"Ҷанги чирикӣ"
Дар ду моҳи охир Ҷабҳаи муқовимати миллӣ зери раҳбарии Аҳмад Масъуд аз ҳузури худ дар вилояти Бадахшони Афғонистон хабар дод. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои маҳаллӣ аз ҳамлаи ин Ҷабҳа ба Толибон пайваста хабар нашр мешавад.
Ин хабарҳо замоне ҷиддӣ гирифта шуданд, ки рӯзи 3-юми октябр Ҷабҳаи муқовимат бо нашри видео ба асорати худ гирифтани раиси ноҳияи Шикайро, ки аз ҷониби Толибон таъин шудааст, исбот кард.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ҷабҳаи муқовимат мегӯяд, ноҳияи наздик ба Тоҷикистонро аз Толибон гирифтаастҲарчанд, ин Ҷабҳа баъдан эълон кард, ки раиси Шикай, ноҳияи ҳаммарз бо Тоҷикистонро бо беш аз даҳ ҳамроҳаш раҳо кардааст, вале ин хабар тавоноие аз ин Ҷабҳаро ба намоиш гузошт.
Ҷонибдорони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанд, ҳадафи онҳо тасарруфи аслиҳаи Толибон дар ин ноҳия буд ва ҳоло ба он дараҷа қудрат надоранд, ки идораи як ноҳияро ба даст бигиранд ва нигоҳ доранд. Ба гуфтаи фаъолони Ҷабҳаи муқовимат, феълан то пурра такмил шудани ҷабҳа онҳо ба ҷанги чирикӣ ба Толибон бартарӣ медиҳанд.
Таҳлилгарони дигар низ бар инанд, ки Ҷабҳаи муқовимат ҳанӯз ба тасарруфи минтақа ва истодагарии давомдор дар баробари Толибон қодир нестанд, ки тамоми силоҳу муҳимоти пешрафтаи артиши пешини Афғонистонро дар ихтиёр доранд. Ҷабҳа то кунун бештар дар вилояти Панҷшер ва Андароби вилояти Бағлон фаъол буд.
"Чун роҳи ҷангро пеш гирифтанд…"
Муҷиб Раҳимӣ, сухангӯи Шӯрои олии мусолиҳаи миллӣ дар ҳукумати пешини Афғонистон, мегӯяд, «чун Толибон роҳи ҷангро пеш гирифтанд ва болои қавмҳои дигар кишвар зулм карданд», фаъол шудани Ҷабҳа дар ҳар минтақаи Афғонистон табиӣ аст. Ба қавли ӯ, «пурра шакл гирифтани муқовимат алайҳи Толибон замон мехоҳад, чун омадани ин гурӯҳ ба қудрат дар Афғонистон ногаҳонӣ буд».
Ӯ афзуд, ду омил – ба расмият нашинохтани ҳукумати Толибон аз сӯи ҷомеаи байнулмилалӣ ва фишори Толибон болои мардум ангезаи муқовиматро бештар мекунад. Далели дар шимол фаъол шудани муқовимат ҳам, ба андешаи ӯ, кӯчи иҷбории тоҷикону узбекон ва ҷойи онҳо овардани паштуҳо аз ҷануби Афғонистон аст.
Толибон, ки аксаран аз қамвҳои паштун ҳастанд, ба гуфтаи огоҳони вазъ, бо баҳонаи “мубориза дар роҳи ислом” бештар сиёсатҳои қавмиро дунбол мекунанд. Роҳе, ки онҳо пеш гирифтанд, нооромии нисбие, ки аз соли гузашта дар марзҳои Тоҷикистон вуҷуд дошт, дубора халалдор шудааст. Тоҷикистон ҳамеша аз ноамн шудани марзи Афғонистон бо Тоҷикистон нигаронӣ дошт. Ҳоло коршиносон мегӯянд, фаъол шудани Ҷабҳа бештар ба фоидаи Тоҷикистон хоҳад буд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Камарбанди амниятӣ ба вуҷуд меояд?
