Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден аз раҳбарони Эрон хост, зӯроварӣ ба мардум бас кунанд


Ҷо Байден гуфт, занон бояд битавонанд, ончиро ки мехоҳанд, бипӯшанд.
Ҷо Байден гуфт, занон бояд битавонанд, ончиро ки мехоҳанд, бипӯшанд.

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 14-уми октябр аз раҳбарони Эрон хост, зӯроварӣ ба шаҳрвандони худро бас кунанд. Ӯ ҳангоми суханронӣ дар Коллеҷи Ирвин дар иёлати Калифорния гуфт, “занон бояд битавонанд, ончиро, ки мехоҳанд, ба номи Худо бипӯшанд.”

Ҷо Байден афзуд: “Эрон бояд ба зӯроварӣ ба зидди шаҳрвандони худаш, ки аз ҳуқуқи бунёдии худ истифода мебаранд, поён диҳад. Ҷо Байден ҳамчунин гуфт, ки аз мавҷи бузурги тазоҳуроти мардумӣ дар Эрон, ки баъди марги Маҳсо Аминӣ як духтари эронӣ дар идораи пулиси ахлоқ сар зад, “ҳайратзада” шудааст. Маъмурони пулис ин духтарро барои нодуруст пӯшидани ҳиҷоб дастгир карда ва сипас ҷасадашро ба хешовандонаш супурданд.

Дар ҷараёни чаҳор ҳафтаи гузашта мардуми зиёде дар Эрон ба хиёбонҳо рехтанд ва ба зидди ҳукумат ва ҳиҷоби маҷбурӣ эътироз карданд. Ҷо Байден гуфт: “Мехоҳад, ҳама бидонанд, ки Амрико дар канори шаҳрвандон ва махсусан занони далери Эрон қарор дорад.” Байден афзуд, бедорие, ки дар Эрон шакл гирифтааст, ӯро ҳайратзада кардааст ва фикр намекунад, ки ин бедорӣ барои муддати дароз фӯру нишонда шавад.

Пештар аз ин Энтонӣ Блинкен, вазири умури хориҷии Амрико низ бо ситоиш аз шуҷоати тазоҳургарони зидди ҳукуматӣ дар Эрон гуфт, ки тазоҳургарон дар он кишвар ҷасорати фавқуллодаеро дар саросари кишвар нишон додаанд. Энтонӣ Блинкен дар ин бора ҳангоми суҳбат бо фаъолони мадании эронӣ дар Вашингтон сухан гуфт.

XS
SM
MD
LG