Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси қарзи хориҷии Тоҷикистон: Кӣ ва чӣ гуна бармегардонад? ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як дархости Тоҷикистон аз кишварҳои сармоягузор баҳсҳоро дар бораи қарзи хориҷӣ ва имкони бозгардондани он доғ кард. Бонки Ҷаҳонӣ моҳи декабр дар гузорише гуфт, Тоҷикистон дар пардохти қарзи хориҷиаш то нимаи соли 2021 "танаффус" хоста, то кунун танҳо аз Чин посухи мусбат гирифтааст.

Шарҳнависон пурсидаанд, Тоҷикистон чаро қарзи зиёди хориҷӣ мегирад ва оё имкони бозпас додани онро дорад ва чӣ гуна. Фирӯз Одинаев дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук навиштааст:

"Барои як Тоҷикистони хурд ин қадар қарз чӣ даркор аст? Агар дар 20-30 сол ин қарзҳо бо мақсад истифода мешуданд, корхонаҳои истеҳсолӣ сохта мешуд ва ҳам иқтисод пеш мерафту ҳам зиндагӣ беҳтар мешуд. Қарзҳои зиёд боис ба боло рафтани андоз, нархи қувваи барқу об, сӯзишворӣ ва хизматрасониҳо мегардад. Ин ягона роҳе ҳаст, ки давлат бояд қарзҳоро бипардозад."

Мақомот мегӯянд, то моҳи октябри соли гузашта қарзи хориҷии Тоҷикистон ба 3 миллиарду 700 миллион доллар расид. Онҳо мегӯянд, ин қарзҳоро барои сохтмони роҳҳову нақбҳо ва бунёди корхонаву нирӯгоҳҳо истифода карданд.

Баъзе аз шарҳнависон хостаанд, ҳукумат чӣ гуна харҷ шудани қарзҳоро дастраси омма кунад. Руслан бо айни мазмун дар сомонаи Радиои Озодӣ навиштааст: "Муҳтарам вазири молия, хуб, 3 миллиарду 700 миллион доллар қарз ҳаст. Дар куҷо харҷ шудани долларҳо маълум аст. Мисли давлатҳои демократӣ рӯйхати онро чоп мекардед, мазмуни мақола ранги дигар мегирифт."

Хонандае дигар бо номи Шоҳрух гуфтааст, агар Тоҷикистон воқеан кишвари шаффофу демократист, бигзор, раиси ҷумҳур дар назди мардум дар бораи сарфи қарзу кумакҳои гирифта ҳисобот диҳад.

Дар ҳоле ки гуруҳе аз хонандагон дар бораи чӣ гуна ва дар куҷо сарф шудани қарзҳои хориҷии Тоҷикистон баҳс мекунанд, "Хизр" навиштааст: "Ин пулҳо бо сохтани боғу шинондани арча ва иди Наврӯз тамом шуд."

Баъзе аз корбарон роҳҳои чӣ гуна баргардондани қарзҳои хориҷии Тоҷикистонро дар миён гузоштаанд. Аз ҷумла, "Сабр" дар Телеграм пурсидааст, ин қадар пули калонро кӣ бармегардонад ва "Муҳоҷир" ҷавоб додааст, ки "халқи бегуноҳ ва бачаҳои ғариб".

Корбаре дар сомонаи Радиои Озодӣ масъулиятро ба дӯши мардум гузоштааст. Шарҳаш чунин аст: "Канӣ, мардуми бонангу номус, ҳама аз тифли батни модар то пир 400-долларӣ ҷамъ мекунем. Ана, ин аст роҳи ҳал!"

Чанд моҳ пеш Қирғизистон, кишвари ҳамсояи Тоҷикистон, ки дар бозгардондани қарзаш аз Чин оҷиз мондааст, низ аз мардум даъват карда буд, барои пардохти он ба давлат пул диҳанд.

Аммо гуруҳи дигар аз мансабдорону наздикони онҳо ва сармоядорон хостаанд, пулҳоро аз минтақаҳои офшор баргардонанд. Корбаре бо номи "Тоҷик" дар Телеграм пешниҳод кардааст, "вазирону раисон, қасрҳоро фурӯшед ва пули гирифтаатонро баргардонед."

Тоҷикистон қарзи хориҷиашро чӣ гуна бармегардонад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:39 0:00

Тоҷикистон ният дорад, имсол танҳо барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" 340 миллион евро қарз гирад ва дар буҷа барои баргардондани қарзу фоизҳои хориҷӣ беш аз 213 миллион долларро дар назар гирифтааст. Чин, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд ва Русия аз қарздиҳандаҳои асосӣ ба Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Агар Шумо дар ин бора гуфтание доред, ба мо бифристед. Вайберу Вотсап ва Телеграму Имо дорем.

XS
SM
MD
LG