Даъвои нашриёти "Condé Nast" ба зидди хонаи муди "Фирдавс", ки бунёдгузораш духтари президенти Чеченистон ва вазири фарҳанги ин кишвар Оиша Қодирова аст, бори дигар таваҷҷуҳро ба тиҷорати ин мансабдори 23-сола ҷалб кард.
Бино ба навиштаи "Кавказ.Реалии" (тарҳи бахши Радиои Озодӣ дар Қафқози Шимолӣ) ширкати марбут ба ӯ дар давоми ду соли охир фоидаи чандмиллиондолларие ба даст овардааст, дар ҳоле ки масъалаи талаботи воқеӣ ба ин бренд ва шаффофияти муҳосиботии он норӯшан мемонад.
"Condé Nast", ки баъди оғози ҳамла ба Украина, Русияро тарк кард, дар миёнаҳои моҳи августи имсол ба Додгоҳи ҳакамии шаҳри Маскав шикоят бурд ва аз ширкати Оиша Қодирова талаб кард, 814 ҳазор рубл қарз ва 893 ҳазор рубл ҷарима пардозад. Бино ба санадҳои додгоҳӣ, ин баҳс аз моҳи июли соли 2019 идома дорад.
Гурӯҳи расонаҳои "Condé Nast" аз соли 1998 дар бозори Русия кор мекард. Он то замони қатъи фаъолияташ дар Русия маҷаллаҳои "Vogue", "GQ", "GQ Style", "Tatler", "AD", "Glamour" ва "Glamour Style Book"-ро ба нашр мерасонд.
Додгоҳ ба баррасии ин парванда напардохт ва "Condé Nast" ҳам бо сабабҳои номаълум шикояти худро пас гирифт. Яке аз фарзияҳои эҳтимолӣ ин аст, ки ширкати "Фирдавс" баъди сарусадои зиёд дар расонаҳо маблағро додааст.
Туҳфаи "яхбаста"
Хонаи муди духтари президенти Чеченистон моҳи апрели соли 2011 "Фирдавс" номгузорӣ шуд. Ин ширкат расман ба истеҳсоли либос, атр, маводи ороишӣ, савдои чаканаи ҷавоҳироту соат ва таҳсилоти иловагии касбӣ машғул буда, чандин кошонаи ҳусн ва сартарошхона низ дорад.
Худи бренд каме пештар, дар соли 2009, замоне ки Оиша Қодирова ҳамагӣ 10 сол дошт, таъсис ёфта буд. Муассиси ширкати "Фирдавс" дар солҳои 2015-2018 ҳамсари раисҷумҳури Чеченистон Медни Қодирова гуфта мешуд.
Оиша баъди расидан ба синни 17 ҷойи модарашро гирифт. Шояд ин тӯҳфа ба зодрӯзи ӯ буд. Духтари калонии Қодиров дар соли 2016 ҳамзамон нахустин маҷмӯи либоси исломиро ба фурӯш баровард ва як сол баъд нахустин намоиши ӯ дар боғи Зарядйе, дар назди деворҳои Кремл дар шаҳри Маскав баргузор шуд.
Ҳисоботи молиявии "Фирдавс" нишон медиҳанд, ки ширкат чанд сол дар ҳолати "яхбастагӣ" қарор дошта, эҳтимол "мунтазири ба синни балоғат расидани Қодироваи хурдӣ" буд. Зоҳиран ҳамсари Қодирова ба тиҷорати мӯд таваҷҷуҳ надошт.
Фаъолияти молии ширкат дар давраи раҳбарии Меднӣ Қодирова чандон зиёд набуд ва баъди омадани Қодироваи хурдӣ дар соли 2017 даромади он қариб ба 1,5 миллион рубл расид. Ин рақам соли 2018 ба 46 миллион, сипас ба 64 миллион ва дар охирҳои соли гузашта ба 75 миллион рубл афзоиш ёфт. Аз ин миён 26 миллион рубл фоидаи холис мебошад.
Тиматӣ, Бузова ва…
Хонаи мӯди начандони маъруфи "Фирдавс" баъди омадани Оиша Қодирова соҳиби фурӯшгоҳе дар маркази шаҳри Маскав, дар галереяи маъруфи "Гименей" дар "Болшая Якиманка" шуд.
Рэпер Тиматӣ, продюсери генералӣ Тина Канделакӣ, барандаи телевизион ва сароянда Олга Бузова, тарроҳ Игор Гуляев, сароянда Согдиана, мудири кулли нашриёти "Импресс-Медиа" Аннетс Рудман ва дигарон меҳмони намоишгоҳи ин фурӯшгоҳ шуданд, ки дар миёни фурӯшгоҳҳои маъруфи "Mercury" ва "Brioni" ҷойгир аст.
Вакили Думаи давлатии Русия аз Чеченистон Одам Делимхонов, яке аз афроди наздик ва боэътимоди Рамзан Қодиров маҳсуб мешавад, боз шудани фурӯшгоҳи "Фирдавс"-ро барои тамоми чеченистониҳо рӯйдоди муҳим номид.
