ҚАЗОҚИСТОН. "ҲАМЛАГАРОН" АЗ КУҶО БУДАНД?
Соли 2022 дар Қазоқистон бо эътирози мардум оғоз шуд. Сабаби асосӣ болоравии нархи гази моеъ дар ғарби ин кишвар буд ва зуд ба вилоятҳои дигари Қазоқистон сироят кард.
Намоишҳои эътирозӣ аз 2 то 7-уми январ идома карда, бо хунрезӣ ба поён расиданд. Дар кишвар вазъи фавқулода ҷорӣ шуд ва раисҷумҳури Қазоқистон ба нерӯҳои амниятӣ амр дод, ки бе огоҳӣ паронанд. Тибқи иттилои расмӣ, камаш 238 нафар кушта ва чанд ҳазор нафар захмӣ шудаанд.
Дар авҷи ҳодисаҳои январӣ президент Қосимҷомарт Тоқаев ба курсии раиси Шӯрои амният нишаст. Дар ҳоле ки пештар Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури собиқи Қазоқистон, пас аз тарки курсии раёсати ҷумҳурӣ мақоми раиси доимии Шӯрои Амниятро соҳиб шуда буд.
Чандин мансабдори баландпоя аз вазифа барканор ва ҳукумат ба истеъфо фиристода шуд. Раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон Карим Масимовро ба гумони кӯшиши "ғасби қудрат" ва "хиёнат ба давлат" боздошт карданд. Бори аввал нерӯҳои Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ, ки зери назорати Русия аст, ба Қазоқистон, кишвари узви созмон, даромаданд.
Раисҷумҳури Қазоқистон дар паёме изҳор дошт, ки "танҳо ба Алмаато 20 ҳазор нафар ҳамла кард". Баъдан дар мусоҳиба бо шабакаи давлатӣ ин ҳодисаро "амалиёти террористии аз қабл тарҳрезишуда" номид. Ба қавли ӯ, пас аз гирдиҳамоии осоишта майдонро роҳзанону ғоратгарон ба даст гирфтанд. "Фурудгоҳи Алмато барои он гирифта шуд, ки ҷангҷӯён аз як шаҳри Осиёи Марказӣ, ки зери ниқоби коргарон парвоз мекарданд, озодона вориди шаҳр шаванд," – гуфт Тоқаев дар мусоҳиба. Вай аз ҳеч кишвар ном нагирифт, вале афзуд, ҷангҷӯён гуё "ғайб заданд".
Мақомот танҳо дар моҳи август феҳрасти расмии кушташудагони ҳодисаҳои январро нашр карданд. Боздоштшудагон гуфтанд, ки шиканҷа шуданд ва дастикам шаш нафар аз зарбу лат ҷон додаанд.
Мақомоти Қазоқистон ба таҳқиқи байнулмилалии ҳодиса розӣ нашуданд. Натиҷаҳои тафтишоти дохилӣ то ҳол эълом нашудааст. Дар остонаи интихоботи президентӣ мақомоти Қазоқистон гуфтанд, афродеро ки ҷиноятҳои "сахт" содир накардаанд, бахшиданд. Созмони байнулмилали Human Rights Watch (HRW) изҳор дошт, ки “мақомоти Қазоқистон то ҳол дар мавриди талафоти ҷонӣ ва дигар нақзи ҷиддии ҳуқуқи башар дар ҷараёни ҳаводиси январ таҳқиқоти муассир анҷом надоданд”.
Пас аз фоҷеа мақомоти Қазоқистон як силсила ислоҳот эълон карданд, вале дар асл ҳама чиз, аз ҷумла тарзи раҳбарии кишвар бетағйир монд. Қосимҷомарт Тоқаев дар моҳи июн барои ислоҳи Конститутсия ройпурсӣ гузаронд. Дар моҳи ноябр интихоботи пеш аз муҳлат баргузор шуд ва Тоқаев ба рақибони сохтааш пирӯз шуду барои ҳафт соли оянда зимоми давлатдориро ба даст гирифт.
