Вазири фарҳанги Тоҷикистон гуфт, ки чаро монеи намоиши "Манқурт. Реквием"-и коргардон Барзу Абдураззоқов дар Душанбе шуданд. Зулфия Давлатзода рӯзи 12-уми июл дар як нишасти матбуотӣ иддао кард, ки коргардон "аз матни асар дур рафта, онро таҳриф кардааст", аммо далели мушаххас наовард. Барзу Абдураззоқов, коргардони маъруфи тоҷик, мегӯяд, бо ҳамин мазмун номаи расмӣ гирифт, вале бо он розӣ несту хулосаашро ба зудӣ хоҳад фиристод.
Намоиши "Манқурт. Реквием" аз рӯйи асари "Дуроҳаи бӯронӣ"-и Чингиз Айтматов бояд шоми 20-уми майи имсол дар театри "Падида"-и Душанбе рӯйи саҳна меомад. Мақомот 19-уми май аз масъулони намоиш хостаанд, онро баргузор накунанд, чун бояд аз назари шӯрои бадеӣ гузарад.
Вазири фарҳанги Тоҷикистон гуфт, намоишномаро моҳи июни имсол баррасӣ карданд, вале хулоса манфӣ буд.
"Коргардон аз матни аслии муаллиф, Чингиз Айматов, дур рафта, ба он иловаҳои худро ворид ва муҳтавои асарро таҳриф кардааст. Намоиш бо чунин шаклу мазмун барои сиёсати имрӯзаи дохиливу хориҷии кишвар ва барои таълиму тарбияи насли наврас қобили қабул дониста нашуд, яъне аз ҷониби шӯрои бадеӣ қабул карда нашуд," – шарҳ дод Зулфия Давлатзода.
Барзу Абдураззоқов рӯзи 12-уми июл ва дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, муҳтавои асари Чингиз Айтматовро дигар накард, балки муҳит ва қаҳрамонҳоро тоҷикӣ кард.
"Мо муҳитро ба Тоҷикистон овардем ва ин фоҷиаи як зани тоҷик бо фарзанди манқурташ буд. Мо ба сиёсат дахл накардем. Мо ҳувияти миллии тоҷиконро таҳлил кардем. Ҳанӯз ба ин назарам, ки манқуртизатсия яке аз масъалаҳои муҳими мардуми мост. Инки мегӯянд, ба сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ созгор нест, тарс аз русҳо аст, ки мабодо хафа нашаванд," – афзуд ӯ.
Наворро дар инҷо бинед:
Намоиши "Манқурт. Реквием"-ро ба коргардонии Барзу Абдураззоқов як гуруҳ аз ҳунарпешаҳои ҷавон, аз ҷумла Далери Имомалӣ, ки ҳамзамон ба хабарнигориву блогерӣ машғул буд ва ҳоло дар боздошт аст, омода карданд.
Онҳо пештар театри хиёбониро ба номи “Нигоҳи нав” таъсис дода буданд ва он то ҳол расман сабтином нашудааст.
Ин намоиши Барзу Абдураззоқов, коргардони шинохтаи тоҷик, дар чанд соли охир дар Душанбе буд. Мақомот соли 2009 низ нагузошта буданд, намоиши “Девонагӣ. Соли 93”, ки ӯ дар театри русии ба номи Маяковскийи шаҳри Душанбе ба саҳна гузошт, идома ёбад.
Баъзе аз корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз боздошта шудани намоиш нигаронӣ карда, навиштанд, ки тасмим ба муҳтавои асару шахсияти Барзу Абдураззоқов рабт мегирад. Дар пайи чунин нигарониҳо Обид Назариён, муовини якуми вазири фарҳанги Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, "мо ба шахсияти касе кор надорем."
Барзу Абдураззоқов муддатҳо боз дар Қирғизистону Қазоқистон ва Узбекистон кор мекунад. Вай соли 2013 аввал ба Бишкек рафт ва ду сол пайиҳам коргардони беҳтарини Қирғизистон эътироф шуд. Дар гузашта раёсати театри Камоли Хуҷандӣ ва театри ҷавонони Душанберо ба уҳда дошт.