Муҷиб Раҳимӣ мегӯяд, кушта шудани Айман Аз-Завоҳирӣ дар Кобул нишон дод, ки Толибон аз гурӯҳҳои дигари террористӣ пуштибонӣ мекунанд. Вай афзуд, ҳоло дар марзҳои Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ садҳо ҷангҷӯи тоҷику узбек нигаҳдорӣ мешаванд, аз ин рӯ, фаъол шудани муқовимат ба суди кишварҳои Осиёи Марказӣ хоҳад буд.
“Бо рафтани Амрико як халои амниятӣ ба вуҷуд омад. Гурӯҳҳои тундрав, ки баромадашон аз Осиёи Марказӣ ҳаст, дар марз қарор доранд. Як таҳдиди калон аз Афғонистон ба Тоҷикистон вуҷуд дорад. Толибон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳар нигоҳе ихтилоф доранд ва ҳамфикр нестанд. Агар ба нерӯҳои шимол кумак шаваду тавонанд Тахору Бадахшону Кундузу Ҷузҷону Балхро бигиранд, худ ба худ як камарбанди амниятӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба вуҷуд меояд,” -- гуфт ӯ.
Тоҷикистон чаро аз Ҷабҳа пуштибонӣ мекунад?
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Маҳдӣ Арсалон". Дидбонгоҳи нави Толибон дар рӯ ба рӯи Тоҷикистон. ВИДЕОМақомот борҳо гуфтаанд, ки Толибон аз гурӯҳи “Ансоруллоҳ”, ки аксари ҷангҷӯёнаш зодаи Тоҷикистон ҳастанд, пуштибонӣ мекунад. Таҳқиқи Радиои Озодӣ низ собит карда буд, ки Толибон дар умури марзи Афғонистон бо Тоҷикистон ҷангҷӯёни “Ансоруллоҳ”-ро мақом додаанд.
Миёни мақомоти Тоҷикистон ва Толибон борҳо баҳси лафзӣ сурат гирифт. Аз ин рӯ, пайдо шудани Ҷабҳаи муқовимат дар шимоли Афғонистонро бархе фишор болои Толибон медонанд, ки аз аҳдофе, ки берун аз кишвар доранд, аз сар дур кунанд ва машғули муборизаҳои дохилӣ бошанд.
Тоҷикистон борҳо ба ҳимоят аз Ҷабҳаи муқовимат садо баланд кард. Маълум нест, ки ин пуштибонӣ бо садо баланд кардан аз минбарҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ маҳдуд мешавад ё Тоҷикистон ба ин ҷабҳа кумаки молӣ низ мекунад.
Бо вуҷуди таҳдидҳои ошкору ниҳони Толибон, Тоҷикистон пуштибонии маънавияшро аз Ҷабҳаи муқовимат кам накард ва аксари раҳбарони онро дар хоки худ ҷой дод. Инро бархе тарси Эмомалӣ Раҳмон аз қувват гирифтани мухолифони исломиаш бо илҳом аз Толибон, вале бархе онро пуштибонӣ аз ҳамтаборон медонанд.
Як коршинос аз Тоҷикистон, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, пуштибонии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷабҳаи муқовимат бештар ба аҳдофи ифротии Толибон рабт мегирад.
“Тоҷикистон аз сари қудрат омадани Толибон тарсид ва ин воқеӣ ҳам ҳаст. Вақте дар марзҳоят исломиҳои ифротӣ ҳастанд ва дар дохили кишвар ҳам хавфи сар бардоштани ифротиён вуҷуд дорад, чунин таошҳо мантиқӣ аст. Ягона нерӯе, ки дар шароити кунунӣ Тоҷикистонро ноором карда метавонад ҳамин ифротиён ҳастанд. Аз ин рӯ, мухолифати Раҳмон ба Толибон ва пуштибонӣ аз Ҷабҳаи муқовимат мантиқӣ аст,” -- гуфт ӯ.
"Тавоноии Ҷабҳа ночиз аст"
Аҳмадхони Андар, низомии собиқи Афғонистон, ки бештар ҳамчун тарафдори Толибон суҳбат мекунад, тавоноии Ҷабҳаи муқовиматро ночиз медонад. Ӯ бар ин аст, ки Ҷабҳаи муқовимат оромии нисбиеро, ки Толибон оварданд, ба ҳам задааст. Ҳарчанд, мухолифони Толибон мегӯянд, ин гурӯҳ ҳазорон бегуноҳро қатл кард, фишорро бештар кард ва барояшон интихобе ба ҷуз ҷанг нагузошт.
