Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талабгорони шиносномаи русӣ “кам шудааст”


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Баъд аз шурӯи ҷанги Укрина ва бахусус фармони басеҷ ё “мобилизатсия” дар Русия, теъдоди хоҳишмандони гирифтани шиносномаи русӣ кам шудааст.

Вячеслав Поставнин, мудири Маркази таҳқиқотии омӯзиши равандҳои муҳоҷират, ба нашрияи “Известия” гуфтааст, феълан муҳоҷирони мард аз гирифтани шиносномаи Русия худдорӣ карда, ба ҳаққи иқомат ё РВП қаноат меварзанд.

Ба гуфтаи Поставнин, пеш аз ҳама шаҳрвандони кишварҳое аз гирифтани шиносномаи русӣ худдорӣ мекунанд, ки роҳбарияти кишварашон онҳоро аз ширкат дар ҷанги Украина манъ кардаанд.

Мудири Маркази таҳқиқотии омӯзиши равандҳои муҳоҷират махсусан шаҳрвандони Тоҷикистонро ном гирифтааст, ки ба гуфтаи ӯ ҳушдор гирифтаанд, дар сурати ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд.

Солона садҳо шаҳрванди Тоҷикистон ҳамзамон шаҳрвандии Русияро қабул мекунанд. Ба гуфтаи ин афрод, гирифтани шиносномаи русӣ онҳоро аз тафтишу азияти пулис ва гирифтани патент ё иҷозаи кор озод мекунад.

Вячеслав Поставнин гуфтааст, фармони басеҷ ё мобилизатсия вуруди муҳоҷиронро ба Русия кам накард. Ба ҳисоби Маркази таҳқиқотии омӯзиши раванди муҳоҷират, ҳоло ҳам шаҳрвандони Узбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон бештар аз ҳама хоҳони кору зиндагӣ дар Русия ҳастанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG