Ҳушдори фармондеҳи сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон: "Ба кӯча набароед!"

Шаҳри Моҳобод, Озарбойҷони ғарбӣ, Эрон. 27-уми октябр

Фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, ки як сохтори бонуфузи қудратӣ мебошад, эътирозгаронро таҳдид кард, ки дигар ба хиёбонҳо набароянд, вагарна ин рӯзи охирини онҳо хоҳад буд.

Матбуоти маҳаллӣ навишт, Ҳусейн Саломӣ рӯзи 29-уми октябр хитоб ба мардуми Эрон гуфт: “Ба кӯча набароед! Имрӯз охирин рӯзи тазоҳурот аст!”

Эътирозҳое, ки баъди 16-уми сентябр - марги духтари 22-солаи эронӣ Маҳсо Аминӣ дар паи се рӯзи боздошташ барои ба истилоҳ “бадҳиҷобӣ” сар зад, хомӯш намешаванд. Ин бесобиқатарин мавҷи эътирозу норизоиятҳо аз низоми амалкунанда дар Эрон мебошад. Рӯзи шанбе ҳам дар чандин донишгоҳи маҳаллӣ ҷавонон бо садои “марг ба диктатор” ва “зан, зиндагӣ, озодӣ” эътирози худро бо ҳукумати Ҷумҳурии Исломӣ баён карданд.

Мақомот дар Эрон душманони хориҷиву маъмуронро дар ташкили нооромиҳо гунаҳгор мекунанд.

Ҳушдори Сипоҳи посдорони инқилоб як рӯз баъди он садо дод, ки СММ дар робита бо гузоришҳо аз марги эътирозгарони зиддинизом дар Эрон “нигаронии то рафт афзоянда”-и худро баён кард. Стефан Дуяррич, сухангӯи СММ рӯзи 28-уми октябр дар Ню-Йорк гуфт:

“Мо ҳамаи ҳодисаҳоеро, ки ба марги инсонҳо ваё ҷароҳатҳои сангини эътирозгарон сабаб шудаанд, маҳкум мекунем ва батакрор мегӯем, ки нирӯҳои амниятӣ бояд аз истифодаи нозарур ва номутаносиби нирӯ алайҳи эътирозгарони сулҳомез даст бардоранд”.

Ин намояндаи СММ гуфт, ки масъулони ин хушунатҳо бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Ӯ афзуд, ки СММ аз Теҳрон талаб доранд, ки норизоиятҳои қонунии мардум, ба вижа занонро ба эътибор бигиранд.

Аз афзоиши ҳодисаҳои марг ва ҷароҳати эътирозгарон дар Эрон инчунин раҳбари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Ғебреусес изҳори нигаронӣ кард. Ӯ рӯзи 29-уми октябр бо нашри изҳороте гуфт, ки ин мардум бояд сари вақт бо ёрии тиббиву кӯмаки изтирории беҳдоштӣ фаро гирифта шаванд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Аз марги Маҳсо Аминӣ 40 рӯз гузашт, эътироз идома дорадШиркати найшакари Эрон ҳам корпартоӣ кардАврупо пас аз марги Маҳсо Аминӣ ба зидди Эрон таҳрим ҷорӣ кардБайден аз раҳбарони Эрон хост, зӯроварӣ ба мардум бас кунандДар Эрон беш аз 200 касро куштаанд, вале тазоҳурот идома дорад. ВИДЕО