Нуралӣ Давлат, рӯзноманигор
Қисми 1
Нақша буд, вале иҷро намешуд, чаро?
Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” яке аз иншоати муҳими Тоҷикистон буд ва чунон ки пештар ишора кардем, корҳо дар он нимаи дуюми солҳои 70-ум оғоз шуд. То шурӯи расмии сохтмони он дар ибтидои солҳои солҳои 80-ум силсилаи нерӯгоҳҳои дарёи Вахш дар умум 14,4 миллион киловат-соат нерӯи барқ истеҳсол мекарданд ва ин имкон медод, ки ҳар рӯз 7 миллион тонна ангишт ё 1000 вагон кумур сарфа шавад. (Роғун: Ҳақиқат ва хаёл. Рӯзномаи “Правда”, соли 1989, 13-уми декабр)
Ба қавли мудири пешини нерӯгоҳи “Роғун” Н.Савченков, Тоҷикистон ба шарофати ин нерӯгоҳ метавонад, солона 4,2 миллион тонна сӯзишворӣ ва ё 35 миллиард метри мукааб гази табииро сарфа кунад. (Н.Савченков. “Фурсат ғанимат”, маҷаллаи “Садои Шарқ”, соли 1984, №8. Саҳ. 85)
Бешак, сохтмони чунин иншооти бузург кори саҳл набуд. Лињозо, дар рафти татбиќи он мушкилоти зиёд пеш меомад. Аз ҷумла, сарфи назар аз қарори Совети вазирони ИҶШС, ибтидои солҳои 80-ум, маблағи зарурӣ ҷудо нашуд. Сабаби инро мо дақиқ намедонем, аз ин рӯ, фақат ҳадс зада метавонем, ки шояд ҷанги Афғонистон ё қабули Барномаи озуқаворӣ дар моҳи майи соли 1982 ва ё мусобиқаи таслиҳотии ҷанги сард сабаб шуда бошанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Баҳром Сироҷев: Сохтмони "Роғун" бе сармояи берунӣ ғайриимкон аст. САДОҲарчӣ ҳам набошад, солҳои 1984-1985 Маскав якбора барои сохтмони НБО Роғун маблағи зиёд ҷудо кард (мизи гирди “Имрӯзу фардои Роғун”. Маҷаллаи “Агитатори Тоҷикистон”, соли 1986, №.3, саҳ.11), вале азбаски мисли солҳои қаблӣ дар иншооти мазкур механизмҳо ва семент ба қадри даркорӣ намерасид, нақша иҷро нашуд. Масалан, дар њамон мизи гирде, ки маҷаллаи “Агитатори Тоҷикистон” доир карда буд, Савченков мегўяд, соли 1985 ҳаҷми ба нақша гирифташуда дар бахши корҳои монтажу сохтмон иҷро нагардид, зеро онҳоро бо масолеҳи бинокорӣ ва семент ба қадри кофӣ таъмин накарданд (мизи гирди “Имрӯзу фардои Роғун”. Маҷаллаи “Агитатори Тоҷикистон”, соли 1986, №.3, саҳ. 12)
Котиби дуюми Кумитаи ҳизбии ноҳияи Файзобод (Роғун соли 1987 мақоми шаҳрро гирифт) П.И.Шмараев мегӯяд, дар соли 1986 аз 150 дархости роғуниҳо фақат 5-6-тояш иҷро шуд. (Ю.Магел. “Боз дар бораи проблемаҳои Роғун”. Маҷаллаи “Агитатори Тоҷикистон”, соли 1987, №3. саҳ.21)
Хабарнигори маҷаллаи мазкур Ю.Магел зикр мекунад, ки бинокорон аз нарасидани масолеҳ ба таври мураттаб шикоят карда, мегӯянд, “...дар масъалаи ба план гирифтани ҳаҷми кор ва нишондиҳандаҳои техникию иқтисодӣ номувофиқатӣ вуҷуд дошта, подразделенияҳои бинокории трест сохтмону ба истифода додани манзил, объектҳои сотсиалӣ ва маданию маиширо кашол медиҳанд”. (Ю. Магел. “Боз дар бораи проблемаҳои Роғун”. Маҷаллаи “Агитатори Тоҷикистон”, соли 1987, №3. саҳ.22)
Набудани кадр – дарди кӯҳна
Баррасии ин мавзуъ нишон дод, ки як мушкилоти хеле ҷиддӣ дар “Роғун” таъмин бо кадрҳои соҳибихтисос будааст. Аз ин рӯ, ҳатто дар нимаи солҳои 80-ум, замоне ки барои иншоот маблағи калон ҷудо гардид, масъала ҳал нашуда монд. Ба қавли Савченков, дар иншоот коргарони соҳибихтисос, нақбканон, механизмҳо ва манзил намерасид, аммо дар асл, дар “Роғун” ҳамчунин ронандагони булдозеру экскватор ва мутахассисони соҳаҳои дигар ба қади кофӣ набуд.
