд афв кунанд," – афзуд Наргис Ҷабборова.

Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусов шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд, аммо то баҳори соли 2021 дар деҳаи Борбодуки вилояти Бодканди Қирғизистон мезистанд. Муҳокимаи онҳо дар Бодканд дар расонаҳои Тоҷикистону Қирғизистон бозтоби зиёде дошт, чун баъд аз муноқишаи хунини соли 2021 дар марзи ду кишвар дастгир шуданд.

Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров

Муфаттишон дар Қирғизистон гуфтанд, дар телефони яке акси якҷояашро бо сарбозони тоҷик ёфтанд. Дигариро ба ғоратгарӣ дар айни ҷанг гунаҳкор донистанд, ҳарчанд хешовандони онҳо мегуфтанд, ки иттиҳомот асос надорад ва муҳокима ҳам дар вилояти Бодканд ноодилона ва бо қонуншиканиҳо сурат гирифтааст.

Дар муноқишаи соли 2021 дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон аз ҳарду тараф 55 нафар кушта ва зиёда аз 200 кас маҷруҳ шуданд. Қирғизистон пас аз муноқиша сарҳадашро пурра ба рӯйи Тоҷикистон баст ва ду кишвар даҳҳо шаҳрванди ҳамдигарро боздошту зиндонӣ карданд.

Бо гузашти се даҳсола аз истиқлоли Тоҷикистону Қирғизистон, аз 987 километр марзи байни ду кишвар тақрибан 664 километри он таъйину нишонагузорӣ шудааст. Боқимонда ҳанӯз бе аломату баҳсбарангез аст ва, аз ин рӯ, байни сокинони ду тараф барои манобеи табиӣ ба мисли об, чарогоҳу замин ва роҳ муноқиша сар мезанад.

Дар як задухӯрди бесобиқа дар моҳи сентябри соли 2022 аз ду тараф даҳҳо кас кушта ва садҳо нафар захмиву бехонаву дар шуданд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бораи беш аз панҷоҳ қурбонӣ гузориш дод. Радиои Озодӣ рӯйхати беш аз 80 куштаро гирд овард. Ҷониби Қирғизистон теъдоди кушташудаҳоро 63 нафар ҳисоб кард. Тоҷикистону Қирғизистон якдигарро ба оғози даргирӣ ва таҷовузи мусаллаҳона гунаҳкор карданд.