Ин созмоне, ки мақарраш дар Дублин асту масъулияташ ҳимоят аз ҳомиёни ҳуқуқи инсон мебошад, дар изҳороте, ки рӯзи 23-юми декабр дар вебсайташ нашр кард, мегӯяд, Мамадшоева ва Холиқназаров дар додгоҳҳои пушти дарҳои баста дар шароити боздоштгоҳи муваққатии КДАМ-и Тоҷикистон бидуни ҳузури вакилони дифоъ ва далели мӯътамади гунаҳгории онҳо ба 21 ва 15 соли зиндон маҳкум шуданд.
“Маълум нест, ки оё онҳо аз болои ин ҳукмҳои худ шикоят мекунанд ё на”, навиштааст созмон. Ин созмон мегӯяд, Мачеҳр Холиқназаров як вакили ҳимоятгари ҳуқуқи инсон буда, раҳбарии Анҷумани ҳуқуқшиносони Помирро ба ӯҳда дошт, узви Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷаву беқонунӣ ва ҳам Комиссиюни 44 буд. Улфатхоним Мамадшоева ба ҳайси журналист ва ҳомии ҳуқуқ созмони “Номус ва инсоф”-ро роҳандозӣ карда дар бахши маориф ва ҳуқуқи занон кор мекард.
Дар изҳороти Front Line Defenders омадааст, ки мақомоти Додгоҳи олии Тоҷикистон ба ҳеҷ шакле ин парвандаҳоро шарҳ намедиҳанд ва вакилони дифои онҳо ҳам баёнот имзо кардаанд, ки ҳеҷ маълумотро ба берун намебароранд. Аз ин рӯ, ба навиштаи ин созмон, наздикони маҳкумшудаҳо дар бораи муҳокима хабаре надоштанд ва ҳам ба мурофиа роҳ дода нашуданд. Ин ду нафар ҳоло дар боздоштгоҳи рақами 1-и шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешаванд.
Созмони ҳомии ҳуқуқ аз мақомот дар Тоҷикистон тақозо кардааст, ки Холиқназаров ва Мамадшоева билофосила ва беқайду шарт озод карда шаванд, тамоми иттиҳомоти зидди онҳо бекор шавад, чун, ба бовари ин созмон, маҳкумияти онҳо дар паи иҷрои масъулиятҳои касбии онҳо рух додааст.
Аз ин пеш Human Rights Watch, Федератсияи Байнулмилалии Ҳуқуқи Башар, Civil Rights Defenders ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ҳукмҳои зиндони ахиран содиршуда нисбати фаъолони бадахшониро дар Тоҷикистон маҳкум ва озодии билофосилаи онҳоро тақозо карданд.
Радиои Озодӣ рӯзи 9-уми декабр аз манобеи гуногун хабари ба зиндон маҳкум шудани хабарнигор Улфатхоним Мамадшоева, Хурсанд Мамадшоев, Фаромуз Иргашев ва Хушрӯз Ҷумъаевро ба даст овард. Азбаски муҳокимаҳо пушти дарҳои баста сурат мегирифт, маълум нест, зимни сухани охиринашон онҳо дар додгоҳ чӣ гуфтаанд ва оё аз ин ҳукм шикоят мекунанд, ё не.
Мақомоти интизомӣ онҳоро моҳи майи имсол баъд аз тазоҳуроти хунин дар вилояти Бадахшон дастгир ва ба барангехтани нооромӣ ва даъват ба сарнагунии ҳукумат муттаҳам карданд.
Дар сафараш ба Тоҷикистон рӯзи 9 декабр Мэри Лолор, гузоришгари вижаи СММ оид ба ҳомиёни ҳуқуқ аз муроиаҳои ношаффофу пушти дарҳои баста дар Тоҷикистон интиқод кард. Ӯ, аз ҷумла, гуфт, ки дар мавриди ҳодисаҳое, ки дар ВМКБ шудааст, як тафтиши мустақилона ва бетарафона бояд анҷом ёбад ва меъёрҳои ҳуқуқи инсон набояд поймол ва қурбонии масъалаҳои амниятӣ шавад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Талаби як созмони ҳомии ҳуқуқ аз раиси ҷумҳури ТоҷикистонСе созмони байнулмилалӣ озодии Мамадшоева ва дигаронро хостандТоҷикистон дар миёни 12 кишвари "зиндони журналистон"CPJ ҳукми Ҷумъаев ва Мамадшоеваро "даҳшатнок" хондДидбони ҳуқуқи башар хост, шаш фаъоли бадахшониро озод кунандДар як ҳафта чаҳор ҳукм. Аз 30 то 8 соли зиндон ба фаъолони маданӣ аз БадахшонХабарнигори дигари тоҷик 21 сол зиндонӣ шуд, Амрико гуфт, нигарон астБарои ҷавоне, ки рақиби Эмомалӣ Раҳмон шудан мехост, 30 соли зиндон талаб карданд