СММ дар робита бо гузоришҳо аз марги эътирозгарони зиддинизом дар Эрон “нигаронии то рафт афзоянда”-и худро баён кард. Стефан Дуяррич, сухангӯи СММ рӯзи 28-уми октябр дар Ню-Йорк гуфт: “Мо ҳамаи ҳодисаҳоеро, ки ба марги инсонҳо ваё ҷароҳатҳои сангини эътирозгарон сабаб шудаанд, маҳкум мекунем ва батакрор мегӯем, ки нирӯҳои амниятӣ бояд аз истифодаи нозарур ва номутаносиби нирӯ алайҳи эътирозгарони сулҳомез даст бардоранд”.
Ин намояндаи СММ гуфт, ки масъулони ин хушунатҳо бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Ӯ афзуд, ки СММ аз Теҳрон талаб доранд, ки норизоиятҳои қонунии мардум, ба вижа занонро ба эътибор бигиранд.
Аз афзоиши ҳодисаҳои марг ва ҷароҳати эътирозгарон дар Эрон инчунин раҳбари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Ғебреусес изҳори нигаронӣ кард. Ӯ гуфт, ки ин мардум бояд сари вақт бо ёрии тиббиву кӯмаки изтирории беҳдоштӣ фаро гирифта шаванд.
Эътирозҳое, ки баъди марги духтари 22-солаи эронӣ Маҳсо Аминӣ дар паи се рӯзи боздошташ барои ба истилоҳ “бадҳиҷобӣ” сар зад, аз 16-уми сентябр ба ин сӯ идома доранд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Ҷасади хабарнигори Озодиро дар Эрон рабуданд. Модараш: "Шаш сол надида будам." ВИДЕОАз марги Маҳсо Аминӣ 40 рӯз гузашт, эътироз идома дорадЭрон иддао дорад, ки “гумоштаҳои Моссад”-ро дастгир кардИдомаи эътирозҳо дар Эрон. Корпартоии Иттиҳодияи муаллимон