Дар ин иртибот нависанда Муҳиддин Хоҷаев, ки моҳҳо дар “Норак” ба ҳайси коргари оддӣ кор карда, сипас “Об - рўшноӣ”-ро таълиф намуда буд, аз нарасидани кадрҳо, хосса, кадрҳои тоҷик дар “Роғун” бо таассуф ёд мекунад.
Ӯ дар ин иртибот мегӯяд, мо дар Тоҷикистон солҳо боз бо забони дароз мегӯем, ки аз ҷиҳати захираҳои энергетикӣ дар ИҶШС ҷои дуюмро ишғол мекунем, аз ҷиҳати таваллуд ва захираҳои меҳнатӣ дар ҷои якумем, аммо ҳар вақте дар бораи тарбияи мутахассисон гап барояд, лаб фурӯ баста, даст ба ду сӯ боз мекунем, гуё ҳалли ин масъала аз ҳама имкон берун бошад.
“Вақте расидааст, ки шӯъбаҳои энергетикии Институти политехникии Душанбе, факултети гидротехникии Институти ҳоҷагии қишлоқро васеъ намоем ва таҷрибаи Институти адабии бо номи Горкий, Институти театрии Москваро ба инобат гирифта, ҳар давра гурӯҳи махсуси омӯзандагони тоҷикро ба институтҳои техникии Москва ва дигар шаҳрҳои мамлакатамон фиристем,” - мегўяд ў. (М.Хоҷаев. Очерки “Роғун бо роҳи дигар меравад”. Садои Шарқ, соли 1984, №5, саҳ. 104)
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Чаро "Идеяи миллӣ" ва "Шоҳраги иқтисоди Тоҷикистон"-ро ба фурӯш гузоштанд?Вақте ки миёнаҳои солҳои 70-ум фаъолияти “Роғун” шуруъ шуд, масъулон бовар доштанд, дар масъалаи ҷалби кадрҳои соҳибихтисос дар ин иншоот мушкил пеш намеояд, зеро баъди пурра ба истифода дода шудани “Норак2 ва корхонаи алюминии шаҳри Турсунзода коргарони бекормонда ба инҷо меоянд. Аммо сарфи назар аз ин хушбовариҳо масъалаи таъмини коргарон бо манзил ҳалли худро наёфт. Дар авҷи сохтмони “Роғун” котиби ташкилоти ҳизбии “Гидроспетсстрой” А.Ф.Дорофеев мегӯяд, онҳо дар соли 1986 ба ҷои 196 хона ҳамагӣ 65 хона гирифтанд. (Гузориши “Боз ҳам дар бораи проблемаҳои Роғун”. Маҷаллаи “Агитатори Тоҷикистон”, соли 1986, №.3, саҳ. 17)
Тарҳи “хом”-и сохтмони шаҳри Роғун
Ба қавли раиси комиҷроияи шаҳри Роғун Ҷомӣ Алиев, то тирамоҳи соли 1990, як сол пеш аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳр наздики 160000 метри мураббаъ манзил сохта шуда буд ва зарур буд, то охири соли 1993 наздики 100 ҳазор метри дигар ба истифода дода шавад. Аммо ИҶШС-ро бӯҳрони шадиди иқтисодӣ фаро гирифта буд, лињозо, дар давоми 3 сол, ҳатто агар давлати шӯравӣ пош намехӯрд, иҷрои ин кор номумкин буд.
