Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати найшакари Эрон ҳам корпартоӣ кард


Эътирози кормандони ширкати найшакари “Ҳафттеппа” дар соли 2018
Эътирози кормандони ширкати найшакари “Ҳафттеппа” дар соли 2018

Кормандони ширкати найшакари "Ҳафттеппа" дар шаҳри Шуши вилояти Хузистони Эрон ба нишони эътироз аз марги Маҳсо Аминии 22-сола ба коршикании сартосарӣ пайвастанд. Аминӣ моҳи сентябри имсол ба гумони "бадҳиҷобӣ" дастгир ва дар боздоштгоҳи пулиси ахлоқ ҷон дод.

Исмоил Бахшӣ, як фаъоли ҷомеаи коргарон, рӯзи 18-уми октябр дар Твиттер навишт, мудирони ширкат талош карданд, бо интиқоли пули бештар ба суратҳисоби бонкии коргарон пеши роҳи эътирозҳоро бигиранд, вале бо ин вуҷуд "онҳо матонати худро ба намоиш гузоштанд".

Эътирози коргарон дар саросари Эрон тобистони имсол ҳам мушоҳида шуда буд.

Мавҷи ахири эътирозу беназмиҳо аз марги Маҳсо Аминии 22-сола дар таърихи 16-уми сентябр бархост.

Аз он замон то кунун дар манотиқи зиёди Эрон ба вижа занону духтарон алайҳи қоидаи ҳатмии доштани ҳиҷобу рӯсарӣ эътироз мекунанд. Мақомот бо нерӯ ва саркӯб посух доданд.

Бар асоси арзёбиҳои гуногун, дар беш аз як моҳ на камтар аз 200 нафар кушта шуданд. Коргарони соҳаҳои мухталифи иқтисоди Эрон ҳам, ки барои таъмини буҷаи ҳукумат саҳм мегузоранд, инак, чандин рӯз аст, ки даст ба коршиканӣ задаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG