Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Афғонистон барои ҳамҷинсгароён хона не, гӯристон аст" ВИДЕО


Кобул, Афғонистон
Кобул, Афғонистон
"Тарси ман аз Толибон бисёр зиёд аст. Замоне ки мо, ҳамҷинсгароён, онҳоро мебинем, албатта, ҳисси нохушоянде рух медиҳад. Хун дар рагҳои мо хушк мешавад. Қалби мо бо тапиши зиёд мувоҷеҳ мегардад."

Ин ҳамсуҳбати 23-солаи бахши афғонистонии Радиои Озодӣ ҳар рӯзашро бо тарсу нигаронӣ мегузаронад. Ӯ мегӯяд, ҳамҷинсгарост ва ба далоили амниятӣ намехоҳад, шахсияташ фош шавад: "Мо дар инҷо нобуд мешавем. Насли мо нобуд мешавад. Мо ҳамҷинсгароён қишри мазлумтарини ҷомеа ҳастем. Аз ҳар тараф болои мо ғаму ташвишу ранҷу бало меояд."

Аз таҳдид то таҷовузу қатл

Ҳарчанд дар Афғонистон зиндагӣ барои ҳамҷинсгароён ҳеч гоҳ осон набуда, аммо ин сокини Кобул гуфтааст, бо ҳокимияти дубораи Толибон дар бештар аз як соли охир шароит сахттар шуда: "Замоне ки Толибон омаданд, чорае ҷуз пинҳон шудан надоштем. Дарс хонда наметавонем. Ҳадафи онҳо маълум аст. Аз дигарбошони ҷинсии Афғонистон нафрат доранд ва онҳоро ба тарзи сахттарин шиканҷа мекунанд ва ҳатто ба қатл мерасонанд."

Аз хушунат ба ҳамҷинсгароён дар Афғонистон гузоришҳои зиёд мерасад. Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, мавридҳои зиёде аз куштор, таҷовузи ҷинсӣ ва хушунати ҷисмӣ бо ин қишри ҷомеаро дар бештар аз як соли гузашта дар Афғонистон сабт кардааст.

Ҳизер Барр, муовини бахши занон дар Дидбони Ҳуқуқи Башар, гуфт: "Албатта, ки ҷомеаи дигарбошони Афғонистон, ҳатто пеш аз баргаштани Толибон ба қудрат, бо табъизу хушунати зиёд рӯбарӯ буд. Бо баргаштани Толибон шароит барои онҳо хеле душвортар шуд. Мо мавридҳои қатл, таҷовузи ҷинсӣ, таҳдиду ҳамлаҳои ҷисмониро ба онҳо сабт кардем. Ин хушунатҳо дар баъзе мавридҳо мустақим аз тарафи аъзои гуруҳи Толибон ва дар ҳолатҳое тавассути шахсоне сурат гирифта, ки бо баргаштани Толибон худро қудратманд ҳис кардаанд."

"Мо дарёфтем, ки Толибон на танҳо барои ҳифозат аз касоне, ки ба хотири гароиши ҷинсии худ ҳадафи ҳамла қарор мегиранд, коре накардаанд, балки чунин ҳамлаҳоро тарғиб карда, дар ҳолатҳое мустақим дар он нақш доштаанд,” – афзудааст ӯ.

"Ҷилави онҳо гирифта хоҳад шуд"

Толибон, ки дар моҳи августи соли 2021 ва пас аз бист сол дубора ба Афғонистон ҳоким шуданд, ҳамҷинсгароиро хилофи арзишҳои исломӣ ва гуноҳе медонанд, ки сазовори ҷазост.

Зебеҳуллоҳ Муҷоҳид
Зебеҳуллоҳ Муҷоҳид

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон, гуфт, "Афғонистон як кишвари исломӣ аст. Дар инҷо ҳамҷинсгароӣ ҷурм аст. Ҷомеаи мо инро намепазирад ва ислом ҳам инро ҷиддан рад мекунад. Биноан, дар ҷомеаи худ чунин афродеро надорем. Агар баъзе афрод пайдо шуда бошанд, табъан, ки хилофи ҷомеа ва арзишҳои динии мост. Ҷилави онҳо гирифта хоҳад шуд."