УЗБЕКИСТОН. ҚАРОҚАЛПОҚИСТОНИ “МУХТОР” Ё ТОБЕЪ?
Мақомоти Узбекистон ният доштанд, дар соли 2022 Қонуни асосии ин кишварро тағйир диҳанд. Хабар дода шуд, ки овоздиҳӣ 8-уми декабр ва дар Рӯзи Конститутсия мегузарад. Коршиносон бовар доштанд, тағйирот пеш аз ҳама ба тамдиди ваколатҳои раисиҷумҳури ҳозира Шавкат Мирзиёев пайванд дорад. Тибқи қонун, президент дар Узбекистон метавонад, ба ду давраи панҷсолӣ интихоб шавад. Шавкат Мирзиёев соли 2021 ба даври дувуми раёсаташ оғоз кард.
Сарфи назар аз маҳдудиятҳои муҳлати ваколат, Ислом Каримов, раисҷумҳури нахустини Узбекистон, аз соли 1991 то 2016, яъне то лаҳзаи марг, кишварро раҳбарӣ кард. Ба назар мерасад, Мирзиёев, ба фарқ аз Каримов, талош дорад, қонунгузориро бознигарӣ карда, монданашро дар қудрат либоси қонунӣ пӯшонад.
Дар сурати пазируфта шудани тағйироте, ки Тошканд пешниҳод кардааст, Мирзиёев имкон дорад, то соли 2040 дар курсии раисиҷумҳур бимонад.
Моҳи июл тарҳи ислоҳот ба Конститутсия дастраси умум гардид. Дар таҳрири нави Қонуни асосии Узбекистон пешниҳод шудааст, ки мақоми ҷумҳурии "мухтор"-и Қарақалпоқистон бардошта шавад. Сокинони Қарақалпоқистон мухолифат карданд. Эътироз ба ошӯб табдил ёфт.
Мақомоти Узбекистон тазоҳуроти оммавиро дар Нуқус, маркази Қароқалпоқистон ва шаҳрҳои дигар бо зӯр пахш карданд. Тибқи иттилои расмӣ, дар ҷараёни эътирозҳо 18 нафар кушта ва 516 кас маҷруҳ шудаанд. Созмони байнулмилалии HRW истифодаи нерӯро маҳкум кард ва хоҳони таҳқиқи мустақилонаи ҳодиса шуд.
Баъд аз он президент Мирзиёев изҳор дошт, ки бандҳои вобаста ба мақоми Қарқалпоқистон дар Конститутсия бетағйир хоҳанд монд. Замони баргузории ройпурсӣ ҳам ба таъхир уфтод. Интизор меравад, овоздиҳӣ баҳори соли 2023 баргузор шавад.
ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН. ХУНРЕЗӢ ДАР МАРЗ
Мақомоти Узбекистон ба мисли ҳамтоёни қазоқистонии худ дар мушкилоти дохилӣ "душмани берунӣ"-ро гунаҳкор донистанд.
Мақомоти Тоҷикистон эътирози сокинонро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҳамин шева пахш карданд. Додситонии кул, гуфт, дар ҷараёни амалиёти моҳи май дар ноҳияи Рӯшону шаҳри Хоруғ 29 кас кушта шуд. Радиои Озодӣ номи 34 касро гирд овард. Мақомот онҳоро узви гуруҳҳои ҷиноӣ номиданд, ки барои ташаннуҷи вазъ аз берун дастур гирифтаанд. Сокинон гуфтанд, онҳо ба ҳимоят аз ҳаққи худу хонавода ба кӯчаҳо баромаданд, чун моҳҳои охир зери фишори сахт монда буданд.
Соли 2022 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дигарбора муноқиша сар зад. Муноқишаи хунбор рӯзҳои 14-17-уми сентябр гузашт. Ду тараф якдигарро ба таҷовузи мусаллаҳона, истифодаи техникаҳои вазнини ҳарбӣ ва кӯшиши ғасби қаламрав муттаҳам карданд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, дар ин ҳодиса беш аз панҷоҳ ғайринизомӣ кушта ва тақрибан 200 кас маҷруҳ шуданд. Радиои Озодӣ номи 83 кушташударо дар марз бо Қирғизистон гирд овард. Тибқи иттилои расмӣ, аз ҷониби Қирғизистон 63 кас ба ҳалокат расида, беш аз 200 кас захмӣ шудаанд.