Ба қавли Алиев, ҳанӯз солҳои ҳукмронии Брежнев аз лоиҳаи тасдиқшуда барои сохтмони шаҳри Роғун, ки 100 миллион сӯмро ташкил медод, 40 миллионашро кам карда буданд. Номбурда ҳамчунон зикр мекунад, ки дар соли 1989 буҷети Вазорати энергетика кам карда шуд. Аз сўи дигар, ин вазорат вазифадор мешавад, дар яке аз шаҳрҳои Арманистон, ки дар охири соли 1988 аз зилзила зарар дида буд, як микрорайони нав созад. Аз ин рў, маблағу масолеҳ он ҷо меравад.
Нуктаи ҷолиб ин буд, ки лоиҳакашон дар тарҳи шаҳри Роғун биноҳои комиҷроия, кумитаи ҳизбӣ, суд, прокуратура, милитсия, санэпидемстансия ва ғайраро ба назар нагирифта буданд. Дар он ҳатто тарҳи ягон корхонаи саноатӣ вуҷуд надоштааст. Аз ин рӯ, вақте ки Роғун мақоми шаҳрро гирифт, масъулон ва сохтмончиён иншооти мазкурро дар лоиҳаи тасдиқшуда пайдо накарданд. (Мусоҳибаи “Нуқс дар сохтмони Роғун”, газетаи “Тоҷикистони советӣ”, 6 сентябри соли 1989)
Дар даврони бозсозӣ матбуоти чопи Маскав фаъолияти як қатор соҳаҳо, аз ҷумла Вазоратҳои энергетика ва хољагии обро мавриди танқиди сахт қарор дод. Ин ду вазорат, ки яке обро барои тавлиди барқ ва дигарӣ барои обёрии заминҳо истифода мебурд, ба он айбдор мешуданд, ки зимни сохтани нерўгоҳҳои бузург дар дарёҳо ва обёрии заминҳои зиёд хатарҳои табиӣ ва манфиати аҳолиеро, ки мекӯчонданд, сарфи назар мекарданд.
Даъвои норозиён
Даъвои мунтақидон ин буд, ки масъулони вазоратҳои энергетика ва хоҷагии об дунболи гигантомания ё азаматталабӣ гашта, бо ин амалҳояшон ба хоҷагии халқи ИҶШС зиёни калон мерасонанд. Мо инҷо танҳо як мисол аз суханрониии нависандаи рус Василий Беловро меорем, ки дар Анҷумани якуми Совети Олии ИҶШС дар баҳори соли 1989 ироа гардида буд. Ӯ мегӯяд, Вазорати хоҷагии об фақат дар давоми 20 соли охир 150 миллиард сӯми халқро истифода бурда, миллионҳо гектар заминҳои беҳтаринро вайрон карда, хоҷагии қишлоқро дар остонаи фоҷиа қарор дод.
Номбурда ҳамчунин меафзояд, ба наздикӣ Мураховский (муовини якуми раиси Совети Вазирони ИҶШС) ба Дафтари сиёсӣ пешниҳод кардааст, ки то соли 2005 майдони заминҳои обёришаванда то 40 миллион гектар расонда шавад ва барои татбиқи ин лоиҳа барнома Вазорати хоҷагии об боз 230 миллиард сӯм дархост кардааст. Зимни суханронии худ Белов талаб мекунад, ки ин маблағ ба вазорати мазкур дода нашавад, зеро бо ин қадар пул 500000 километр роҳ, 10 миллион хонаҳои дорои ҳама шароит, садҳо ҳазор мактаб, беморхона, фурӯшгоҳҳо ва ғ. сохтан имкон дорад (https://www.booksite.ru/belov/data/otkommun.pdf).
