Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъд аз даргирии хунин. Раҳмон ва Ҷабборов вохӯрданд, аммо даст надоданд


Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон, Владимир Путин ва Содир Ҷабборов (Жапаров)
Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон, Владимир Путин ва Содир Ҷабборов (Жапаров)

Пас аз тақрибан як моҳи задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки аз ду ҷониб даҳҳо куштаву захмӣ бар ҷой гузошт, Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов (Жапаров) ҳамроҳи президенти Русия Владимир Путин сари як миз нишастанд, вале ба ҳамдигар даст надоданд. Дар ҳоле ки бино ба наворҳои пахшшуда ҳарду дар алоҳидагӣ бо Путин дастфишурӣ карданд.

Мулоқот рӯзи 13-уми октябр дар Остона ва паси дарҳои баста ҷараён гирифт. Раҳбарони се кишвар барои иштирок дар нишасти кишварҳои осиёӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Қазоқистон рафтаанд.

Ҷониби Тоҷикистон дар бораи мулоқот ва ҷузъиёти он иттилоъ надод.

Сомонаи раиси ҷумҳури Қирғизистон навишт, ки дар мулоқоти паси дарҳои баста мавзӯи сарҳад бо Тоҷикистон баррасӣ шуд. Бино ба ин хабар, Ҷабборов гуфтааст, тарафдори ҳарчи зуд ҳал шудани баҳси марзӣ ҳастанд ва онро кафолати субот ва ҳамсоядории нек номидааст.

Аз он пеш Кремл хабар дод, ки Владимир Путин дар оғози музокирот Тоҷикистону Қирғизистонро шарикони муҳиму стратегии Русия номидааст, ки “дар доираи созмонҳои байнулмилалӣ ҳамкории танготанг доранд”.

Вай ҳамзамон ишора кардааст, ки қариб як миллион нафар аз Қирғизистон ва ду миллион кас аз Тоҷикистон дар Русия кору таҳсил мекунанд. Вале суҳбатҳояш дар бораи ҷанҷоли марзии Тоҷикистону Қирғизистон маълум нест.

Бино ба иттилои хабаргузориҳо, нишасти сеҷониба бо хости раиси ҷумҳури Русия баргузор шудааст. Маскав қаблан омодагии худро барои кумак ба ҳалли масоили марзии Тоҷикистону Қирғизистон изҳор дошта буд.

Ин мулоқоти нахустини раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон пас аз даргирии рӯзҳои 14-17-уми сентябри имсол дар сарҳад аст. Ду тараф якдигарро ба шурӯи муноқишаи мусаллаҳона ва таҷовузи низомӣ гунаҳкор мекунанд.

Мулоқоти охирини Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов рӯзи 16-уми сентябр дар Самарқанд баргузор шуда, дар бораи оташбас ва берун бурдани нерӯҳои иловагӣ аз хати марз хабар доданд, вале баъдан даргирӣ шиддат гирифт.

Тоҷикистону Қирғизистон, ду кишвари болооби Осиёи Марказӣ, тақрибан ҳазор километр сарҳад доранд, вале бахше аз онро таъину нишонагузорӣ накардаанд.

Ҳарду ҷониб бар асоси харита ва маълумоти гуногун барои соҳибӣ ба қитъаҳои марзӣ, аз ҷумла заминҳои кишту маҳалли иқомат ва сарчашмаи об ҷанҷол доранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG