Ассамблеяи порлумонии НАТО ба таври якдилона қатъномаеро қабул кард, ки аз тамоми аъзои эътилофи низомӣ даъват мекунад, то режими ҳозираро дар Русия ба таври ошкоро "террористӣ" эълон кунанд.
Дар қатънома ҳамчунин гуфта шудаааст, ки барои баррасии таҷовузи Русия ба хоки Украина бояд додгоҳи махсуси байнулмилалӣ таъсис дода шавад.
"Раҳбарияти Русия монанди террористҳои воқеӣ рафтор карда, ваҳшигариҳои бесобиқа - ҳамла ба мардуми осоишта ва зербиноиҳоро ба намоиш мегузорад. Мо бояд амал кунем ва онҳо бояд ҳамчун террорист дар додгоҳҳои байнулмилалӣ муҳокима шаванд", - гуфтааст раиси тозаинтихоби Ассамблеяи порлумонии НАТО Жоэл Гаро-Майлям.
Пештар порлумонҳои Эстония, Латвия, Литва, Лаҳистон ва Чехия қатъномаи ҳамсонро қабул карда буданд.
Гуфтугӯ