Дар пасманзари ин тамоюл воқеиятҳои бо ҳам дар тазодди ин ду кишвар бисёр ошкоранд. Дар Қирғизистон тайи як моҳи охир мусоҳибаҳои раиси ҷумҳури он кишвар Содир Ҷабборов (Жапаров) ба нашр расиданд, ки дар мавриди вазъияти марз бо Тоҷикистон суҳбат мекард. Дар порлумони ин кишвар бо ҳузури раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Қамчибек Тошиев, ҷаласаҳои пӯшида ва кушода баргузор шуд.
Нишастҳои хабарии раиси Шӯрои амният ва вазири дифоъ ва масъулони дигари ҳукуматии Қирғизистон анҷом мешуданд. Ғайр аз ин, расонаҳои мустақил мақомотро барои масъул будан дар кушта шудани мардум танқид карданд.
Дар Тоҷикистон муддате пас аз даргирӣ шиорҳои ватандӯстона ҷойгузини сукути комил дар ҷомеа шуданд. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар мавриди муноқишаи марзӣ на изҳори назар ва ба хонаводаҳои кушташудагон изҳори ҳамдардӣ накард. Ин корро ба ҷойи ӯ мақомоти маҳаллӣ анҷом доданд ва изҳорот дар мавриди марз аз сатҳи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва ниҳоди марзбонӣ боло нарафт.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Президент Раҳмон дар бораи марз паёме надод, таъзия баён накард, чаро?Дар доираи расонаӣ ва коршиносӣ суҳбат аз мавқеи бозанда доштани Тоҷикистон дар ҷанги иттилоотӣ шунида мешавад. Аммо ин савол тақрибан матраҳ нест, ки чӣ касе масъули ин вазъият аст ва чаро касе барои он посухгӯ нест?
Ҷанги иттилоотӣ. Тӯб дар як майдон
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар барномаи пойгоҳи хабарии “Азия-Плюс” гуфт, бурд ё бохт дар ҷанги иттилоотӣ мафҳумҳои нисбӣ мебошанд. “Сабаби аслӣ ин буд, ки хабарнигорони тоҷик ба иттиллои расмӣ дастрасӣ надоштанд. Мутаассифона, ин чиз ҳар сол такрор мешавад. Ҳар боре, ки дар бахшҳое аз кишвар вазъият печида мешавад, шахсони масъул дар ниҳодҳои марбута пинҳон мешаванд”, - мегӯяд Қаршибоев.
Сиёсатмадори мухолиф Шарофиддин Гадоев мегӯяд мақомоти Тоҷикистон ба такрор муртакиби ҳамон муҳимтарин иштибоҳ мешаванд. “Сӣ сол аст, ки ҳукумати Тоҷикистон рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро саркӯб мекунад. Ҳангоми муноқишаҳо ҷойи холии онҳо эҳсос мешавад,” --мегӯяд Гадоев.
Дар тӯли се моҳи охир дар Тоҷикистон ҳафт блогнавис ва рӯзноманигор боздошт шуданд. Дар ин миён Муҳаммад Султон (Маҳмадсултон Мавлоназаров) 7 сол, Абдуллоҳ Ғурбатӣ 7,5 сол ва Далери Имомалӣ 10 сол зиндонӣ шуданд. Тоҷикистон дар радабандии Гузоришгарони Бидуни Марз аз рӯйи сатҳи озодии сухан дар соли 2021 аз миёни 152 кишвар дар ҷойи 180-ум аст. Маълум аст, ки дар соли 2022 ин нишондиҳанда чандон хушбинона нахоҳад буд.
Ҳазинаҳои фарҳанги сиёсӣ
Мақомот вазъияти озодии сухан ва вазъияти марзро бо Қирғизистон шарҳ намедиҳанд. Вазорати корҳои хориҷӣ теъдоди кушташудаҳоро беш аз 50 ва шумоари захмиёнро тақрибан 200 нафар эълон кард. Радиои Озодӣ тавонист, шахсияти беш аз 80 нафари мулкӣ ва низомиро таъйид кунад.
Тибқи омори расмии Қирғизистон 63 шаҳрванди ин кишвар, ки бештар низомӣ буданд, кушта ва ҳудуди 200 нафар захмӣ шуданд.
“Дар Тоҷикистон воқеан ҳукумати мардумӣ аз байн рафтааст. Дар сурати ғайр, нисфе аз ҳукумат бояд ба истеъфо мерафт, чун бо гуноҳи онҳо даҳо нафари бегуноҳ кушта шуданд,” -- мегӯяд Шарофиддин Гадоев.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Чӣ бояд кард, то дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дигар ҷанг нашавад? ВИДЕОСиёсатшиноси мустақил аз Душанбе бо шарти ифшо нашудани номаш гуфт, чунин интизориҳо аз воқеият дуранд. “Дар Тоҷикистон дар равобити қудрат пешвогароии маъмулӣ шакл гирифтааст, ки ҷомеа наметавонад, ҳукуматро назорат кунад. Пешво таҷассумгари ҳукумат аст ва ҳар интиқоде аз ҳукумат ба маънои танқиди пешво маҳсуб мешавад. Ҳар шаҳрванд ин воқеиятро ба шеваи худ дарк мекунад, аммо ба андозаи кофӣ аз он огоҳ аст. Далели худсонсурӣ ва набудани тамоюли интиқод аз ҳукумат ҳамин чиз аст,” – шарҳ дод ҳамсуҳбати мо.
Ба гуфти вай, ин система амалан таҳти назорат аст ва бе ишора аз боло қодир ба кори муассир нест.
Тоҷикистон кишвари президентии мутлақест, ки раиси ҷумҳур ҳамзамон раиси ҳукумат низ ҳаст. Роҳбарони ҳамаи мансабҳои калидӣ, аз ҷумла раисони шаҳру ноҳияҳо аз сӯи раиси ҷумҳур таъйин мешаванд. Дар палатаи поёнии порлумон ҳизби қонунии мухолиф вуҷуд надорад. Дар палатаи болоӣ аз 33 узв 8 узв аз ҷониби раиси ҷумҳур ва 25 узв бо овоздиҳии пинҳонӣ, ки онро амалан афроди аз тарафи раиси ҷумҳур таъиншуда баргузор мекунанд, интихоб мешаванд.
Бино бар ин, ҳамаи ниҳодҳои мавҷуд бо раиси ҳукумат пайвастанд. Шахсе, ки ба ҷуз аз имтиёзҳо натиҷаи тасмимҳоро низ бар уҳда дорад.
Муноқишаҳои марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон тайи чанд сол боз умдатан бар сари тақсими замин, об ва чарогоҳ идома дорад. Ду кишвари шӯравии собиқ, ки сарчашмаи тақрибан тамоми дарёҳои минтақа ҳастанд, 970-980 километр марз доранд, ки қисме аз он ҳанӯз ба гунаи зарурӣ таъину нишонагузорӣ нашудааст.