Як мансабдори баландпояи Қирғизистон гуфт, бе миёнравӣ ё доварии кишваре ё созмоне ба монанди СПАД (ОДКБ) дар масъалаи таъйини марз бо Тоҷикистон ба сулҳ нахоҳанд расид.
Мавқеи Тоҷикистон маълум нест.
Пештар Қирғизистон аз раиси ҷумҳури Русия хоста буд, ки ба таъину нишонагузории сарҳад бо Тоҷикистон мусоидат кунад.
Вазири дифои Қирғизистон, Бактибек Бекболотов, 19-уми октябр дар нишасти матбуотӣ гуфт, мавзуъро бо дабири СПАД низ дар миён гузошт. Мулоқоти онҳо рӯзи 4-уми октябри имсол гузашта буд.
"Ба наздикӣ бо дабири кулли СПАД, Станислав Зас, суҳбат доштам. Гуфтам, ки миёни Қирғизистону Тоҷикистон сулҳ нахоҳад шуд, зеро қирғизҳо ҳақиқати худро доранд, тоҷикон ҳақиқати худро," – шарҳ дод ӯ.
Вай афзуд: "Миёни мо бояд доваре, барои намуна СПАД, биистад ва оташбасу берун бурдани силоҳҳои вазнинро аз сарҳад назорат кунад. Агар ин ду масъаларо ҳал кунанд, метавонем, ба баррасии вазифаҳои сиёсии делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон шуруъ кунем. Ин баҳс на 30 сол, балки 98 сол боз идома дорад."
Тоҷикистону Қирғизистон, ду кишвари собиқи Шӯравӣ, тақрибан ҳазор километр сарҳад доранд, вале бахше аз онро таъину нишонагузорӣ накардаанд. Ҳарду ҷониб бар асоси харита ва маълумоти гуногун барои соҳибӣ ба қитъаҳои сарҳадӣ, аз ҷумла заминҳои кишту маҳалли иқомат ва сарчашмаи об ҷанҷол доранд.
Дар гузашта занозанӣ бештар миёни сокинони деҳаҳои наздимарзӣ ва бо сангу чӯб сурат мегирифт, вале солҳои охир ба ҷанги низомиёни ду кишвар ва бо истифода аз силоҳҳои сангину дронҳо табдил ёфтааст.
Бори охир рӯзҳои 14-17-уми сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон низоъ бархост. Мақомоти Тоҷикистон кишвари ҳамсояро ба таҷовузи мусаллаҳона айбдор карда, аз кушта шудани беш аз 50 кас ва захмӣ шудани тақрибан 200 нафар хабар доданд. Радиои Озодӣ номи беш аз 80 қурбонии даргириро сабт кардааст.
Ҷониби Қирғизистон дар бораи 63 кушта ва бештар аз 200 маҷруҳ гузориш дод. Бишкек дар навбати худ Тоҷикистонро ба ҳамла ба қаламраваш муттаҳам кард.
Гуфтугӯ