"Дуруст", "нодуруст", "начандон дуруст". Нигоҳи таҳлилгарон ба паёмҳои Эмомалӣ Раҳмон. ВИДЕО

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин. Остона, 13-уми октябри 2022

Суханронии ғайримаъмулии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар Остона вокунишҳои гуногунро ба бор овардааст. Бархе бар инанд, ки Эмомалӣ Раҳмон воқеиятҳоеро, ки солҳои дароз миёни Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷамъ шудаанд, бепарда ба миён гузошт. Иддае дигар мегӯянд, шароити нави геополитикӣ дар пасманзари ҷанги беасоси Русия дар Украина ва ниёзи аз гузашта бештари Владимир Путин ба ҳампаймонҳо, шарикони зоҳиран сусташро дар мавқее гузошта, ки аз додугирифтҳои сиёсии баробарвазн лаб бикушоянд.

Эътироз ба "ду миллион муҳоҷири корӣ"?

Сайфулло Сафаров, собиқ муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, суханронии Эмомалӣ Раҳмонро рӯзи 14-уми октябр тамошо кардааст.

Сайфулло Сафаров

Ба бовари ӯ, ангезаҳое, ки президентро ба гуфтани ин ҳарфҳо маҷбур кард, “ҳузури 2 миллион муҳоҷири кории тоҷик дар Русия” аст, ки рӯзи 13-уми октябр аз забони Путин ва дар вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Қирғизистон Содир Жапаров (Ҷабборов) садо дод.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти Остона ва хитоб ба Путин гуфт, “бештар аз ду миллион нафар ба Русия сафар мекунанд, вале нафақат барои кор. Барои кор фақат 600 ҳазор нафар мераванд. Бақия ба кишварҳои дигар парвоз мекунанд.” Вай дар айни замон ишора кард, ки Тоҷикистон имрӯзҳо аз 30 ҳазор шаҳрванди Русия мизбонӣ мекунад.

“Президент тавонист, лаҳзаҳои муҳимтарини номувофиқатии сиёсати давлатҳои Муштаракулманофеъро нишон диҳад. Дар инҷо ҳамчун як президенти кишвари мустақил баромад кард. Баъзеҳо нисбати ин масъала аз он нуқтаи назар фикр карданд, ки гуё ин бар зидди манфиатҳои Русия аст. Ин ба манфиати ҳамаи кишварҳои Шӯравии собиқ аст. Давлатҳои мустақил на ҳама вақт аз сӯи шарикони стратегӣ дуруст дарк карда мешаванд, манфиатҳои ҳамдигарро ба назар намегиранд. Русия ҳамчунин хислатҳое дорад, ки ба манфиати миллии дигарҳо кам эътибор медиҳад, ки сабаби нофаҳмӣ дар байни дигар халқҳо мешавад,” – шарҳ дод Сайфулло Сафаров рӯзи 17-уми октябр.

Парвиз Муллоҷонов

“Ҷанги бемаслиҳат”

Баъзе аз коршиносон ошкоро суханронӣ кардани президенти Тоҷикистонро як навъ норозигии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз амалкардҳои Русия тахмин мезананд.

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик, мегӯяд, тамоми кишварҳои хурде ба мисли Тоҷикистону Қирғизистон, ки иқтисоди онҳо аз Русия вобаста аст, пайомадҳои ҷанги нохуши Украинаро бештар аз дигарон эҳсос карданд.

Ӯ мегӯяд, шояд на ҳама шарикони Маскав аз Остона то Душанбе аз ин рафтори Эмомалӣ Раҳмон розӣ ҳастанд. Муллоҷонов дар шарҳи мавқеаш гуфт: “Яъне, ба назари банда, беэҳтиромии Русия дар он аст, ки чунин қарорҳои тақдирсозе ба монанди оғози ҷангро дар Украина одатан бе маслиҳат бо шарикони худ қабул мекунад. Аз ин ҷо бармеояд, ки Маскав ҷангро бе маслиҳати пешакӣ сар карду пайомадҳои он ба зарари ҳамагон мерасад”.

Баҳс бо Қирғизистон ё интиқоли қудрат?

Хайрулло Мирсаидов

Ҳал нашудани масъалаи марзӣ бо Қирғизистонро чанде аз коршиносон сабаби лаҳни гилаомези Раҳмон номиданд. Хайрулло Мирсаидов, рӯзноманигори тоҷики муқими Аврупо, мегӯяд, президент ин изҳороти худро як рӯз пас аз мулоқоти сеҷониба бо Путину Жапаров оид ба ихтилофҳо дар марз ба забон овард.

Ба бовари ӯ, “пас аз мулоқот дар чеҳраи онҳо пайдо буд, ки ба ягон натиҷае ноил нашудаанд. Президент Эмомалӣ Раҳмон аз Владимир Путин дар ҳоле эҳтиром талаб кард, ки 30 сол бо Кремл кор кард, пойгоҳи низомии 201-ро бепул дар кишвараш ҷой дод ва чашмонашро ба мушкилоти муҳоҷирон дар Русия баст. Ин ҳоло бисёр муҳим аст, зеро дар садади интиқоли қудрат қарор дорад.”

Бисёре аз таҳлилгарони масоили Тоҷикистон ва ҳам мунтақидону тарафдорони ҳукумат бовар доранд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар андешаи ба писари 34-солааш Рустами Эмомалӣ вогузор кардани қудрат мебошад. Ӯ ду сол боз раиси Маҷлиси Миллӣ ва амалан шахси дувум дар қудрат ба ҳисоб меравад.

Барои ба ихтиёри ӯ гузоштани қудрат, ба қавли нозирон, барои падар муҳим аст, ки кишвараш осудаву равобиташ бо ҳамсояву шарикон ҳамвору пешраванда бошад.