Ба қавли олими тоҷиқ Холназар Муҳаббатов, дар ибтидо сохтмони нерӯгоҳҳои калон дар Волга сар шуду дар он аз боло то поён силсилаи обанборҳо ва истгоҳҳои калону истгоҳҳои барқӣ сохта шуданд. Баъдан Институти “Гидропроект” ин таҷрибаро дар шарқи мамлакат, яъне Сибири шарқӣ татбиқ кард ва дар дарёҳои Ангараю Енисей калонтарин НБО-ҳои ИҶШС-ро дар Красноярск, Братск ва Саяно-Шушенск сохт. Дар натиҷа, дар минтақаҳои мазкур соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ рушд карданд, аммо дар баробари ин садҳо ҳазор гектар заминҳо зери об монданд. (Мақолаи “Тарҳрезии сарбанд”, маҷаллаи “Илм ва ҳаёт”, соли 1989, №2 саҳ.19)
Назарҳои интиқодӣ дар ВАО- и Маскав
Интиқоди гигантомания дар бисёр соҳаҳо аз ҷониби Котиби Генералии КМ ҲКИШ низ чандин бор садо дод, аз ҷумла, дар иртибот ба сохтмони нерӯгоҳҳои бузург ва зери об мондани заминҳои зиёд. Масалан, Горбачёв моҳи сентябри соли 1991 зимни сафари худ ба шаҳри Красноярск ба масъалаи сохтмони нерӯгоҳҳои калони обӣ дахл карда, онҳоро ҳамчун ҷузъи барномаи гигантомания интиқод кард.
Ӯ аз ҷумла гуфт, бояд бубинем, ки оё барои мо чунин комплексҳои азим ба монанди НБО-и Красноярск ё Саяно-Шушенск лозим ҳаст ё не? Горбачёв дар ин иртибот зикр кард: “Инро бояд бо диққати том омӯзем, зеро гигантомания сабаб шуд, ки чунин масъалаҳо пайдо шуданд”. (китоби «Время действий, время практической работы». Москва. Издательство политической литературы. Соли 1988, саҳ. 32 -33)
Танқидҳо бар сари чӣ буд?
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Кӯчи садҳо оила ба хотири ояндаи кишвар. Гузориш аз "қаър"-и обанбори Роғун. ВИДЕОДар Тоҷикистон низ интиқоди чунин лоиҳаҳо асосан тирамоҳи соли 1988 шуруъ шуд. Нахустин шуда номзади илми иқтисод, корманди Академияи улуми Тоҷикистон Муаззам Бурҳонова мақолае зери унвони “Аз ҳама, аз ҳама, аз ҳама” дар рӯзномаи “Социалистическая индустрия” чоп кард. Ў мегўяд, дар ду тарҳи қаблие, ки солҳои 1930 ва 1959 таҳия гардида буданд, баландии сарбанди “Роғун” дар ибтидо 120 метр ва баъдан 140 метр муқаррар шуданд, аммо дар лоиҳаи солҳои 70-ум тартиб додашуда баландии онро то 335 метр боло бурданд.
