Бино ба наворҳое, ки тоза нашр шуданд, намояндагони Толибон сокинонро дар Панҷшер ба иттиҳоми доштани силоҳ дастгир ва таҳқиру масхара мекунанд. Ба назар мерасад, видеоҳо тавассути яке аз афроди мусаллаҳи Толибон гирифта шудааст. Дар ин наворҳо иддао шудааст, ин афрод ба гуноҳи доштани силоҳи ғайриқонунӣ боздошт шуданд, аммо муҳимтарин баҳс рафтори таҳқиромези Толибон бо сокинони мулкӣ аст.
Баҳсҳои матраҳшуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин аст, ки Толибон бо афроди дастгиршуда хилофи ҳама қонунҳои башардӯстона ва байнулмилалӣ рафтор кардаанд.
Абдунофеъ Такур, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии ҳукумати Толибон, дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳар кас силоҳи ғайриқонунӣ нигаҳ дорад, аз сӯи нерӯҳои амниятӣ дастгир мешавад. Мо ба ҳамаи нерӯҳои амниятӣ гуфтаем, ки бо касе бадрафторӣ накунанд. Мо як комиссияи баррасии зиндониён дорем, ба шикоятҳо ва мушкилоти онҳо гӯш медиҳад ва ба онҳо расидагӣ мекунад. Агар касе шикоят ё мушкиле дорад, метавонад бо ин комиссия дар миён бигузорад".
Толибон чандин бор пеш аз ин ин ваъда дода буданд, касонеро, ки бо мардум бадрафторӣ мекунанд, боздошт хоҳанд кард. Амалкарди Толибон дар ин видео нишон медиҳад, ки афроди ин гурӯҳ ба бадрафториҳои худ идома медиҳанд.
Радиои Озодӣ талош кард, бо аъзои хонаводаи афроди боздоштшуда дар Панҷшер тамос бигирад, аммо муваффақ нашуд. Чанд сокини минтақа таъйид карданд, ки яке аз онҳо муаллим аст.
Сибғат Аҳмадӣ, сухангӯи Ҷабҳи муқовимати миллӣ, дар "Твиттер" навиштааст, "Толибон пас аз шикастҳои пайдарпайи нерӯҳояшон, даҳҳо ғайринизомиро дар Панҷшер ба асорат гирифтаанд". Аҳмадӣ афзуд, Толибон ҳамчунин беш аз 10 хонаводаро дар ду минтақаи Панҷшер аз хонаҳояшон берун кардаанд
Толибон дар ин маврид ба пурсишҳои Радиои Озодӣ посух надоданд.
Амалкарди Толибон дар ҳолест, ки рӯзҳои охир ҷангҳо миёни нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва Толибон дар Панҷшер зиёд шудааст. Ахиран роҳбари Толибон барои Панҷшер масъулони нави низомӣ таъйин кард. Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат ба роҳбарии Аҳмад Масъуд як сол аст, ки бо Толибон меҷанганд.
Ин аввалин навори видеоие нест, ки рафтори бади Толибонро бо мардум нишон медиҳад. Қабл аз ин низ навори ба ин монанд нашр шуда буд, аммо Толибон онро рад карда буданд.
Дар як навори видеоии дигар, ки макон ва замони дақиқи сабти он маълум нест, фарде бо осори латукӯб дар баданаш дида мешавад. Ӯ иддао мекунад, ки сарбози нерӯҳои ҳукумати пешин аст ва Толибон ӯро ба далели кор кардан бо нерӯҳои хориҷӣ латукӯб кардаанд. Ин видеоро ҳам Толибон на рад ва на таъйид кардаанд.
Пеш аз ин Созмони Дидбони ҳуқуқи башар ва Созмони Афви байналмилал дар гузоришҳои алоҳидаи худ гуфта буданд, ки Толибон шуморе аз мақомот ва кормандони ниҳодҳои амниятии ҳукумати гузаштаро боздошт карда ва куштаанд.
Гуфтугӯ