Сокинони зиёди Эрон 26-уми октябр, дар рӯзи 40-уми марги Маҳсо Аминӣ, ба сари қабри ӯ рафтанд.
Аминии 22-сола моҳи сентябри имсол ба гумони “бадҳиҷобӣ” дастгир ва дертар дар ҳоли беҳушӣ даргузашт.
Аз он замон то ҳоло мавҷи эътирозу раҳпаймоиҳо дар саросари Эрон ҷараён дорад.
Дар миёни аксар эътирозгарон занону духтарон ва ҳам хонандагони мактабҳои миёна ҳастанд.
Онҳо қонуни ҳукуматро дар бораи ҳиҷоби ҳатмӣ маҳдудияти озодиҳои инсониву шаҳрвандии худ медонанд ва маҳкум мекунанд.
Мақомот ба ин эътирозҳо бо саркӯб посух доданд.
Ба иттилои Гурӯҳи ҳуқуқи башари Эрон, воқеъ дар Норвегия, камаш 215 нафар, аз ҷумла 27 кӯдак, кушта шудаанд.
Эътирозеро бо чунин миқёс ва бар зидди либоси ҳатмии занон аз соли 1979, замони инқилоби исломӣ дар Эрон, шоҳид нашуда буданд.
Гуфтугӯ