Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дилу ҷигар надоранд”. Намоиши кадом намоишномаҳо дар театри тоҷик табу аст?


Саҳнаи як намоишномаи театри тоҷик
Саҳнаи як намоишномаи театри тоҷик

Дар театрҳои Тоҷикистон бозтоби масоили сиёсӣ, назири мушкилоти муҳоҷирони корӣ ва муноқишаҳои марзиву интиқоли қудрат, мамнӯъ ё табу шудааст. Барои рӯи саҳна овардани чунин намоишномаҳо на драмматурге ҳасту на коргардоне. Соҳибназарон дар остонаи таҷлили рӯзи ҷаҳонии театр гуфтанд, касе “дилу ҷигаре надорад” ва намехоҳад ба решаи худ табаре занад.

Мавзуҳое, ки дар Тоҷикистон намоиш дода намешаванд. Чаро?

Умед Ҷайҳонӣ, забоншиноси 45-солаи тоҷик тӯли биступанҷ соли ахир дар Русия ба сар мебарад ва мегӯяд, мавзӯи мушкилоти муҳоҷирони кории тоҷик дар ин кишвар ва муноқишаҳои марзӣ дар Тоҷикистон барояш аз мавзуоти доғ маҳсуб меёбанд. Вале, ба гуфтаи вай, сабабҳои рӯйи саҳна бозтоб нашудани ин мавзуҳо дар он аст, ки чунин амал дар Тоҷикистон мамнӯъ ё табу шудааст. “Ин ки чаро дар театрҳои тоҷик аз зиндагии муҳоҷирони тоҷик ва мушкилоти онҳо ё аз масъалаҳои марзӣ намоишномае намоиш дода намешавад, ба назари ман, мо намоишноманависе надорем, ки ин мавзуҳоро матраҳ кунад. Дувум, ҳарчанд мавзӯи муҳоҷират дар солҳои истиқлолият дар Тоҷикистон шаҳсутуни иқтисодиёт аст, касе аз мушкилоти зиндагии онҳо огаҳии чандоне надорад. Эҳсосе, ки муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар доранд, то ҳол касе ба қалам накашидааст, ки битавонанд рӯйи саҳна биёваранд. Агар мардумона карда бигӯем, дилу ҷигар надоранд.”,--гуфт ӯ.

Умед Ҷайҳонӣ ҳамчунин гуфт, ки дар гузашта Барзу Абдураззоқов, коргардони муҳоҷири тоҷик дар Қазоқистон талош кард, мавзуи сиёсиро рӯйи саҳна оварад ва водор шуд, кишварро тарк кунад. Дувум, ба гуфтаи Умед Ҷайҳунӣ, “ҳеҷ соҳибақле теша ба он шохае намезанад, ки рӯяш нишастааст”. Вай афзуд, дар масоили марзӣ “бисёриҳо медонанд, ки асли қазияи марзӣ бо Қирғизистон куҷост ва агар бизнеси баъе касон набуд, масъалаи марзӣ ҳам набуд. Ба ин хотир, касе намехоҳад дар ин бора сухане нависад ва чӣ расад ба намоишномаи театрӣ”. Дар идома Умед Ҷайҳонӣ гуфт, ки “ин мавзуҳоро мардум табу кардаанд, то касе дар ин бора чизе нагӯяд ва ҳамон интиқоли қудрат анҷом шавад.”

“Дар куҷо вазъ беҳтар аст?”

Худи Барзу Абдураззоқов, коргардони тоҷики муқими Қазоқистон қаблан дар суҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ аз вазъи театрҳои тоҷик шадидан интиқод карда, изҳор дошт, ки вазъи театри тоҷикро метавон бо як калимаи “кома” маънидод кард. “80 дарсади кормандони театри тоҷикро нафароне ташкил медиҳанд, ки аслан ба ҳошияи театр бегонаанд. Ҳарчанд, диплом доранд, вале дипломе ки маънӣ надорад.”,--гуфта буд ӯ.

