Дидбони ҳуқуқи башар, як созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқ ҳукмҳои зиндони шаш фаъоли мадании бадахшониро маҳкум карда, аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, “ҳамлаҳои бесобиқаи алайҳи шаҳрвандони худ дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшонро бас кунад.” Додгоҳ ба онҳо аз ҳашт то 29 сол ҳукми зиндон содир кардааст.
Дар изҳороти созмон, ки рӯзи 13-уми декабр нашр шуд, ҳукмҳои зиндони Улфатхоним Мамадшоеваи 65-сола ва аъзои гурӯҳи ҷамъиятии 44 – Фаромуз Иргашев, Музаффар Муборакшоев, Хурсанд Мамадшоев, Манучеҳр Холиқназаров ва Хушрӯз Ҷумъаев “дар мурофиаҳои баставу ноодилона” маҳкум шудааст.
Ҳукмҳо ҳафтаи гузашта содир шуд.
Сийнат Султоналиева, муҳаққиқи масоили Осиёи Марказӣ дар Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, “мурофиаҳои фаъолони ВМКБ пушти дарҳои баста бидуни дастрасӣ ба ҳуқуқшинос, бе далелҳои мӯътамад, бо нақзи меъёрҳои бунёдии мурофиаи одилона баргузор шуданд”. Ӯ мегӯяд, “мақомоти Тоҷикистон бояд ин шаш фаъол ва дигар фаъолонро билофосила озод ва иттиҳомот ба зидди онҳоро бекор кунанд”.
Радиои Озодӣ рӯзи 9-уми декабр аз манобеи гуногун, хабари ба зиндон маҳкум шудани хабарнигор Улфатхоним Мамадшоева, Хурсанд Мамадшоев, Фаромуз Иргашев ва Хушрӯз Ҷумъаевро ба даст оварда буд. Бино ба иттилои ин манобеъ Улфатхоним Мамадшоева ҳамин ҳафта аз ҷумла бо гуноҳи “даъват ба сарнагунии ҳукумат” ва барангехтани нооромиҳо дар Хоруғ ба 21 сол ва Фаромуз Иргашев ба 29 соли зиндон маҳкум шудаанд. Хушрӯз Ҷумъаев аз ҳама камтар, яъне ҳашт сол аз озодӣ маҳрум гаштааст.
Азбаски муҳокимаҳо пушти дарҳои баста сурат мегирифт, маълум нест, зимни сухани охиринашон онҳо дар додгоҳ чӣ гуфтаанд ва оё аз ин ҳукм шикоят мекунанд, ё не.