"Вазъи муътадил" баъди радду бадал. Изҳороти нави Тоҷикистону Қирғизистон

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва Уралбек Шаршеев

Идораҳои марзбонии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар изҳороти якҷоя вазъро дар сарҳади ду кишвар, ки моҳе пеш шоҳиди даргириҳои мусаллаҳона буд, "муътадил" арзёбӣ кардаанд.

Изҳорот 21-уми октябр ва баъди ду рӯзи он нашр шуд, ки сарҳадбонони Тоҷикистону Қирғизистон якдигарро ба барангехтани низоъ ва кӯшиши доман задан ба нооромӣ гунаҳкор карданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Тоҷикистон Қирғизистонро ба "барангехтани низоъҳои нав" муттаҳам кард

Ба иттилои расмӣ, рӯзи 21-уми октябр мулоқоти раҳбарони идораи марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон – генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва генерал-майор Уралбек Шаршеев баргузор шудааст.

Дар хабар гуфтаанд, мулоқот дар гузаргоҳи "Қизилбел" ҷараён гирифт ва ҳарду раҳбар ба "зарурати тақвияти чораҳои саривақтӣ барои одӣ шудани вазъ дар сарҳад таъкид намуданд".

Тарафҳо ба риояи созишҳои ҳосилшуда ва баргузории доимии мулоқоти гурӯҳҳои корӣ, ки ҳадафашон одӣ кардани вазъ дар сарҳад мебошад, низ розӣ шудаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Қирғизистон изҳороти Тоҷикистонро дар бораи вазъи марз рад кард

Марзбонони Тоҷикистону Қирғизистон дар изҳорот таъкид кардаанд, ки ҳалли масъалаи таъини марзи давлатӣ танҳо дар ихтиёри Кумисюни байниҳукуматӣ оид ба аломатгузории сарҳад мебошад.

Дар даъвати ҷудогонае аз матбуот марзбонони ҳарду кишвар хостаанд, "аз ҳама гуна шарҳу тавзеҳе, ки метавонад боиси тавсеаи низоъ, барангехтани адовати миёни ду мардум шавад, худдорӣ кунанд".

Нишасти намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон. Гузаргоҳи "Қизилбел", 21-уми октябри 2022

Тоҷикистону Қирғизистон тақрибан ҳазор километр сарҳад доранд ва беш аз сесад километри он муайяну нишонагузорӣ нашудааст.

Бар асари даргириҳо дар моҳи сентябри имсол дар марз аз ду тараф даҳҳо кас кушта ва беш аз чаҳорсад нафар захмӣ шуданд. Душанбе ва Бишкек ҳамдигарро ба таҷовузи низомӣ ба хоки якдигар ва нодида гирифтани созишҳои пешина муттаҳам карданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Номи 83 қурбонии низои 14-17 сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон"Дуруст", "нодуруст", "начандон дуруст". Нигоҳи таҳлилгарон ба паёмҳои Эмомалӣ Раҳмон. ВИДЕОВладимир Путин муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистонро "доғ" номид. ВИДЕО Баҳси сарҳад. Гуфтугӯи раҳбарони Тоҷикистон ва Қирғизистон бо миёнравии Русия