Абдулҳамид Муҷоҳид, як фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Бадахшони Афғонистон кушта шудааст.
Ин фармондеҳи тоҷиктабор зодаи ноҳияи Яфтали Бадахшон буд ва ду моҳи пеш ба ин Ҷабҳа пайваст. То он вақт фармондеҳи Толибон дар як ноҳияи Бадахшони Афғонистон буд. Абдулҳамид Муҷоҳид бо эътироз ба сиёсати қавмгароёнаи Толибон аз ин гурӯҳ ҷудо шуд.
Сибғатулло Аҳмадӣ, сухангӯи Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ рӯзи 22-уми октябр хабари кушта шудани ин фармондеҳро тасдиқ кард.
Ӯ гуфтааст, ки дар задухӯрдҳои ахир даҳҳо ҷангҷӯи Толибон дар Бадахшон кушта шуданд ва Ҷабҳаи муқовимат низ талафот додааст.
ББС навиштааст, ки Абдулҳамид Муҷоҳид бо панҷ тан аз ҳамроҳонаш дар минтақаи Шива, дар наздикии марзи Афғонистон бо Тоҷикистон кушта шудааст. Ин расона хабар додааст, ки ҷасади 40 ҷангҷӯи Толибро ба шаҳри Файзобод, маркази Бадахшон бурдаанд.
Толибон дар бораи ҳодисаи охир ҳеҷ иттилое надодаанд, вале Ҷабҳаи муқовимат мегӯяд, ин гурӯҳ чанд сокини бегуноҳро дар ноҳияи Яфтал низ куштаанд.
Ҷабҳаи Муқовимати миллӣ бо раҳбарии Аҳмад Масъуд моҳи сентябри соли 2021 дар Панҷшер мубориза бар зидди Толибонро оғоз кард. Ҳоло ин Ҷабҳа дар Панҷшеру Андароби Бағлон ва вилояти Бадахшону Тахор зидди Толибон меҷанганд.
Дар ду моҳи ахир ин Ҷабҳа дар навоҳии наздик ба марзи Афғонистон бо Тоҷикистон фаъол шудааст.
Гурӯҳи Толибон, ки дар Тоҷикистон террористӣ дониста мешавад, соли гузашта Афғонистонро тасарруф кард.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Ҷабҳаи муқовимат дар Бадахшон. Суду зиёнаш ба Тоҷикистон ва ҳамсояҳояш чист? САДОМуттаҳам шудани Толибон ба нақзи ҳуқуқи башар дар гузориши Ҷабҳа. Толибон: "Ин таблиғот аст"Видеои "бадрафторӣ бо ғайринизомиён" дар Панҷшер хабарсоз шудСахттар шудани ҷангҳо. Раҳбари Толибон дар Панҷшер ва Андароб масъулони нави низомӣ таъйин кард