Як соҳибкор дар шаҳри Кӯлоб, ки маъмурони интизомӣ, аз ҷумла додситонҳоро барои тафтиши ноҷо ва фишори зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ танқид мекард, ба бастани дӯконаш водор шудааст. Рустам Одинаев мегӯяд, ӯро шаш ҳазор сомонӣ, муодили тақрибан 600 доллар, ҷарима бастанд. Намояндаи Додситонӣ соҳибкорро ба фурӯхтани маҳсулоти муҳлаташ гузашта муттаҳам кард.
"Ҷаноби олӣ чанд бор дар паёмаш таъкид кард, ки дастгирӣ кунед. Зарар нарасонед. Ин аст зарар. Аз пушти ҳамин кор ман соҳибкориро бас кардам. Кори ман то 31-уми декабр аст," – нақл кард ӯ рӯзи 27-уми декабр.
Моҳе пеш дӯкони Рустам Одинаев пур аз маҳсулоти хӯрокворӣ буд. Ҳоло маҳсулотро дубора ба ширкатҳое бармегардонад, ки барои фурӯш дода буданд. "Пас аз Соли нав намедонем, чӣ кор кунем. Ҷойи кор нест. Намемонанд, ки худамон корро сар кунем, ба давлат андоз супорем, пешравӣ кунем," – гила кард соҳибкор.
Рустам Одинаев дар шикасти тиҷораташ намояндаи Додситонии шаҳри Кӯлобро гунаҳкор медонад. Ба иддаои ӯ, додситон барои як иштибоҳи, ба бовараш, хурд бе огоҳӣ парванда кушод.
Намояндаи Додситонии шаҳри Кӯлоб Зариф Исмоилӣ иддаои Одинаевро рад кард. Вай гуфт, аз дӯкони соҳибкор маҳсулоти муҳлаташ гузаштаро ёфтанд: "Аз натиҷаи санҷиш бармеояд, ки маҳсулот ба саломатии инсон хатарзо буд. Муҳлаташ гузаштааст, мардум хӯранд, зарар мебинад."
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мағозаи Рустам Одинаев дар маҳаллаи Борбади шаҳри Кӯлоб аст. Ӯро як бори дигар барои фурӯши маҳсулоти куҳна танбеҳ дода буданд.
Одинаев мегӯяд, бо тафтишу танбеҳ мухолиф нест, вале аз онки парванда боз мекунанду доғи судӣ мегузоранд, норозӣ аст. "Нисбати соҳибкорон ин хел беинсофӣ накунанд. Ҷарима кардӣ, чаро доғи судӣ мегузорӣ? Фардо фарзандони инҳо дар куҷо кор мекунанд? Инро бояд фикр кунанд," – афзуд ӯ.
Ин соҳибкор мегӯяд, акнун аз коре маҳрум шуд, ки ҳар моҳ ба давлат 1000 сомонӣ молиёт медод ва зиндагии худу пайвандонашро мечархонд.
Дар Тоҷикистон соҳибкорӣ аз бахшҳои асосӣ дар рушди иқтисоди кишвар ва таъмини буҷаи давлат гуфта мешавад, вале мушкилу монеаҳое ба мисли тафтишҳои зиёду гаронии андозҳо борҳо мавриди нигаронии онҳо шудааст. То баҳори имсол дар кишвар 338 ҳазор субъекти соҳибкорӣ сабти ном шуда, дар як сол ҳазорҳо соҳибкор кори худро бас кардаанд.