Эътирозҳои ошкору ниҳон ба зидди манъи таҳсили духтарон дар донишгоҳҳои Афғонистон бештар мешаванд. Гурӯҳе ба нишони эътироз ба фармони Толибон китобҳои худро зери хок карда, иддае дигар акси ҷангҷӯёну асноди донишгоҳии худро ба оташ кашиданд.
Яке аз духтарони норозӣ гуфт, "баҳси омӯзиш, дониш ва таҳсил дар Афғонистон ба таърих пайваст. Ман тамоми орзуҳоямро ҳамроҳи китобҳоям дафн мекунам."
Баъзе аз духтарон дар зери бурқа бо иҷрои сурудҳои эътирозӣ паём медиҳанд: "Танҳо нагузоред, нагузоред ба майдонаш азизон, Шоҳин, ки парид, аз пайи парвоз зи лона."
Доманаи эътирози донишҷӯён густардатар шудаанд. То ҷое, ки аксҳои раҳбарони Толибонро ҳам ба оташ мекашанд. "Орзуҳоямро ба оташ намекашам, бояд омилонашро ба оташ бикашем," – гуфт яке аз онҳо.
Дар ин миён шуморе аз устодон ва донишҷӯёни мард низ бо занон ҳамовоз шуданд. Яке аз онҳо, Самиуллоҳ Росих, дипломашро оташ зад. Вай гуфт: "Агар баъд аз ин дари мактаб ва донишгоҳҳо ба рӯйи хоҳарони гиромии мо боз нашавад, аз риштаи тадрис дур мешавам ва ба кори дигаре рӯй хоҳам овард."
Устоди дигари донишгоҳ, Исмоил Машъал, санади таҳсилияшро дар барномаи зиндаи телевизионӣ пора кард: “Имрӯз вақте хоҳарам нахонад, модарам дарс нахонад, ман ин дарсро қабул надорам, ман ин аснодро пора мекунам.”
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Писарон ҳам дар баъзе аз минтақаҳои Афғонистон ба ҳамовозӣ бо духтарони донишҷӯ синфхона ва имтиҳонҳоро тарк карданд. Донишҷӯён дар як донишгоҳи Қандаҳор ба ҳимоят аз занон ба хиёбон баромаданд ва аз тарафи нерӯҳои Толибон саркӯб шуданд. Дар Ҳирот барои пароканда кардани занони норозӣ об пошиданд.
Маҳкумияту танқид ва эътирозҳои густарда Толибонро аз роҳ барнагардондааст. Вазири маорифи Толибон дар Афғонистон гуфт, “ҳатто агар моро маҳкум кунанд, бо бомбаи атомӣ ҳамла кунанд, ё ҳатто ҷанги нав эълон кунанд, новобаста аз ин, мо қонунҳои шариати худро иҷро хоҳем кард.”
Гуруҳи тундрави Толибон, ки беш аз як сол боз ҳукуматро дар Афғонистон дар ихтиёр дорад, дарвозаи мактабҳои олиро ба рӯйи занон баст ва ҳаққи онҳоро барои кор дар ниҳодҳои ғайридавлативу байнулмилалӣ гирифт. Тасмиме, ки ба вокунишу маҳкумияти ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ шуд.
Созмони Милал гуфт, дастури Толибон барои Афғонистон пайомади фоҷеабор хоҳад дошт. Чанд созмон аллакай кори худро бас карданд.