Ба гузориши "Садои Амрико", мақомоти Иёлоти Муттаҳида гуфтаанд, ки гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ намояндагони миллатҳои гуногунро ба сафи худ дар Афғонистон ҷамъ мекунад ва ин таҳдиде ба амнияти кишварҳои ҳамсоя аст. Онҳо хостаанд, Толибон барои аз байн бурдани хатар кӯшиши бештар кунанд.
Дар ҳоле ки Толибон мегӯянд, сулҳро дар Афғонистон барқарор кардаанд, шохаи "Хуросон"-и ДОИШ тайи як соли охир дар чанд шаҳри ин кишвар як силсила ҳамлаҳои пурсарусадои террористӣ анҷом дод.
Ин гуруҳ иддао кард, ки ҷангҷӯёнаш рӯзи 12-уми декабри имсол ба як меҳмонхона дар Кобул ҳамла карда, чанд нафарро куштанду чанд каси дигар, аз ҷумла панҷ шаҳрванди Чинро захмӣ карданд. Толибон мегӯянд, се ҳамлавар кушта шуд.
Қаблан мақомоти амрикоӣ гуфта буданд, ки аксар ҷангҷӯёни ДОИШ дар Афғонистон аз минтақаҳои ноороми байни ин кишвар бо Покистон ҳастанд ва бисёре аз онҳо бо Толибон пайвандӣ доранд. Аммо баъди ба қудрат расидани Толибон дар соли гузашта ин нигаронӣ афзудааст, ки баъзе аз низомиёну нерӯҳои пешини амниятӣ барои муқобила бо ҳокимони нав ба тарафи ДОИШ “мегузаранд”.
“Садои Амрико” рӯзи 15-уми декабр навишт, дар баъзе аз ҳамлаҳои охири шохаи “Хуросон” дар Афғонистон, аз ҷумла рӯзи душанбе ба меҳмонхонаи чиниҳо ва дар моҳи июн ба маъбади сикҳо, эҳтимол ҷангҷӯён аз кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок кардаанд.
Сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷӣ ё Департаменти давлатии Амрико ҳафтаи равон ба “Садои Амрико” гуфтааст, "ДОИШ дар Афғонистон шабакаи чандмиллатии террористӣ мемонад.”
Грэм Смит, мушовири аршади Гурӯҳи Байнулмилалии Буҳронҳо, ба “Садои Амрико” гуфтааст, аксар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ дарк мекунанд, ки боди ситезаҷӯйӣ аз Афғонистон мевазад. Дар аввали имсол аз Афғонистон ба тарафи Тоҷикистону Узбекистон чанд мушак сар доданд. Ба навиштаи “Садои Амрико”, ин кӯшиши ҷангҷӯёни шохаи “Хуросон” барои барангехтани низоъҳои минтақаӣ будааст.
Мақомоти Тоҷикистон моҳи майи имсол гуфтанд, “чанд тир тасодуфан расид”. Дар изҳороти расмии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ гуфта шуд, ки нерӯҳои марзбонӣ “ба ҳолати омодабошии пурраи ҷангӣ гузаронида шудаанд.”
Смит гуфтааст: “Маълум аст, ки дар масоили амниятӣ ҳамкории бештари минтақаӣ зарур аст, бахусус, дар сарҳадҳои назораташ душвор бо Афғонистон.”
Дар миёни шаш кишвари ҳамсояи Афғонистон, Тоҷикистон бо режими Толибон сари ёрӣ надорад. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ин ҳафта дар Покистон бори дигар хоҳони таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон шуд. Ӯ дар рӯзҳои аввали ба қудрат расидани Толибон низ гуфта буд, ки дар ҳукумати ҳамашумул тоҷикон бояд ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.
Сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, “Тоҷикистон воқеан аз ҳаракати террористон ва таҳдидҳои террористӣ аз тарафи Афғонистон нигарон аст ва барои рафъи ин хатар чораҳои муҳиме меандешад.”
Иёлоти Муттаҳида дар баробари даъваташ аз Толибон барои аз байн бурдани гурӯҳҳои террористӣ дар дохили Афғонистон, барои тақвияти марз ҳамкориҳои амниятиро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ идома додааст.
“Мо бо шарикони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, солҳои дароз барои амнияти сарҳад ва тавонмандии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои пешгирӣ аз ҳаракати террористон ҳамкорӣ кардем. Ин ҳамкориҳо аз омӯзиш, мадад, роҳнамоӣ ва таҷҳизот барои мубориза бо фаъолияти террористӣ ва коҳиши ҷиноятҳои фаромиллӣ иборат аст," – хулоса кардааст сухангӯи Департамент.
Шохаи “Хуросон”-и ДОИШ бори аввал дар шарқи Афғонистон ва дар моҳи январи соли 2015 пайдо шуд. Амрико ва ҳукумати пешини Афғонистон дар охири соли 2019 эълон карданд, ки гурӯҳ қариб аз байн рафт, зеро садҳо ҷангҷӯяшро дар амалиёти зиддитеррористӣ куштанд.
Гуфтугӯ