Дар Қирғизистон созишнома дар бораи додани як қисми замини назди обанбори «Кампиробод» ба Узбекистон ва идораи муштараки обанбор дар соли 2022 баҳсҳоро ба бор овард. Моҳи октябр дар Бишкек тақрибан 30 сиёсатмадор ва фаъоли маданӣ боздошт шуданд. Онҳоро ба "кӯшиш ба ташкили бетартибиҳои оммавӣ" муттаҳам карданд. Баъзе аз боздоштшудаҳо ба нишони эътироз аз амалкарди мақомот гуруснанишинӣ карданд.
ТУРКМАНИСТОН. ТАҶРИБАИ ИНТИҚОЛИ ҚУДРАТ
Соли 2022 Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов аз қудрат канор рафт ва дар як интихоботи сохта писараш Сардор Бердимуҳаммадовро ба раёсати ҷумҳурӣ расонд. Қаблан чунин сенария дар фазои пасошӯравӣ дар Озарбойҷон амалӣ шуда буд. Дар онҷо курсии президентӣ аз Ҳайдар Алиев ба Илҳом Алиев гузашт.
Сардор Бердимуҳаммадови 40-сола ҷавонтарин раиси ҷумҳури Осиёи Марказӣ шуд.
Қазоқистон, Узбекистон ва Тоҷикистон аксар вақт ҳамчун кишварҳое номбар мешуданд ва мешаванд, ки қудрат аз падар ба фарзандон мегузарад. Гулнора Каримова, духтари Ислом Каримов, президенти пешини Узбекистон ва Дариға Назарбоева, духтари Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури собиқи Қазоқистон, вориси эҳтимолии падар тахмин зада мешуданд.
Гулнора Каримова дар замони зинда будани падараш нуфузи моливу сиёсии худро аз даст дод ва ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд; Назарбоева пас аз ҳодисаҳои моҳи январ ба порлумон барнагашт, ваколатҳои вакилии худро канор гузошт кард ва аз саҳнаи сиёсат «ғайб» зад.
Рустами Эмомалӣ, писари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси Миллист ва амалан шахси дувум дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Соли 2019, вақте Нурсултон Назарбоев истеъфои худро эълон кард, духтари калониаш раиси Сенати Қазоқистон буд, аммо каме бештар аз як сол дар ин мақом намонд.
БО(БЕ) РУСИЯ. НИШАСТҲОИ БА ҲАМ ЗИД
2022 соли баргузории нишастҳои байнулмилалӣ ва минтақаӣ дар Осиёи Марказӣ гардид. Дар Остона мулоқоти сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар формати «Русия ва Осиёи Марказӣ» баргузор шуд.
Дар Самарқанд нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ва сипас нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Кишварҳои Туркӣ баргузор шуд. Дар Чолпон-Ота нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дар Бишкек нишасти Шӯрои олии иқтисодии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё гузашт. Ишқобод мизбони нишасти шашуми сарони кишварҳои ҳавзаи Хазар буд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар нишасти машваратии раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Чолпон-Ота, Тоҷикистон ва Туркманистон Паймони дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкориро имзо накарданд. Дар ин нишастҳо ихтилофи байни аъзои созмон зиёд шуд.
Пас аз таҷовузи Русия ба Украина дар моҳи феврали соли 2022 ва ҷорӣ кардани таҳримҳои байнулмилалӣ алайҳи он, кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки бо Маскав равобити наздик доранд, дар як вазъи сангине қарор гирифтанд.
Пас аз эълони сафарбарӣ дар Русия ба ҷанги Украина, садҳо ҳазор рус ба ҷуз аз Туркманистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ шитофтанд. Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, аз ҳама бештар дар ин сол аз кишварҳои Осиёи Марказӣ боздид кард.