Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дабири кулли НАТО: Русия аз зимистон ҳамчун "силоҳи ҷангӣ" истифода мекунад


Дабири кулли НАТО рӯзи 29-уми ноябр гуфт, ин паймон кӯмак ба Украинаро афзоиш хоҳад дод ва бинобар нотавонии артиши Русия дар ҷабҳаи ҷанг, Владимир Путин аз зимистон ҳамчун силоҳи ҷангӣ истифода мекунад.

Йенс Столтенберг зимни нишасти хабарӣ дар ҳошияи нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои НАТО гуфт, "фикр мекунам, ки ҳамаи мо ин тасвирҳои моҳвораиро дидаем, ки шабҳо ҳамаи Аврупо рушан, вале қаламрави Украина комилан торик аст. Барои бозсозии ҳар ончӣ дар Украина нобуд шудааст, бо вазифаи душворе рӯбарӯ ҳастем. Владимир Путин талош мекунад аз фасли зимистон ҳамчун силоҳи ҷангӣ истифода кунад".

Ӯ ибрози умедворӣ кард, ки нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои НАТО дар Бухарест -- пойтахти Руминия, заминаи афзоиши кӯмак ба Украинаро фароҳам кунад.

Мавзуи аслии ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои НАТО, афзоиши кӯмакҳои низомӣ ба Украина, ба хусус системаи зиддиҳавоӣ, муҳимоти ҷангӣ ва ҳамин тавр, кӯмакҳои ғайнизомӣ хоҳад буд. Дар ҳамин ҳол, дипломатҳои кишварҳои НАТО гуфтаанд, тавоноии аксари ин кишварҳо барои фиристодани кӯмак маҳдуд аст.

Бахше аз кӯмакҳои ғайринизомӣ, монанди маводи сӯхт, таҷҳизоти тиббӣ, васоили мавриди ниёз дар фасли зимистон дар чорчӯби кӯмакҳои НАТО ба Украина дар моҳҳои ахир фиристода шуд. Вале Йенс Столтенберг умедвор аст, ки кишварҳои узви НАТО кӯмакҳои худро афзоиш медиҳанд.

Шуморе аз вазирони корҳои хориҷии 30 кишвари узви НАТО низ ҳамчун дабири кулли ин паймон ба зарурати афзоиши кӯмакҳо ба Украина таъкид кардаанд.

Вазири корҳои хориҷии Словакия гуфтааст, "моҳҳои оянда барои ҳамаи мо озмуни муҳиме аст. Ин кӯмакҳо барои Украина муҳим ва барои мо як вазифаи ахлоқӣ аст. Мо бояд кӯмак ба Украинро то ҳар замоне, ки лозим бошад, идома диҳем".

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина ба мардуми ин кишвар ҳушдор додааст, ки ҳамлаҳои Русия дар ҳафтаи ҷорӣ мумкин аст аз ҳамлаҳои ҳафтаи гузашта шадидтар бошад. Бар асари ҳамлаҳои ҳафтаи гузашта ҷараёни интиқоли барқ, об ва системаи гармидиҳӣ дар бахшҳои калони ин кишвар қатъ шуд. Русия ҳамла ба зерсохторҳои энержии Украинаро пазируфтааст, вале иддао мекунад, ки ҳадафи ин ҳамлаҳо ғайринизомиён нестанд.

Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои НАТО дар мавриди узвияти Украина дар ин паймон низ гуфтугӯ хоҳанд кард, аммо пешбинӣ мешавад, ки бо вуҷуди сиёсатҳои бози НАТО, тасмими мушаххасе гирифта нахоҳад шуд. Ба назар мерасад, ки Украина барои пайвастан ба НАТО роҳи дарозеро дар пеш хоҳад дошт.

Йенс Столтенберг дар ин бора гуфт, "мо эълом кардаем, ки Украина ба НАТО хоҳад пайваст. Тасаввур мекунам, ки дар ин ҷаласа бар мавзеи НАТО таъкид хоҳад шуд. Вале дар ҳоли ҳозир таваҷҷуҳи аслии мо ҳимоят аз Украина аст. Мо дар миёнаи як ҷанг ҳастем ва набояд ҳеҷ як иқдоме сурат бигирад, ки якпорчагии аъзои НАТО дар кӯмаки низомӣ, башардӯстона ва молӣ ба Украинаро зери соя қарор диҳад".

Дар соли 2008 дар нишасти сарони НАТО дар Бухарест барои аввалин бор мувофиқати ин паймон барои пазириши Украина ба унвони як тарҳи дарозмуддат эълон шуд. Дар он замон ҳукуматҳои Фаронса ва Олмон бо пешниҳоди Амрико барои қабули як нақшаи роҳи мушаххас барои узвияти Украина мухолифат карда ва гуфтанд, чунин иқдоме аз сӯи Русия таҳрикомез хонда хоҳад шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG