Аз номи як намояндаи Толибон дар Твиттер гуфта шудааст, ки ба шимол ва шимолу шарқи Афғонистон "даҳ ҳазор нерӯ мефиристанд", вале далели чунин тасмим шарҳ дода нашудааст. Шимоли Афғонистон бо Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамсарҳад аст. Пештар Толибон бо Душанбеву Тошканд барои бозпас гирифтани чархболҳои бандмондаи Афғонистон "бигӯ магӯ" доштанд. Баъзе аз коршиносон бовар доранд, фиристодани нерӯ ба вуҷуди ихтилоф дар сафи Толибон рабт дорад.
"Артиши то дандон мусаллаҳ"?
Рӯзи 13-уми феврал дар шабакаи Твиттер аз номи сардори ситоди артиши Толибон иддао шудааст, ки ба шимол ва шимолу шарқи Афғонистон "даҳ ҳазор сарбози муҷаҳҳаз бо силоҳу техникаи муосир" мефиристанд. Дар саҳифае, ки номи Қорӣ Фасеҳуддин Фитратро дорад, таъкид шудааст, ин нерӯҳо "то дандон мусаллаҳанд" ва "ба ҳар амали мусаллаҳона иқдом хоҳанд кард". "Дар камтарин замон тайёраҳои ҷангӣ низ омода шуда, нерӯҳоро ҳимояти ҳавоӣ хоҳанд кард," – гуфта шудааст дар саҳифа.
Сухангӯйи Вазорати дифои Толибон рӯзи 14-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Қорӣ Фасеҳуддин дар Твиттер саҳифа надорад. Аммо ин хабар дар шабонарӯзи гузашта дар расонаҳои Русия ба таври густурда паҳн шуд ва дар Тоҷикистон ҳам фарзияҳоеро ба миён овард.
Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон ва Узбекистон ба таври расмӣ чизе нагуфтаанд, баъзе аз коршиносон эҳтимоли фиристода шудани нерӯҳоро ба шимоли Афғонистон сарфи назар намекунанд ва ҳадафи асосии онро "нигаронӣ аз мухолифони Толибон" медонанд, на Тоҷикистону Узбекистон.
Ду назар аз Тоҷикистон
Акбар Қаюмов, муовини пешини сардори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, рӯзи 14-уми феврал гуфт, "пеш аз ҳама, мехоҳанд, назорати масири ироаи кумакҳоро ба Ҷабҳаи муқовимат ба роҳбарии Аҳмад Масъуд ба даст бигиранд."
Илҳом Назриев, хабарнигори тоҷик, ки масоили Афғонистонро пайваста пайгирӣ мекунад, ба ин назар аст, ки масоили дохилии Афғонистон ҷунбиши Толибонро ба эъзоми нерӯи изофӣ ба шимоли кишвар водор кардааст.
Ба бовари хабарнигор, ахиран аз шимоли Афғонистон иттилоъ мерасанд, ки мухолифат дар сафи Толибон афзоиш ёфтааст: "Тибқи иттилои ахири матбуоти худи Афғонистон, дар шимоли ин кишвар ихтилофоти миёни Толибони паштунӣ ва Толибони маҳаллӣ рӯ задааст ва яке аз ҳадафҳои эъзоми нерӯ ба шимоли Афғонистон ҳам ҳамин аст."
Дар гузашта Толибон гуруҳе аз ҷангҷӯёни тоҷикро дар қитъаи ҳассоси марз бо кишвар ҷобаҷо карда буданд. Мақомоти Тоҷикистон онҳоро узви гуруҳи "Ансоруллоҳ" дониста, вале таҳдиди ҷиддӣ нашуморида буданд.
Ним сол мешавад, ки Толибон қудратро дар Афғонистон ба даст гирифтаанд. То ҳол ҳеч кишваре, бо шумули Тоҷикистону Узбекистон, ҳукумати онҳоро эътироф накардааст. Баъзе аз мусоҳибони мо гуфтанд, баҳору тобистон барои бақои ҳукумати Толибон дар Афғонистон сарнавиштсоз аст, зеро онҳо бояд ба мардуми кишвари худ паёми беҳбудӣ диҳанд. Дар акси ҳол, онҳо метавонанд, барои боло бурдани эътибори худ аз рӯ задани низоъҳо бо кишварҳои ҳамсоя истифода кунанд.