НАТО ваъда дод, ки кӯмак ба Украинаро бештар мекунад

Нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои НАТО. 29-уми ноябр 2022

Кишварҳои узви паймони НАТО ваъда доданд, ки барои барқарории зербунёдҳои Украина, ки бар асари зарбаҳои Русия сахт вайрон шудаанд, кӯмак мекунанд.

Пештар аз ин Украина аз кишварҳои ғарбӣ хост, ба он барои барқарории ҳалқаи тақсими неруи барқ бо таҷҳизоти зарурӣ кумак кунанд. Вазирони умури хориҷии НАТО дар нишасте дар шаҳри Бухарест дар рӯзи 29-уми ноябр гуфтанд, кумакҳо ба Украинаро “боз ҳам бештар мекунанд”, аз ҷумла бо таҷҳизот барои барқарории зербунёдҳои энергетикии кишвар.

Вазирони кишварҳои узв дар як баёнияи муштарак “ҳамлаҳои беинсофона ва мудавом”-и Русия ба Украинаро маҳкум карданд, ки ба гуфтаи онҳо “миллионҳо украиниро аз хадамоти асосӣ” маҳрум мекунад.

Русия аз моҳи октябр ба шабакаҳои барқӣ ва гармидиҳии Украина зарба мезанад, ки ба гуфтаи Киев ҳадафи он осеб расондан ба мардуми оддӣ аст.