Аркадий Дубнов

Вале коршиноси масъалаҳои Осиёи Марказӣ дар Маскав Аркадий Дубнов мегӯяд, нутқи Раҳмон тарафи дигари масъаларо, ки ба худаш дахл дошт, низ ошкор кард.

Ӯ гуфт: “Ин шояд як фоҷеаи худи Раҳмон бошад, вале аниқ барои мардуми Тоҷикистон аст, чун раҳбараш шахсест, ки дар ҷойи худаш нанишастааст. Ҳадди ақал, ӯ бояд кайҳо аз ин мақом мерафт ва ҷойро барои нафароне холӣ мекард, ки медонанд, ки чӣ бояд кард. Ман ба ҳеч сурат на Путин ва на Русияро сафед намекунам, ки воқеан ҳам Тоҷикистонро ҳамчун як макони заиф истифода карданд. Воқеан ҳам бо таъиди худи Раҳмон, Тоҷикистон мақомашро ба ҳайси як кишвари ноком тасдиқ мекунад. Вале дар ин ҳолат танҳо Русия гунаҳкор нест, ин ҷо гуноҳи режими ҳукмрон дар Тоҷикистон ҳам ҳаст”.

“Хуш наомад, вале...”

Петер Леонард

Таҳлилгар Петер Леонард мегӯяд, масъала бо гила ва даъвати ҳамкориву шарикии самимӣ маҳдуд намешавад ва маҷбур шудааст, ба шакле сӯҳбат кунад, ки дар гузашта ба худ иҷоза намедод.

“Ин як ҳолати хеле ҷолиб аст, ки ӯ дар як маҳфили бозе ба интиқоди ошкорои сиёсати Русия пардохт, - гуфт Леонард дар суҳбат бо Радиои Озодӣ. – Вале дар ин суханронии пурэҳсосаш ҳам барои дарки дурусти паёми ӯ каме мушкил аст. Ӯ дар аввал аз зарурати эҳтироми Русия гуфту дар охир, ба ҷои он ки дар бораи мустақилияти бештари кишварҳое ба мисли Тоҷикистон гӯяд, бо он тамом кард, ки баръакс, Русия аз назари молӣ бештар мадад кунад, яъне кишварҳои мисли Тоҷикистон аз Маскав вобастагии бештар дошта бошанд.”

Ин таҳлилгар мегӯяд, ба Путин шеваи суханронии Раҳмон хуш наомад, вале он “хатарнок нест”, чун, ба гуфтааш, “аз он бӯи дур шудани Душанбе аз Маскав намеояд”.

Эдвард Лемон

Эдвард Лемон, муҳаққиқи масоили сиёсӣ дар Донишгоҳи Texas A&M-и Вашингтон ҳам мегӯяд, ки Раҳмон, ки дар қиёс бо ҳамсояҳояш ҷанг алайҳи Украинаро ошкоро арзёбӣ накардааст, мисли ҳамеша “як ҳампаймони сарсахти Русия дар минтақа мемонад”.

Ба бовари ӯ, “Раҳмон фақат хоҳони подоши бештар барои садоқаташ аст, чун дар муқоиса бо ҳамсояҳои дигараш дар Осиёи Марказӣ, ки баъзе Маскавро интиқод карданд, таваҷҷӯҳи бештар мехоҳад”.

“Фурсати муносиб”

Темур Умаров, муҳаққиқи Бунёди Карнегии Маскав бовар дорад, ки дар шароити нави геополитикиву “боло рафтани қадри кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чашми Маскав” эҳтимол раҳбари Тоҷикистон фурсатро барои матраҳ кардани масоили деринтизор муносиб дид.

“Эмомалӣ Раҳмон дарк мекунад, ки ҳоло фурсати хубест, ки сари бисёр масъалаҳое, ки солҳои зиёд Маскав розӣ намешуд, ба гузашт даст ёбад, чизе ба даст оварад,” - гуфт Умаров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ.

Темур Умаров

Ӯ афзуд: “Мисол, мо аллакай дидем, ки Русия омода аст дар муборизаи Раҳмон бо мухолифонаш иштирок кунад. Русия ҲНИТ-ро террористӣ эълон кард. Раҳмон ҳарчанд бисёр дархост мекард, Русия ин корро ҳафт сол накарда буд. Мебинем, ки Русия ба истирдоди тоҷикони шаҳрванди Русия ҳам, ки мавқеи сиёсиашон мухолифи ҳукумати Тоҷикистон аст, розӣ аст. Ин ҷо як ранҷиши Раҳмон ҳам эҳсос шуд, чун гуфт, ки Русия ба иқтисоди кишвараш дуруст сармоягузорӣ намекунад. Акнун таваҷҷӯҳ ба Тоҷикистон бештар мешавад. Мо аллакай дидем, ки Владимир Путин баъди шурӯи ҷанг дар Украина аввал шуда ба Тоҷикистон сафар кард”. Умаров бовар дорад, ки Раҳмон ба ҳадафаш мерасад.

Видеоро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Коршиносони тоҷик аз изҳороти Президенти Тоҷикистон дар Остона пуштибонӣ мекунанд

Тоҷикистону Русия ду шарики наздики стратегӣ ба ҳисоб мераванд ва бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷ дар Тоҷикистон ҷойгир аст. Айни замон иқтисоди кишвар ба пули муҳоҷирони корӣ низ пойбанд аст, ки аз Русия ба Тоҷикистон мефиристанд.

Эмомалӣ Раҳмон аз муттаҳидони асосии Владимир Путин ба ҳисоб меравад ва пас аз оғози ҷанг дар Украина дар моҳи феврал Владимир Путин аввалин сафари хориҷиашро дар Тоҷикистон анҷом дод.