Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади хабарнигори Озодиро дар Эрон рабуданд. Модараш: "Шаш сол надида будам." ВИДЕО


Ризо Ҳақиқатнажод
Ризо Ҳақиқатнажод

Маъмурони амниятии Эрон ҷасади Ризо Ҳақиқатнажод, хабарнигори Радиои Озодиро рабуда, ба хешовандонаш иҷоза надодаанд, ки ӯро дафн кунанд.

Хабарнигори 45-солаи Радиои Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ, рӯзи 17-уми октябр бар асари бемории саратон дар Олмон даргузашт ва ҷасадашро 25-уми октябр ба Эрон бурданд.

Ба гуфтаи манобеи Радиои Фардо, маъмурони Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ ҷасади Ризо Ҳақиқатнажодро гирифта, ба ҷойи номаълуме бурдаанд, ҳарчанд хешовандону дӯстонаш гуфтаанд, тамоми санадҳои лозимро барои дафни ӯ дар шаҳри Шероз ба даст оварда буданд.

Бино ба гузориши Радиои Фардо, мақомот ба оилаи Ризо Ҳақиқатнажод фишор овардаанд, ки ӯро дар оромгоҳи дигар ва берун аз зодгоҳаш ба хок бисупоранд.

Ҷеймӣ Флай, президенти Радиои Озодӣ, рафтори мақомоти Эронро "шармовар ва нафратангез" хонд. Мақомоти Эрон то ҳол қазияро шарҳ надодаанд.

Бегимҷон Раисӣ, модари Ризо Ҳақиқатнажод, бо нашри паёми видеоӣ рабуда шудани ҷасади писарашро тасдиқ кард ва хоҳони расонда шудани садояш ба мардум шуд.

Ӯ мегуяд, "шаш сол бачаамро надидам. Шаш моҳ мариз буд, ҳеч хабар надоштем. Алъон иҷоза доданд, ки ба кишвар биорем, вале Сипоҳ ё нерӯи интизомӣ бачаамро рабуданд. Дарди дили маро гӯш кунед. Ин хости модаре аст, шаш сол писарашро надидааст."

Ризо Ҳақиқатнажод чанд сол пеш таҳти фишори мақомоти Эрон аз кишвар хориҷ шуд ва ба сабаби фаъолиятҳои рӯзноманигорияш ҳам баргашта наметавонист. Ӯ соли 2019 ба Радиои Фардо пайваста буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG