Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе монеи "Манқурт" шудаанд


Омодагӣ ба намоиши "Манқурт" дар Душанбе. Акс аз Далери Имомалӣ
Омодагӣ ба намоиши "Манқурт" дар Душанбе. Акс аз Далери Имомалӣ

Намоиши "Манқурт. Реквием" аз рӯйи асари "Дуроҳаи бӯронӣ"-и Чингиз Айтматов ва дар коргардонии Барзу Абдураззоқов, ки бояд шоми 20-уми майи имсол дар театри "Падида"-и Душанбе рӯйи саҳна меомад, боздошта шудааст.

Дар ин бора баъзе аз иштирокдорони намоиш 19-уми май дар Фейсбук хабар дода, аммо сабабашро шарҳ надоданд.

Далери Имомалӣ, хабарнигору ҳунарпешаи тоҷик ва яке аз иштирокдорони намоиш, дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, "No comments" (Бидуни шарҳ).

Манобеи огоҳ гуфтанд, мақомот рӯзи 19-уми май аз масъулони намоиш хостаанд, онро баргузор накунанд, вале далеле пеш наовардаанд. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон расман чизе нагуфт. Маълум нест, намоиш муваққатан боздошта шудааст ва ё дар оянда рӯйи саҳна хоҳад омад.

Ин нахустин намоиши Барзу Абдураззоқов, коргардони шинохтаи тоҷик, дар чанд соли охир дар Душанбе аст. Ӯ муддатҳо боз дар Қирғизистону Қазоқистон ва Узбекистон кор мекунад.

Барзу Абдураззоқов фарзанди ҳунарманди шинохтаи тоҷик Ҳабибулло Абдураззоқов ва ҳунарпешаву коргардони маъруфи театр Фотима Ғуломова аст.

Ӯ соли 1980 риштаи коргардонии Донишкадаи санъати Тоҷикистон ва соли 1987 Донишкадаи театрии ба номи Луначарскийи шаҳри Маскавро хатм кардааст.

Соли 2013 ба Бишкек рафт ва ду сол пайиҳам коргардони беҳтарини соли Қирғизистон эътироф шуд. Панҷ сол пеш барои кор ба Қазоқистон рафт. Барзу Абдураззоқов дар гузашта дар театри Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ва театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидови шаҳри Душанбе кор кардааст.

XS
SM
MD
LG