"Ин дарди ману дӯстонам буд"
Рӯзи 3-юми ноябр даҳҳо нафар барои дидани намоиши Барзу Абдураззоқов ба "Тоталний театр"-и шаҳри Алмато рафта буданд. "Ҳамсинфон. Сабақҳои зиндагӣ" аз рӯи асари драмнависи лаҳистонӣ, Тадеуш Слободзянек, таҳия шудааст. Он зиндагии 10 ҷавони лаҳистонӣ ва яҳудиро аз синфи якум то дами маргашон нақл мекунад. Воқеаҳои намоиш дар охири солҳои 20-ум мегузарад.
Барзу Абдураззоқов, коргардони шинохтаи тоҷик, ба Радиои Озодӣ гуфт, мавзӯи намоиш "ҳиссиёту тарсҳо"-и ӯ буд, ки ҳанӯз куҳна нашудааст.
"Дарди ману ҳамсинфҳои ман, сӯхтанҳои ману ҷанги ба ном шаҳрвандии Тоҷикистон буд. Бинед, имрӯз ин мавзуъ чӣ қадар муҳим аст. Воқеаҳои Украина инҷо ҳаст, Буча ҳаст, Молдова ҳаст. Имрӯз ҷанги Эрону Саудӣ ҳам сар шуд," - афзуд Абдураззоқов.
"Ӯ бо ҳар нафар алоҳида кор мекунад"
Намоиши "Ҳамсинфон. Сабақҳои зиндагӣ" бори аввал соли 2015 намоиш дода шуд ва дар Русия соҳиби Гран-при шудааст. Ҳунармандон аз заҳматҳои кашидаашон мегӯянд.
Мадияр Сарибай, устоди Академияи ҳунари Қазоқистон ва яке аз даҳ ҳунарманде, ки дар намоиш нақш офаридааст, мегӯяд, онро дар 40 рӯз таҳия карданд.
Наворро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳунарманди қазоқ, ки солҳо бо Барзу Абдураззоқов кор кардааст, мегӯяд, Абдураззоқов "бо ҳар ҳунарманд дар алоҳидагӣ кор мекунад, вақт ҷудо мекунад. Ин хел нест, ки мо фақат рӯзона кор кунем, 24 соат бо ӯ дар тамос ҳастем, менависем, вомехӯрем. Дар субҳона, чошт, хӯроки шом дар бораи намоишнома суҳбат мекунем. Барзу Абдураззоқов дар 40 рӯз тавонист, бо ҳар ҳунарманд дар алоҳидагӣ кор кунад".
"Як дари баста сад дари кушода"
Намоишҳои Барзу Абдураззоқов чанд сол аст, ки дар театрҳои Тоҷикистон рӯйи саҳна намеоянд. Бори ахир Вазорати фарҳанги Тоҷикистон барои рӯйи саҳна омадани намоишномаи "Манқурт" иҷозат надод.
Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанг далели манъи намоишро дур рафтани коргардон аз матни аслӣ ва мувофиқ набудан ба сиёсати имрӯз номид. Бо чунин фазо дар ватан Барзу Абдураззоқов маҷбур аст, дар кишварҳои дигар кор кунад. Мегӯяд, ба чунин вазъ дигар одат кардааст.
"Пеш азоб мекашидам, ҳозир парво надорам. Хуб онҷо қабул надоранд, дар ними дунё қабул доранд. Фақат дар рӯзҳои фестивал дар панҷ театр намоишҳои ман меравад. Ҳарчи ватани ман намехоҳад, ин мушкили ватани ман аст. Одамон аз Русия аз Узбекистон наздам буданд, мехоҳанд, ман рафта дар театри онҳо кор кунам. Магар ин хушбахтӣ нест, магар ин азоб аст? То кай ман мегӯям, ки ин ватани ман аст. Не бошад, не" -- мегӯяд Барзу Абдураззоқов.
Ин коргардони тоҷикро дар театрҳои Қазоқистон хуб мешиносанд. Айгул Султонбекова, мудири "BT театр" аз ҳамкорони Барзу Абдураззоқов дар Қазоқистон аст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мегӯяд, намоишномаҳои ин коргардони тоҷик дар миёни тамошобинони Алмато ва дар умум Қазоқистон зуд маҳбубият пайдо мекунанд. Зеро ба гуфтаи Султонбекова, "намоишҳо дар сатҳи касбӣ омода мешаванд, таркиби бадеии хуб доранд ва ҳамеша дар сатҳи олӣ будаанд".
Барзу Абдураззоқов 63 сол дорад ва фарзанди ҳунармандони шинохтаи тоҷик Ҳабибулло Абдураззоқов ва Фотима Ғуломова аст. Хатмкардаи шуъбаи коргардонии Донишкадаи ҳунари Тоҷикистон ва Донишкадаи санъати театрии шаҳри Маскав (ГИТИС) мебошад. Барзу Абдураззоқов дар театрҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Узбекистон ва Русия даҳҳо намоишномаро рӯйи саҳна гузоштааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Мавсими нав. Театрҳои "хуфта"-и тоҷикро кӣ "бедор" хоҳад кард? ВИДЕОЧаро дар Душанбе монеи "Манқурт" шуданд?"Ба сиёсати имрӯза мувофиқ нест." Вазир гуфт, ки чаро монеи "Манқурт" шуданд. ВИДЕО"Аввал санҷиш, баъд намоиш". Вазорат гуфт, чаро монеи "Манқурт" дар Душанбе шудДар Душанбе монеи "Манқурт" шудаандБарзу Абдураззоқов: "Мо дар соли 1935 мондем" ВИДЕО"Дилу ҷигар надоранд”. Намоиши кадом намоишномаҳо дар театри тоҷик табу аст?