Патенти кор дар Русияро дар Душанбе медиҳанд? ВИДЕО

Муҳоҷирон дар назди як маркази кор бо муҳоҷирон дар Русия

Мақомоти тоҷику рус барои роҳандозии кори "Хадамоти шиноснома ва раводид"-и Вазорати корҳои дохилии Русия дар Душанбе ба созиш расидаанд.

Дар сурати фаъол шудани ин ниҳод дар Душанбе муҳоҷирони кории тоҷик патент ё иҷозаи кор дар Русияро пеш аз сафар ба ин кишвар дарёфт хоҳанд кард.

Ин созишро намояндагони Вазорати корҳои дохилии Русия бо намояндагони Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон рӯзи 19-уми октябр имзо кардаанд.

Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, вақте ин марказ таъсис ёфт, муҳоҷирони кории тоҷик имкон пайдо мекунанд, дар худи Тоҷикистон патент ё иҷозаи кор дар Русияро ба даст оранд.

Ба гуфтаи хонум Нодирӣ, ҳамчунин муҳоҷирон имкон доранд, пеш аз сафар ба Русия дар Душанбе изи ангушт супоранд ва шаҳодатнома дар бораи донистани забони русӣ бигиранд, ки яке аз шартҳои пайдо кардани кор дар ин кишвар аст. “Қаблан, шаҳрвандони мо вақти вуруд ба Русия ва гузаштани ташхиси изи ангушт огаҳӣ меёфтанд, ки аз ҳаққи сафар ба ин кишвар маҳрум шудаанд. Онҳо вазифадор мешуданд, ки харҷи ташхису имтиҳонҳо ва ҳаққи дарёфти патент ва маблағи билети бозгаштро пардохт кунанд, ки ба ҳисоби миёна 14 ҳазор рубли русӣ мешуд. Бо фаъол шудани ин марказ шаҳрвандони тоҷик, ки қасди кор дар Русияро доранд, аз эҳтимоли манъи вурудашон ба қаламрави Русия дар Тоҷикистон огаҳӣ меёбанд,”—гуфт ӯ.

Замони боз шудани ин ниҳод дар Тоҷикистон маълум нест. Хонум Нодирӣ гуфт, ҳоло бояд Вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар дар мавриди табодули иттилои махфии марбут ба изи ангуштҳо созиш кунанд ва он гоҳ монеаи дигаре барои оғози кори ин марказ дар Душанбе намемонад.

Хабари имкони дарёфти иҷозаи кор дар Русия бархе аз муҳоҷирони эҳтимолии кории тоҷикро хушҳол кард. Шарофиддин Хоҷаев, сокини ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон, ки дар мардикорбозори Душанбе кор меҷӯяд, гуфт, имкони дарёфти патент дар Тоҷикистон хуб аст, аммо мушкили асосӣ ба нархи он бастагӣ дорад. “Мо маблағи гирифтани патентро надорем. Агар ба ивази 8300 рубл патентро дар Душанбе гирем, оилаамон чанд моҳ бе нон мемонад. Бигзор арзон кунанд, масалан, сад ё сесад сомонӣ. Вақте ба Русия меравем, он ҷо як моҳ кор карда, сипас барои ҳуҷҷатгузорӣ маблағ ҷамъ мекунем,”—гуфт ӯ.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Муҳоҷирони тоҷик имкон хоҳанд дошт, ки дар ватан патент гирифта, баъд ба Русия сафар кунанд

Иброҳим Сатторови 36-сола, аз ноҳияи Ҳамадонӣ, мехоҳад бо фарорасии фасли баҳор барои кор ба Русия равад. Ӯ гуфт, дарёфти иҷозаи кор дар Душанбе мушкили гирифтани он дар Русияро бартараф месозад.“Ҳоло хунук аст, вале ба гармиҳо меравам Москва. Хуб мешавад, ки патентро дар Душанбе гирам ва дигар милисаи рус маро азоб намедиҳад,”—афзуд ӯ.

Бархе соҳибназарон ба зуд фаъол шудани чунин марказе дар Душанбе чандон хушбин нестанд. Мазҳаби Ҷумъа, хабарнигори тоҷик, ки мавзуҳои иҷтимоиро пайваста пайгирӣ мекунад, гуфт, чунин хабарҳо борҳо дар матбуот пайдо шуданд, вале дигар амалӣ нашуданд. Ба андешаи ӯ, ин созиш ҳам аз ҳамон тарҳҳои матбуотӣ аст, ки амалӣ шуданаш дар гумон аст.

Мақомоти тоҷик гуфтаанд, ин иқдом дар доираи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҷалби дастҷамъонаи муҳоҷирони кории тоҷик барои кор дар шаҳрҳои Русия ҳатман ба роҳ монда мешавад.

Имкони таъсисёбии хадамоти махсус барои мадад ба муҳоҷирон дар Душанбе дар ҳолест, ки муҳоҷирони тоҷик пайваста аз мушкилу монеаҳо дар кору зиндагиашон дар Русия, махсусан душвориҳо дар дарёфти санадҳои зарурии будубош шикоят мекунанд.

Онҳо ҳамеша аз он нигаронӣ мекунанд, ки мақомоти рус барояшон мушкил эҷод мекунанд ва бо баҳонаҳои ночиз онҳоро аз ин кишвар хориҷ мекунанд. Мақомоти рус шумораи муҳоҷирони тоҷик дар Русияро ду миллион, вале ҷониби Тоҷикистон 600 ҳазор нафар медонанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Талабгорони шиносномаи русӣ “кам шудааст”Ба тоҷикон пеш аз сафар ба Русия дар Душанбе патент медиҳанд?"Боздошту тафтиш мекунанд." Таъсири ҳодисаи Белгород ба муҳоҷирон дар Русия. ВИДЕО"Муҳоҷирони тоҷик барои патент дар Русия 900 миллион доллар пардохтаанд"Рӯзе то 500 сомонӣ. Садҳо нафар дар соҳили Зарафшон кор ёфтаанд. ВИДЕОБаъди Украина. Чаро тоҷикон "ташна"-и шаҳрвандии Русия мемонанд? ВИДЕО