Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Толибон" ҷангҷӯёни тоҷикро дубора мусаллаҳ кардаанд. Уйғурҳо аз марзи Чин куҷо шуданд?


Гуфта мешавад, инҳо "Толибон"-и тоҷикистонӣ ҳастанд
Гуфта мешавад, инҳо "Толибон"-и тоҷикистонӣ ҳастанд

Мақомоти Тоҷикистон ва намояндагони ҳукумати пешини Афғонистон мегӯянд, дар ду ҳафтаи охир шоҳиди бо таҷҳизоти муосир мусаллаҳ шудани ҷангҷӯёни тоҷике шудаанд, ки дар сарҳади Афғонистон бо Тоҷикистон ҷойгиранд. Аз ҷумла, онҳоро савори мошинҳои нави низомӣ дидаанд. Масъулони "Толибон" дар ин бора чизе нагуфтаанд, вале пештар иттилоъ доданд, ки ба минтақаҳои марзӣ нерӯҳои вижа мефиристанд.

"Калашников" ва мототсиклро бо чӣ иваз карданд?

Ба гуфтаи як масъули нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ҷангҷӯёни тоҷики муқими вилояти Бадахшони Афғонистон бо аслиҳа ва мошинҳои сохти Амрико муҷаҳҳаз шудаанд ва баъзе аз онҳо бо либосҳои низомии амрикоӣ дида мешаванд. Афсари собиқи низомии Афғонистон, ки дар Бадахшон зиндагӣ мекунад, ин иддаоро тасдиқ кард.

Ба қавли мақоми тоҷик, ки бо далели иҷозаи суҳбат надоштан бо расонаҳо аз ифшои номаш худдорӣ кард, "ҷангҷӯёне, ки пештар дар даст силоҳи "Калашников" дошта, мототсиклсавор буданд, дар ду ҳафтаи охир ба таҷҳизоти нав дастрасӣ ёфтаанд".

Зоҳиран, ин таҷҳизотест, ки "Толибон" пас аз тасарруфи шаҳру вилоятҳои Афғонистон аз низомиёни собиқи артиши Афғонистон гирифтаанд. Ин гуруҳ 15-уми август бидуни ҷанг Кобулро ишғол кард ва низомиёни афғон, ки аз ҷониби Амрико омӯзиш дида ва муҷаҳҳаз шуда буданд, ба онҳо таслим шуданд ё фирор карданд.

Мақомоти Тоҷикистон шахсияти наздик ба 200 нафар ҷангҷӯйи тоҷики зери назари "Толибон"-ро дар сарҳади Афғонистон бо Тоҷикистон шиносоӣ кардаанд.

Радду бадалҳо аз ду сӯи Ому

Тасарруфи Афғонистон аз ҷониби "Толибон" Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказиро аз хатарҳои эҳтимолии амниятӣ ва вуруди ҳазорон паноҳанда аз ин кишвар нигарон кардааст.

Мақомоти Тоҷикистон борҳо аз амалкарди "Толибон" нигаронӣ кардаанд ва хоҳони ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон ҳастанд. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, борҳо таъкид кард, ҳукумате, ки дар он саҳми тоҷикон ва қавмҳои дигар нодида гирифта мешавад, ба расмият нахоҳад шинохт.

Масъулони "Толибон" Тоҷикистонро ба мудохила ба корҳои дохилии Афғонистон муттаҳам карда, ҳушдор доданд. Дар пасманзари баҳсҳои лафзӣ "Толибон" аз фиристодани даҳҳо маргталаб ба марзи Афғонистон бо Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон ва Тахор хабар дод. Тоҷикистон низ ҳангоми сафари Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Бадахшон дар охири моҳи сентябр дар наздикии сарҳад бо Афғонистон бо ҳузури ҳазорон сарбозу афсар машқи низомӣ анҷом дод.

Пештар мақомоти Тоҷикистон эълон карда буданд, ки ба сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон, ки наздик ба 1400 километр аст, 20 ҳазор нерӯи изофӣ мефиристанд.

Аксар ҷангҷӯёни тоҷики зери назари "Толибон" дар Афғонистон аъзои ҷамоати мамнӯи "Ансоруллоҳ" ҳастанд, ки аз тарафи Амриддин Табаров, як фармондеҳи мухолифин дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, ки шартҳои сулҳи соли 1997 бо ҳукумати ин кишварро напазируфт, таъсис ёфта буд.

Дар як таҳқиқ дар моҳи июни имсол Радиои Озодӣ маълум карда буд, ки “Толибон” назорати панҷ ноҳияи ҳаммарз бо Тоҷикистонро ба як ҷангҷӯйи ин гурӯҳ бо номи Муҳаммад Шарипов (Маҳдӣ Арсалон) додаанд.

Моҳи гузашта мақомоти тоҷик гуфта буданд, хабарҳое аз омодагии ҷангҷӯёни тоҷики зери назари “Толибон” барои дохил шудан ба хоки Тоҷикистонро дарёфт кардаанд. “Толибон” гуфтанд, ба ҳеч гуруҳ иҷоза намедиҳанд, ки вориди хоки кишвари ҳамсоя шаванд.

Ҷангҷӯёни уйғур куҷо шуданд?

Ду манбаи Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон ва Афғонистон рӯзи 4-уми октябр гуфтанд, дар як ҳафтаи охир ҷангҷӯёни уйғурро аз Бадахшони Афғонистон, ки бо Чин 76 километр марз дорад, берун кардаанд.

Уйғурҳо дар Чин дар вилояти ҳаммарз бо Тоҷикистон ва Афғонистон зиндагӣ мекунанд ва мақомоти чинӣ гуруҳи тундрави уйғурҳоро ҳамеша таҳдиде ба амнияти худ медонанд.

Афсари ҳукумати собиқи Афғонистон гуфт, ҷангҷӯёни ҳаракати исломии Туркистонро ба Нангарҳор, шарқи Афғонистон интиқол додаанд. Ҳаракати исломии Туркистон, ки бо "Ал-Қоида" ҳамкорӣ мекунад, аз ҷониби Чин ва Созмони Милали Муттаҳид гуруҳи террористӣ шинохта шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, уйғурҳо то ҳафтае пеш ҳамроҳ бо ҷангҷӯёни дигари хориҷӣ дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон қарор доштанд. Масъулони "Толибон" аввали моҳи сентябр эълон карда буданд, ки ҷангҷӯёни уйғур пас аз ташкили ҳукумати нав дар Афғонистон ин кишварро тарк кардаанд.

"Толибон", ки бо Пекин муносибати хуб доранд, борҳо эълон кардаанд, аз хоки ин кишвар иҷозаи ҳамла ба Чинро намедиҳанд. Чин ба ҳукумати "Толибон" ваъдаи кумак кардааст. Бо гузашти ду моҳ, ҳанӯз ҳеч кишвар ҳукумати "Толибон"-ро ба расмият нашинохтааст.

XS
SM
MD
LG