Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди Украина. Чаро тоҷикон "ташна"-и шаҳрвандии Русия мемонанд? ВИДЕО


Таваҷҷӯҳ ба шаҳрвандии Русия коҳиш ёфт, аммо аз байн нарафт?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:59 0:00

Таваҷҷӯҳ ба шаҳрвандии Русия коҳиш ёфт, аммо аз байн нарафт?

Ҷанги Русия дар Украина натанҳо ба иқтисоди Тоҷикистон осеб расонд, балки чанд оиларо ҳам ба мотам нишонду таваҷҷуҳи сокинонро барои гирифтани шиносномаи он кишвар каме коҳиш дод, вале пурра аз байн набурд. Мардум мегӯянд, ҳанӯз ба сабаби набудани ҷойи кору маоши кофӣ дар Тоҷикистон ба дарёфти шаҳрвандии Русия розиянд. Вазорати корҳои дохилии он кишвар хабар дод, ки дар се моҳи аввали имсол беш аз 33 ҳазор тоҷикистонӣ «рус» шуданд.

Ба хотири фарзандон?

Маҳдӣ Собир, корманди собиқи Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, чанд моҳ пеш шаҳрвандии Русияро гирифтааст. Ҳоло дар шаҳри Тюмен зиндагӣ дорад. Мегӯяд, бознишаста аст, аммо барои зиндагии беҳтари фарзандонаш Русияро интихоб кард.

«Дар инҷо барои таваллуди кӯдаки аввал 500 ҳазор рубл медиҳанд. Ба ҷуз ин, барои хонандаҳои мактаб ҳар моҳ 16 ҳазор рублӣ ёрӣ дода мешавад,» -- нақл кард ӯ.

Тоҷикистон бо Русия соли 1995 созишномаи душаҳрвандиро имзо кардааст. Бар асоси он тоҷикистониҳо метавонанд, ҳамзамон шаҳрванди ду кишвар бошанд, вале Душанбе барои кори ин гуна афрод дар баъзе идораҳои давлатӣ «маҳдудият» ҷорӣ намуд.

"Ҷойи бад нест, вале кор надорад"

Ҳар сол садҳо ҳазор нафар аз Тоҷикистон барои кору иқомат ба Русия мераванд. Талоши на ҳамаи онҳо барои гирифтани шаҳрвандии Русия муваффақона будааст. Акмал Саидов, як сокини Душанбе, мегӯяд, кӯшишҳои батакрори ӯ натиҷа надоданд: «Талош кардем, нашуд. Мушкил аст, ҳуҷҷатбозӣ, кораш бисёр аст. Агар як нафар шаҳрвандии Русияро дошта бошад, онҷо кор кардан осонтар мешавад.»

«Мехоҳам шаҳрвандии Русияро бигирам. Чӣ қадар бекор мегардӣ? Дар Тоҷикистон ҷойи кор нест,» -- гуфт ҳамсуҳбати дигари мо дар кӯчаҳои пойтахт.

Нафари дигаре афзуд, «рости гап, худам ҳеч вақт талош накардаам. Ба фикри ман, Тоҷикистон ҷойи баде нест. Барои муҳоҷирони тоҷик дар Русия доштани шаҳрвандии он кишвар хуб аст, чун корашон осон мешавад, бе патент.»

Дар ин миён онҳое низ ҳастанд, ки ба муҳоҷирати мавсимӣ дар Русия бартарӣ дода, аз гирифтани шиносномаву шаҳрвандии он кишвар парҳез мекунанд, чун ба гуфтаашон дар он сурат бо пешрафту пасрафти он кишвар «шарик» мешаванд. Ҳамонгуна ки чанд зодаи Тоҷикистон, вале соҳиби шиносномаи русӣ дар сафи артиши он кишвар ба ҷанг дар Украина рафтанду кушта шуданд.

«Шаҳрванди Русия шудан намехоҳам, ҳамаи бародарону хоҳаронам дар Тоҷикистон ҳастанд. Барои ҳамин,» -- гуфт як сокини Душанбе.

"Мағзҳо мекӯчанд, мағзҳо..."

Ба ҳисоби миёна рӯзе беш аз 300 нафар аз тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро мегиранд. Дар миёни онҳо мутахассисон ва кормандони ботаҷриба кам нестанд. Мухолифон ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекунанд, ки шароити корро дар дохил фароҳам намекунад.

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, «барои Тоҷикистон натиҷаҳои ҳузнангез дорад. Қабл аз ҳама, аз Тоҷикистон мағзҳо фирор мекунанд, мағзҳо мекӯчанд. Ҳосили меҳнатеро, ки Тоҷикистон барои парвариши онҳо кардааст, кишвари дигар мебинад. Онҳо кишвари дигарро обод мекунанд.»

Абдумалик Қодиров
Абдумалик Қодиров

Ба қавли Қодиров, ҳарчанд пас аз ҷанг дар Украина Русия наметавонад, усули Украинаро бо Тоҷикистон, яъне баҳонаи ҳимояти шаҳрвандонаш истифода кунад, ба хотири обод кардани кишвари аз ҷанг муфлисшудааш ба хориҷиёни бештар шаҳрвандӣ медиҳад ва аз нерӯи онҳо истифода мекунад.

Чанд рӯз пеш расонаҳои русӣ аз қавли Леонид Калашников, раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия дар мавриди робита бо кишварҳои ИДМ навиштанд, тартиби гирифтани шаҳрвандии Русия барои чанд гуруҳи шаҳрвандони хориҷӣ осонтар шуда, барномаи “Переселение” низ тағйир меёбад. Қарор аст, Думаи давлатӣ қонунҳои навро дар ин бобат тирамоҳи имсол қабул кунад.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия соли 2021 беш аз 100 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрванди Русия шудаанд. Дар рӯйхати кишварҳое, ки бештар шаҳрвандии Русияро ба даст меоранд, Тоҷикистон баъди Украина дар мақоми дувум меистад.

XS
SM
MD
LG