Нашрияи русии "Коммерсант" дар гузориши худ аз маросими ифтитоҳи фурӯшгоҳ навишт, ки "бештари коршиносон ва намояндагони ҳунари мӯд бо узрхоҳӣ аз шарҳи боз шудани "Фирдавс" худдорӣ карданд. Баъзе аз онҳо қайд карданд, ки арзёбии маҷмӯи хонаи мӯди "Фирдавс" аз лиҳози услуб ва мӯди баланд душвор аст".
Намоиши либосҳои мӯд аз Чеченистон як сол баъд дар шаҳри Порис баргузор шуд, аммо дар пойтахти Фаронса ба ин намоиш муносибати хунукназарона карданд ва ба хабарнигорони мустақил иҷозат дода нашуд, ки вориди намоишгоҳ шаванд. Расонаҳои маҳаллӣ баргузории намоишгоҳи Оиша Қодироваро ҳамчун нодида гирифтани нақзи ҳуқуқи инсон дар Чеченистон аз ҷониби Аврупо арзёбӣ карданд. Ҳамин тариқ, он намоишгоҳ нахустин ва охирин кӯшиши духтари Қодиров барои муаррифии худ дар олами Ғарб буд.
Лавозимоти шаҳвонӣ
Би-би-сӣ охирҳои соли 2017 таҳқиқотеро нашр кард, ки дар он гуфта мешавад, Оиша Қодирова гуё дар маркази шаҳри Грозний як фурӯшгоҳи лавозимоти шаҳвонӣ ва либосҳои "Lady A"-ро боз кардааст. Ин фурӯшгоҳ дар паҳлӯи мағозаҳои дигари духтари калонии президенти Чеченистон ҷойгир аст.
Расона дар ин бора ба навиштаи чандин блогер дар бораи бозшавии фурӯшгоҳ истинод кардааст (ҳоло ин навиштаҳо ҳазф шудаанд, аммо муҳаррирони Би-би-сӣ скриншотҳои худро ҳифз намудаанд). Тақрибан 20 ҳазор кас ба саҳифаи пӯшидаи фурӯшгоҳ дар шабакаи иҷтимоии "Instagram" сабти ном шудаанд. Дар ин саҳифа ба обуначиён на танҳо либосҳои нимбараҳна, балки косметика ва лавозимоти шаҳвонӣ пешниҳод карда шуданд. Намояндагони хонаи мӯди "Фирдавс" аз шарҳи ин хабар худдорӣ карданд.
"Ин дурӯғи зишт ва ифлос аст! Мехоҳам ба онҳое ҳушдор диҳам, ки бо чунин туҳмат ба сарвари мо Рамзан Қодиров ва хонаводаи ӯ соя меафкананд. Шумо барои ҳар як суханатон қатъан ҷавоб хоҳед дод!”, - гуфта буд вазири сиёсати миллӣ, равобити хориҷӣ, матбуот ва иттилооти Чеченистон Ҷамбулат Умаров дар суҳбат бо РБК. Аммо ин таҳқиқот аз сомонаи Би-би-сӣ ҳазф нашуд ва расонаҳое ҳам, ки дар ин бора навишта буданд, раддия чоп накарданд.
Бояд гуфт, дар ҳоли ҳозир ягон далели ҳуҷҷатӣ вуҷуд надорад, ки рабт доштани фурӯшгоҳи лавозимоти шаҳвониро ба Оиша Қодирова исбот кунад. Рӯзноманигори “Open Media” тавассути Интернет чандин лавозимоти шаҳвониро харид, аммо баъди дархости расиди харид огаҳ шуд, ки он "беэътибор аст", зеро дар расид маълумот дар бораи молики фурӯшгоҳ оварда нашудааст.
Фурӯшгоҳро ҳунармандони мардумии Чеченистон Хеда Газиева ва Тамара Дадашева низ таблиғ карданд. Дертар ба маъракаи таблиғи он блогерони «федеролӣ» низ пайвастанд. Муҷрии телевизион, иштирокчии барномаи «Дом-2» Алена Водонаева ва ҳамтояш Алена Вражевская моҳи январи соли 2018 «Lady А»-ро дар шабакаи иҷтимоии «Инстаграм» пеш мебурданд ва дар тамосҳо тӯҳфаҳои зодрӯзии духтари Қодиров низ намоиш дода мешуданд, ки нишони «Lady A”-ро доштанд.
Хабарнигорони тарҳи “Кавказ.Реалии” дар моҳи августи имсол натавонистанд саҳифаи «Lady А»-ро дар «Инстаграм» пайдо кунанд.
Гап дигару кор – дигар
Даря Ҳейкинен, раҳбари ҳаракати ҷамъиятии “Маяк”, ки моҳи феврали имсол барои истеъфои президенти Чеченистон имзо ҷамъ меовард, дар суҳбат ба хабарнигори “Кавказ.Реалии” гуфт, суханҳои Қодиров ва атрофиёни ӯ тақрибан бо рафторашон мухолифанд ва вазъи тиҷорати Оиша низ истисно нест.
“Вақте духтари Қодиров пинҳонӣ соҳиби як фурӯшгоҳи шаҳвонӣ аст, дар ҳоле ки мансабдорони маҳаллӣ ба таври намоишкорона зидди “бадахлоқӣ” мубориза мебаранд, ин барои Чеченистони путинӣ-рамзанӣ як чизи маъмулӣ аст. Соҳибкорбону Оиша низ барои пинҳон мондани ин тиҷорат ҳамчун “духтари воқеии падараш” аз нақзи қонунҳо рӯй намегардонад. Беэътибории расидҳо низ аз ҳамин ҷост,” - изҳор дошт фаъоли маданӣ.
Надодани расид мушкили ягонаи тиҷорати Оиша Қодирова нест. Ибтидои имсол маълум шуд, ки зидди хонаи мӯди “Фирдавс” барои напардохтани андоз санад тартиб дода шудааст. Ин маълумот дар пойгоҳи “Контур. Фокус” ҳам дарҷ гашт. Албатта, сухан дар бораи маблағи калон намеравад, вале ба ҳар сурат, ба кормандони андоз имкон дод, ки ҳисобҳои ширкатро банданд. Саҳифаи фурӯшгоҳ дар “Инстаграм”он замон хабар дод, ки фаъолиятро бо сабабҳои фаннӣ қатъ мекунад.
Саҳифаи “Фирдавс” баъди созмони “экстремистӣ” эълон шудани шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар паёмакрасони Телеграм пайдо шуд, ки дар он пайваста либосҳои мардона ва занона таблиғ мешаванд. Нархи ҳар як либос беш аз 10 ҳазор рубли русӣ аст. Барои намуна, як куртаи мардона 18 ҳазор ва як шим 14,5 ҳазор рубл арзиш дорад. Куртаи занонаи дӯхташуда 35 ҳазор ва як рӯймоли абрешимӣ бо ороиши миллии чеченӣ 25 ҳазор рубл пешниҳод мешавад.
Оиша Қодирова моҳи сентябри соли 2020 нахуст муовини аввали вазири фарҳанги Чеченистон ва дертар вазири фарҳанг таъйин шуд. Даромади ӯ дар соли 2021 ба беш аз 50 дарсад, яъне аз 845 ҳазор то ба 44 миллион рубли русӣ афзоиш ёфт.
Иля Шуманов, мудири кулли бахши русиягии “Transparency International” дар суҳбат бо тарҳи “Кавказ.Реалии” гуфт, бар асоси қонунҳои Русия, вазири минтақавӣ дар сурати пеш наомадани бархурди манфиатҳо метавонад бунёдгузори ширкати тиҷорӣ бошад.
“Гап сари он аст, ки Оиша Қодирова ҳамчун ягона муассиси ширкат маҷбур аст, қарорҳои идоракуниро қабулу фоидаро тақсим намояд ва ин маънои машғул шудан ба фаъолияти соҳибкориро дорад, ки онро қонун манъ мекунад”, - изҳор дошт коршинос.
Дар ин маврид масъалаи нақзи қонунҳо дар бораи хидмати давлатӣ дар бахши нодида гирифтани маҳдудиятҳо меравад. Шуманов афзуд, ки дар умум дар Русия таҷрибаи ошкорои омехта кардани мансаби баланди давлатӣ бо фаъолияти расмии соҳибкорӣ маъмул нест.
“Додситонӣ ба ин чиз вокуниши тунд нишон медиҳад ва қарор содир мекунад. Маълум мешавад, Чеченистон як масъалаи хос аст. Аммо дар умум дар минтақаҳои дигари Русия назорат болои ингуна масоил вуҷуд дорад. Агар мудирияти ширкатро ба шахси боэътимод вогузор накунад, додситонӣ ба раиси ҳукумат ё вилоят нома хоҳад навишт”, - гуфт Шуманов.
Оиша Қодирова моҳи декабри соли 2021 соҳиби медал “Барои ҳимояти ҳуқуқи инсон” шуд.
Департаменти давлатии Амрико Оиша Қодироваро барои ҳолатҳои ҷиддии нақзи ҳуқуқи инсон мавриди таҳримҳое қарор дод, ки тобистони соли 2020 зидди падараш ҷорӣ шуданд.
Дар видеое, ки Рамзан Қодиров аз саҳни хонаи духтараш нашр кард, як мошини навъи “Lamborghini Urus” дида мешавад ва он дар эъломияи Оиша Қодирова зикр нашудааст. Ҳамчунин Қодироваи хурдӣ соли 2021 соҳиби як хона ба масоҳати 1617 метри мураббаъ ва ду иншооти дигар ба маблағи беш аз 50 миллион рубл шудааст.
Гуфтугӯ