Сухангӯйи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ хабар дод, ки як ноҳияи Афғонистонро дар наздикии марз бо Тоҷикистон аз афроди Толибон озод кардаанд.
Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ рӯзи 3-юми октябр дар Твиттер навишт, "шаҳристони Шикайи вилояти Бадахшон фатҳ шуд. Вулусвол ва даҳ тани дигар аз муздурони Толибони ишғолгар ба асорати нерӯҳои Ҷабҳа даромаданд."
Мақомоти Толибон ҳанӯз вокунише накардаанд, вале дар охири моҳи сентябри имсол даргириро бо нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат дар Бадахшони Афғонистон тасдиқ карда буданд.
Ду сокини ноҳияи Шикайи Дарвози Афғонистон низ рӯзи 3-юми октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Ҷабҳаи муқовимат ноҳияи Шикайро аз Толибон пас гирифтааст.
"Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат чанд сарбози Толибонро асир гирифта, чанде дигарро захмӣ карданд. Воқеа асри рӯзи душанбе рӯй дод. Даргирӣ то ҳанӯз идома дорад," – нақл кард яке аз онҳо.
Пас аз ҳокимияти дубораи Толибон дар Афғонистон дар моҳи августи соли 2021, ҳар гоҳе даргирӣ миёни онҳо ва Ҷабҳаи муқовимати миллӣ рух медиҳад.
Ин ҷабҳа имсол Толибонро ба маҳкамаи саҳроӣ, шиканҷа, куштани мақомҳои низоми пешин ва нақзи ҳуқуқи башар муттаҳам кард, аммо Забеҳулоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон, ин иддаоро рад кард.
Гуфтугӯ