Як марду зани нобино дар шаҳри Кӯлоб талаб доранд, ки мақомот писарашонро аз хидмати ҳарбӣ баргардонанд, чун ягона парастори онҳост.
Нуралӣ Хоҷаеви 21-соларо рӯзи 15-уми ноябри имсол, ба гуфтаи волидонаш, маҷбурӣ ва бе хату хабар ба артиш фиристодаанд.
Мегӯянд, дар соли панҷуми бахши филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб мехонд, вале ногаҳониву бидуни сабаб ронда шуд. Дар донишгоҳ маълумотнома додаанд, ки Нуралӣ Хоҷаев хуб таҳсил мекард.
Савриннисо Шукурова, модари Нуралӣ Хоҷаев, рӯзи 23-юми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "писарамро аз кӯча гирифта бурдаанд. Касе чизе намегуфт, хавотир шудем. Аввал ба Бохтар рафтем. Гуфтанд, дар онҷо нест. Ба Кӯлоб омадем. Ариза навиштем, имрӯз қабул карданд."
Шикояти онҳоро Додситонии ҳарбии минтақа бояд баррасӣ кунад. Маълум нест, парастори волидони маълулро аз артиш бармегардонанд ва ё ӯ ба хидматаш идома хоҳад дод.
Баъзе аз намояндагони мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ӯ танҳо парастори оила нест, балки як бародари дигар ҳам дорад. Ҳамсояҳои ин оила мегӯянд, зиндагии падару модар ба Нуралӣ Хоҷаев сахт вобаста аст, чун бародараш бо се кӯдак гирифтори рӯзгори худ аст.
Ба қавли яке аз ҳамсояҳо, Бегимо Кӯчарова, "инҳо ҳардуяшон нобино ҳастанд. Намебинанд. Ҳамон бачаашон ба падару модар ёрӣ мекард. Падарашро ба сартарошхона мебурд, мӯяшро паст мекард, мешуст."
Падару модари Нуралӣ Хоҷаев мегӯянд, азбаски ба кумаки ӯ ниёз доранд, аз артиш бозпас оварда шавад. Онҳо дареғ мехӯранд, ки мақомот на вазъияти зану шавҳари маълулро ба инобат гирифтаанд, на донишҷӯ будани ӯро.
Дар Донишгоҳи Кӯлоб ба волидон ҳуҷҷат додаанд, ки Нуралӣ Хоҷаев донишҷӯйи фаъол буд.
Одинамоҳ Шарифова, як намояндаи донишгоҳ, дар тамоси телефонӣ хориҷ шудан ё нашудани ӯро шарҳ надод. Ҳуҷҷати додааш баёнгари он аст, ки Нуралӣ донишҷӯ асту ихроҷ нашуда.
Нуралӣ Хоҷаев тобистони имсол оиладор шуда, ба гуфтаи волидон, барои гузарондани тӯй 15 ҳазор сомонӣ қарздор шудааст. "Баъд аз дарс дар ҳар куҷо кор мекард, то қарзашро баргардонад. Ҳамон рӯз бо мақсади кор ба кӯча баромада буд. Аз пости Гулистон гирифта бурдаанд," – нақл кард падараш Миралӣ Хоҷаев.
Ҳоло Нуралӣ Хоҷаев дар қисми марзбонии ноҳияи Ҳамадонӣ сарбоз аст. Дар тақрибан даҳ рӯзе, ки дар хидмат аст, падару модар ба диданаш рафтанд. Бо вуҷуди дидор, онҳо мегӯянд, аз шикоят даст нахоҳанд кашид.
Видео дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Аз аввали моҳи октябри имсол даъвати тирамоҳии ҷавонони аз 18 то 27-сола ба артиш ҷараён дорад. Вазорати дифои Тоҷикистон ҳафтаи гузашта хабар дод, ки нақша қариб иҷро шудааст.
Мақомот ҳар сол дар бораи афзудани сафи ихтиёриёни хидмат суҳбат мекунанд, аммо мавридҳои "сарбозшикор" ва фишор ба волидони ҷавонон ин хабарҳоро зери шубҳа мебарад. Сокинон мегӯянд, ҳамчунин, гузоришҳо дар бораи латукӯбу марги сарбозон дар қисмҳои низомӣ онҳоро дар марвиди фиристодани фарзандонашон ба артиш "дудила" кардааст.