Сабаби асосии баланд кардани сарбанд ба андешаи Бурҳонова обёрӣ кардани заминҳои зиёде дар Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон буд. Эроди дигари ӯ ин буд, ки сохтмони “Роғун” соли 1976 сар шуд, вале лоиҳаи техникии он соли 1981 таҳия гардида, аз 5 миллион сӯме, ки барои омӯзиши илмии сохтмон ҷудо шуда буд, фақат 500 ҳазор сӯм ё 10 фоизаш истифода шуду бас. Аз нуқтаи назари ў, агар сарбанди нимасохташудаи “Роғун” то 50-80 метр поин фароварда шавад, чунин имкониятҳо фароҳам меоянд:
- Мардуми Комсомолободу Ғарм аз мавзеъҳои муқимии худ намекӯчанд;
- 6,8 ҳазор боғу роғ ва полезҳо, 5000 гектар чарогоҳи нодир, майдони поёни истироҳатгоҳи Оби Гарм, гулу гиёҳҳои дармонбахш ва камёб пурра аз хатари зери об мондан наҷот меёбанд:
- Хатари канда шудани сарбанди 335-метрӣ дар мавзее, ки минтақаи зилзила аст, то андозае аз байн меравад.
Бурҳонова дар фарҷом пешниҳод мекунад, ки сарфи назар аз мухолифати мутахассисони Институти илмию тадқиқотии “Гидропроект” бояд фавран тафтиши экологӣ ва иқтисодии лоиҳаи техникии “Роғун” гузаронида шавад.
Отахон Латифӣ чӣ навишт?
Расо баъди ду моҳи интиқоди Горбачёв аз гигантомания дар Красноярск ҳафтаномаи №1 ИҶШС “Правда” мақолаи хабарнигори худ дар Тоҷикистон Отахон Латифиро зери унвони “Сарбанд” нашр кард. Латифӣ якчанд масъаларо мавриди баррасӣ қарор медиҳад, аз ҷумла, хушк шудани баҳр дар натиҷаи сохтмони нерӯгоҳҳо дар Тоҷикистон ва обёрӣ шудани заминҳои зиёд дар се ҷумҳурии Осиёи Миёна ва ҳамчунин пайомади кӯчондани аҳолии ноҳияҳои Ғарму Комсомолобод.
Латифӣ дар ин иртибот чунин менависад:
- То соли 1960 аз дарёҳои Осиёи Миёна бидуни зарари экологӣ солона 50 километр мукааб об 5,12 миллион гектарро обёрӣ мекард, аммо аз соли 1960 то соли 1985 дар минтақа боз 1,68 миллион гектар заминҳои биёбону дашт обёрӣ шуданд, ки барои онҳо 62 километр мукааб об сарф мешавад. Дар натиҷа, резиши об ба баҳри Арал хеле коҳиш ёфта, қисми зиёди он хушкида, ҳамзамон 1,2 миллион гектар замин ба шӯразор табдил ёфт.
- Агар обанбори Роғун сохта шавад он аз Арал боз чанд миллиард метри мукааб обро мегирад ва дар натиҷа баҳри мазкур хурдтар мешаваду биёбон баръакс васеътар.
- Сохтмони “Роғун” ноҳияҳои ҳамсояи Комсомолобод ва Ғарм ба як қатор мушкилот мувоҷеҳ кард ва азбаски маълум буд, ки як қисми ноҳияҳои мазкур зери об мемонанд, солҳои зиёд барои рушди онҳо маблағ ҷудо нагашт.
Латифӣ ҳамчунон меафзояд, ки вақти ба нақша гирифтани муҳоҷиркунонӣ дар ин ноҳияҳо 15 ҳазор нафар мезист, лињозо, барои ҳамин теъдод сокинон пул, лимит ва фондҳо ҷудо гардида буданд. Аммо дар соли 1985 шумораи сокинони ин ду ноҳия аллакай ба 22 ҳазор расида буд ва баъди бастани роҳи дарёи Вахш ва оғози сохтмони сарбанд кӯчондани аҳолӣ сар шуд ва ҳоло мехоҳанд, ҳамаи онҳоро дар 8 ё 10 деҳаи калон ҷой диҳанд, аммо инро ба назар нагирифтанд, ки ин мардум молҳояшонро дар куҷо мечаронанд.
Қисми дувуми матлаб рӯзи панҷшанбе, 27-уми октябр, нашр мешавад, бозгаштро ба сомона фаромӯш накунед.