“Ҷабҳаи муқовимат тавони муқобилиятро бо Толибон надорад ва баръакс амнияти нисбие, ки Толибон овардаанд, ба ҳам мезанад. Агар Толибон бо мухолифинашон созиш накунанд, истихбороти минтақа метавонанд Ҷабҳаи муқовиматро қавӣ созанд ва барои Аморати исломии Афғонистон дарди сар эҷод кунанд,” -- гуфт ӯ.
Серенко: Амалиёт дар зимистон идома мекунад
Андрей Серенко, таҳлилгари низомии рус, ки ҳодисаҳои Афғонистонро пайгирӣ мекунад, назари баръакс дорад ва фаъол шудани Ҷабҳаи муқовиматро ҷиддӣ медонад. Ӯ гуфт, дар Бадахшону Тахор пайдо шудани мусаллаҳони Ҷабҳаи муқовимат нишон дод, ки ин Ҷабҳа аз маҳдудаи Панҷшеру Андароб (Вилояти Бағлон) берун шудааст.
“Барои Тоҷикистон фаъол шудани Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Бадахшон чолиш ва имконоти нави таъсир ба Толибонро фароҳам месозад. На танҳо ба Тоҷикистон, балки барои шарикаш Русия низ, ки ноумедиаш аз Толибон бештар мешавад, ин шароити хуб аст. Тибқи иттилое, ки ман дар даст дорам, дар Бадахшони Афғонистон амалиёти Ҷабҳаи муқовимат алайҳи Толибон дар зимистон низ идома хоҳад кард. Истисно нест, ки дар натиҷа назорати чанд ноҳия аз дасти Толибон хориҷ шавад,” -- гуфт ин коршинос дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Толибон, ки соле пеш Афғонистонро тасарруф карданд, ба ҳеч хостаи ҷомеаи ҷаҳонӣ посухи мусбат надоданд. Духтаронро аз таҳсил дур карданд, занонро иҷозаи кор надоданд, озодиҳои шаҳрвандонро маҳдуд намуданд, қатлу таъқиби низомиёни собиқро бо вуҷуди ваъдаи афв давом доданд, болои тоҷикон, узбекҳо ва ҳазораҳо фишорро зиёд карданд.
«Гуруҳ ислоҳ нашудааст»
Қосимшоҳи Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, қабл аз сари қудрат омадани Толибон таблиғоте сурат гирифт, ки ин гурӯҳ ислоҳ шудааст, вале вақт нишон дод, ки тағйире накардааст.
Ӯ гуфт, фаъол шудани гурӯҳҳои зиддитолибонӣ ба манфиати минтақа аст. “Шакл гирифтани ҷараёнҳои зиддиттолибонӣ, яъне зидди зиндагӣ бо қонунҳои асримиёнагӣ, на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои кулли кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаҳони мутамаддин бисёр зарур ва лозим аст. Идомаи вазъияти феълӣ дар Афғонистон ва зулми Толибон метавонад гурӯҳҳои тундравро фаъолтар кунад. Аз ин рӯ фаъол шудани ҷараёнҳои зиддитолибонӣ ба нафъи Тоҷикистону минтақа аст,” -- гуфт Қосимшоҳи Бекмуҳаммад.
Ҷабҳаи муқовимати миллӣ зери раҳбарии Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, фармондеҳи шинохта, аз нахустин гурӯҳи зиддитолибонӣ буд, ки дар вилояти Панҷшер ба фаъолият оғоз кард. Ҷабҳаи муқовимат ҳарчанд минтақаеро зери назорат надорад, дар Панҷшер, минтақаи Андароби Бағлон, вилоятҳои Тахору Бадахшон зидди Толибон меҷангад.
Толибон то чанде фаъолиятҳои ин гурӯҳро инкор мекарданд, вале дар ду моҳи охир тасдиқ мекунанд, ки бо Ҷабҳаи муқовимат даргир ҳастанд.