Дар ҷомеаи амиқан суннатӣ ва исломии Афғонистон табъиз, бадрафторӣ ва хушунат бо ҳамҷинсгароён нав нест. Ба ин қишр аксаран бо диди нафратангез нигоҳ мешавад. Гуруҳе онҳоро бемор мехонанд ва суҳбат дар бораи онҳо дар расонаҳои маҳаллии Афғонистон табуст.

Бахши афғонистонии Радиои Озодӣ дар барномаи “Мусаллас” ба вазъияти зиндагии дигарбошон дар Афғонистону Эрон пардохт. Артимис Акбарӣ, аз иштироккунандаҳои баҳс, ҳоло дар Ҷумҳурии Чех зиндагӣ мекунад ва аз решаҳои табъиз дар баробари дигарбошон дар Афғонистон мегӯяд.

Чанд сабаб

Ӯ афзуд: "Ба назари ман, сабаби аввале, ки боис мешавад хушунатро таҷриба кунад, худи шахс аст. Вақте як фарди дигарбош бо худ ошно мешавад, мутаваҷҷеҳ мешавад, ки бо бақия фарқ дорад. Мутаваҷҷеҳ мешавад, ки зисти ӯ ҷурмнигорӣ шуда ва муҷозоти марг дорад. Аввал аз ҳама саъй мекунад, худро саркӯб кунад, гароиши ҷинсии худро тағйир бидиҳад, сипас зиндагии дугонаро дар пеш мегирад, ки боис мешавад бештар азоб бикашад. Дувум, хушунатеро, ки таҷриба мекунад, аз тарафи хонавода аст. Сеюм, хушунат аз сӯи ҷомеа аст. Дар мактабу донишгоҳ ва дар кӯчау бозор таҳдид ва таҳқир мешаванд ва ҳатто ба қатл мерасанд. Сабаби баъдӣ ҳукумат аст."

Шумори афроди дигарбош дар Афғонистон мушаххас нест, зеро гароиши ҷинсии онҳо дар қонунҳо зикр нашуда ва эҳсоия (омор) аз онҳо гирифта нашудааст.

Аммо ҳадди ақал як созмони байнулмилалии дифоъ аз ҳуқуқи ҳамҷинсгароён мегӯяд, бо ҳоким шудани дубораи Толибон дусад дигарбоши афғон аз ин созмон тақозо кардаанд, ки онҳоро аз Афғонистон берун кунад, зеро зиндагияшон дар хатар аст.

Дар гузориши созмон омадааст: “Замоне ки Толибон Кобулро тасарруф карданд, 200 нафар дар феҳристи мо дохил шуданд, ки ба кумак ниёз доштанд. Дар ҳамкорӣ бо дигар созмонҳо тавонистем, то ҳол 22 нафари онҳоро ба Канада интиқол диҳем. Ҳашт нафари дигарро ба Аврупо фиристодем. Шумори зиёде дигар ҳанӯз дар интизоранд.”

Дар Афғонистон, кишваре бо беш аз 35 миллион аҳолӣ, теъдоди бешумори ҳамҷинсгароён ҳастанд, ки гароиши ҷинсии онҳо ҳатто аз наздиктарин азизонашон пинҳон аст.

Теъдоди андаке аз онҳо мисли ин шахс ҷуръат мекунанд, то дар бораи гароиши ҷинсӣ ва ҳувияти ҷинсиятии худ гап бизананд, зеро фош шудани ин роз мумкин аст ба нархи ҷонашон тамом шавад. “Афғонистон ҷойе нест, ки хонаи амн барои ҳамҷинсгароҳо бошад. Инҷо барои онҳо фақат як гӯристон мешавад,” – хулоса кардааст ҳамсуҳбати бахши афғонистонии Радиои Озодӣ.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG