Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бандӣ дар хона. Зиндагии занон дар аҳди Толибон. ВИДЕО


Дар баъзе манотиқи Афғонистон занон ҳақ надоранд, бе ҳамроҳии марде аз хона берун оянд.
Дар баъзе манотиқи Афғонистон занон ҳақ надоранд, бе ҳамроҳии марде аз хона берун оянд.

Пас аз омадани Толибон ба қудрат дар Афғонистон дар соли 2021 ва берун рафтани нерӯҳои амрикоӣ аз Кобул, зиндагии занону духтарони афғон ба куллӣ тағйир ёфт. Толибон дари мактабҳоро ба рӯйи духтарони синфҳои болоӣ бастанд ва занонро аз ҳаққи кору озодиҳои дигар маҳрум карданд.

Орзу Саодат, масъули созмони “Занон барои занон”, мегӯяд, “ба занон гуфта шудааст, наметавонанд, ба кор баргарданд, ё бе ҳамроҳии мардон ба берун бароянд. Барои духтарони аз 12-сола боло рафтан ба мактаб манъ аст. Онҳо танҳо ба занону духтароне, ки дар донишгоҳ мехонанд, иҷозаи таҳсил доданд, вале бояд бурқаи сиёҳ пӯшанд. Синфҳои духтарон ва писаронро дар донишгоҳ аз ҳам ҷудо карданд.”

Бандӣ дар хона. Зиндагии занони афғон пас аз омадани Толибон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:07 0:00

Зиндагии аксар занони афғон ҳоло бо кори хона маҳдуд шудааст. Ба берун танҳо барои харидани хӯрокворӣ ва ё аёдати хешовандон мераванд. Дар созмони ҷаҳонии "Занон барои занон” дар Афғонистон гурӯҳе аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷамъ омадаанд. Ҳадафи онҳо кумак ва ҳифзи ҳуқуқи занону духтарони афғон аст.

Ин созмон дар охири моҳи январ дубора марказҳои омӯзишии худро дар кишвар боз кард. Дар созмон ба занон дарсҳои иқтисодӣ ва тиҷорат дар хонаро меомӯзанд. Масъулини гурӯҳ мегӯянд, интиқоли пули нақд ба ширкатдорони барнома дубора оғоз шудааст

Орзу Саодат гуфт, “дар охири моҳ ба онҳо 10 доллар стипендия медиҳем. Ин маблағро мо бо пули афғонӣ медиҳем, ки ба 1000 афғонӣ баробар аст. Бо ин роҳ мо ба иштирокчиёни барнома ёрӣ мекунем.”

Ӯ умед дорад, ба зудӣ маҳдудиятҳо дар зиндагии занону духтарон аз байн бурда мешаванд ва онҳо ба кору таҳсил бармегарданд.

XS
SM
MD
LG