Марям Исоева, ҳунарманди мардумӣ аз театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо чунин арзёбии Барзу Абдураззоқов розӣ нест. Ӯ гуфт: “Вай фақат ҳамин гапа мезанад, ягон бор дигар хел гап назадааст. Вай дар театри мо кор намекунад. Ҳоло дар кадом кишвар, дар кадом театр вазъ беҳтар аст?”

Одили Нозир, шореҳи фарҳангии тоҷик бо ин иддао, ки драмматургон асарҳое дар робита ба мушкилоти муҳоҷирати кориву сиёсӣ намоишномаҳое эҷод карда бошанду шӯроҳои бадеии театрҳо онҳоро қабул накардаанд, розӣ нест. Вай дар ин замина аз чанд намоишномае ном бурд, вале афзуд, ки мушкил дар худи драмматургияи тоҷик аст. “Вақте, ки драмматургия асарҳоро аз лиҳози касбӣ пешниҳод мекунад, фикр намекунам, ки ин асарҳо табу бошанд. Шояд, ягон масъалаҳо бошанд, зеро театрҳо низ ҷузъи идеология аст. Шояд театрҳо низ ба гунаи васоити ахбори омма гуруҳи мавзуҳоеро доранд, ки инъикоси онҳо дар рӯйи саҳна кобили қабул набошад. Ба фикри ман, худи драмматургия ба ин хел мавзуҳо ҳанӯз даст назадааст.”,--гуфт Одили Нозир.

Фарқи Тоҷикистону Узбекистон

Ортиқи Қодир, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон мегӯяд, ки воқеан ҳоло набудани драмматургияи қавӣ дар фазои театрии тоҷик сахт эҳсос мешавад: “Мутаассифона, ҳоло драмматургияи мо ба сатҳи Улуғзодаву Ғанӣ Абдулло ва Файзулло Ансорӣ нарасидааст. Фикр мекунанд, драмматургия хеле жанри содда аст, вале ин ғалат мебошад. Аз ҳама жанри мушкилу душвор драмматургия аст, ки мутаассифона, имрӯз мо ҳатто дар сатҳи Узбекистон нестем.”

Мирзонасриддин, адиби тоҷик бар ин назар аст, ки сиёсати давлати Тоҷикистон чунин аст, ки ходимони ҳунарманди тоҷик тарки пешаи худ мекунанд, ки намунаи барҷастааш Барзу Абдураззоқов мебошад. “Мавзуҳое ҳастанд, ки агар онҳоро рӯйи саҳна биёранд, тамошобин худ зери дари театр меравад. Мисол, агар мушкилоти муҳоҷирони корӣ ё қабули шаҳрвандон аз сӯйи мақомоту вазирони тоҷик агар намоиш дода шавад, ҳазорон нафар ба тамошои чунин намоишномаҳо мераванд. Вале, ҳама тарс доранд ва дар фикри офаридани чунин намоишномаҳо нестанд. Шояд, ман то андозае аз ҷомеа дуртар шудаам ва ба ин далел ҳоло ҳатто ҳунармандонеро дар театр намебинам, ки тавонанд чунин нақшҳоро иҷро кунанду толор аз тамошобин пур бошад”,-- гуфт Мирзонасриддин. Ба эътиқоди ин адиби тоҷик, агар давлати Тоҷикистон ба рушди театри тоҷик алоқаманд бошад, он ҳатман тавсеа меёбад. “Вале, воқеият ин аст, ки ҳунармандони хуб тарки театр мекунанд, ҳамон тавре, ки ҷавонони каме мехоҳанд вориди саҳнаи адабиёт низ шаванд.”,-- гуфт Мирзонасриддин.

Бо ин вуҷуд, театрҳои Тоҷикистон аз рӯзи ҷаҳонии театр бо баргузории бархе аз маросимҳо ҷашн мегиранд. Аз ҷумла, Қурбони Собир дар театри ба номи Лоҳутӣ нахустнамоишеро баргузор кард, ки аз рӯйи асари як драмматурги турк рӯйи саҳна омадааст. Театри ҷавонони Тоҷикистон намоиши"Шабе дур аз ватан"-ро баргузор кард, ки аз рӯи ашъори Бозор Собир дар таҳияи коргардони шинохта Нозим Мелик таҳия шудааст.

XS
SM
MD
LG