28-уми сентябр минтақаҳои Донетск , Луганск, Херсон ва Запорожеи Украина, ки зери назорати Маскав қарор доранд, аз анҷоми шумориши оро дар ҳамапурсии сохта барои ҳамроҳ шудан ба ҳайати Русия хабар доданд. Тибқи натиҷаи ҳамапурсӣ, дар Луганск 98,42%, Донетск 99,23%, вилояти Херсон 87,05% ва Запороже 93,1% барои ҳамроҳ шудан ба Русия раъйи мувофиқ додаанд.
Кишварҳои ғарбӣ бо шумули Туркия ва Қазоқистон ҳанӯз то маълум шудани натиҷаи ҳамапурсӣ эълом доштанд, ки онро эътироф нахоҳанд кард. Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, ҳамапурсиро “баҳонаи дурӯғин барои ғасби бахше аз Украина аз роҳи зӯр” ва Кохи Сафед онро “тавҳини усули ҳаққи ҳокимият ва тамомияти арзӣ” номиданд.
Вашингтон инчунин эълон кард, ки дар сурати баргузор кардани ҳамапурсӣ, алайҳи Русия таҳримҳои нав рӯйи даст хоҳад гирифт. Бо вуҷуди ин, Владимир Путин гуфт, ки Русия аз тасмими бошандагони минтақаҳоеро, ки дар ҳамапурсӣ иштирок кардаанд, ҳимоят мекунад.
Чолишҳо барои СПАД
Аммо, ин чиз рӯшан аст, ки тасмими Кремл Вашингтонро ба самти иқдомоти мутақобили нав савқ медиҳад. Энтони Блинкен, вазири умури хориҷии Амрико, ахиран дар нишасти хабарии муштарак бо нахуствазири Ҳинд гуфт, Амрико бо истифодаи силоҳҳои ғарбӣ аз сӯи Киев дар минтақаҳое, ки мумкин аст, дар пайи раъйпурсӣ ба Русия ҳамроҳ шаванд, мухолифат намекунад.
Чунин сурат гирифтани авзоъ, ба гуфтаи коршиносон, боиси ҷалби бештари муттаҳидони Русия аз СПАД мешавад, ки эҳтимол майли чандоне барои амалӣ кардани онро надоранд, чун ба манофеи миллии онҳо созгор нест.
Аркадий Дубнов, рӯзноманигор ва сиёсатшиноси рус, дар як матлабаш бо такя ба сарчашмаҳои наздик ба ҳукумати Остона гуфтааст, раъйпурсӣ дар минтақаҳои Украина боиси ба миён гузоштани саволи эҳтимоли хориҷ шудани Қазоқистон аз СПАД хоҳад шуд.
“Тибқи доктринаи низомии Русия, Кремл ин ҳақро хоҳад дошт, ки аз муассиртарин силоҳҳо, аз ҷумла аз силоҳи ҳастаӣ, барои ҳифозат аз Русия истифода кунад. Он вақт, фаҳме, ки Кремл аз таҷовузи хориҷӣ алайҳи Русия дорад, пешзаминаҳоеро барои ин кишвар эҷод мекунад то аз муттаҳидонаш дар СПАД тибқи банди 4-и Оинномаи ин созмон дархости кумак кунад. Ба иборати дигар, Русия метавонад пойи муттаҳидонашро ба амалиёти низомии худ дар Украина бикашад,” – навиштааст ӯ.
То ҳол ба ҷуз аз Қазоқистон ҳеч яке аз аъзои СПАД дар мавриди ҳамапурсӣ дар вилоятҳои таҳти назорати Русия дар Украина изҳори назар накардаанд.
“Ҳама чиз аз сиёсати давлат вобаста аст”
Рустам Бурнашев, коршиноси мустақил аз Қазоқистон, мегӯяд, мавқеи кишварҳои узви СПАД аз он вобаста хоҳад буд, ки оё онҳо ин манотиқи навро ба унвони сарзамини Русия мепазиранд ё не. “Ман шак дорам, ки кишварҳои узви СПАД дар ин амр ширкат кунанд. Ба эҳтимоли зиёд, онҳо дар пайи роҳҳои бурунрафт хоҳанд буд. Дар Русия низ медонанд, ки аксар кишварҳо бо ин амр мувофиқат нахоҳанд кард, зеро он пайомадҳои хеле ҷиддиро дар пай хоҳад дошт”, - мегӯяд Бурнашев.
Хайрулло Мирсаидов, шореҳи сиёсии тоҷик, низ назари ба ин монанд дорад. Ба гуфтаи вай, агар Кремл дар пайи коргирӣ аз таҳдид дар баробари муттаҳидони худ бошад, он ба фурӯпошии комили СПАД боис хоҳад шуд.
“Тоҷикистон бо он ҳама майле, ки барои ба даст овардани ризоияти Русия дорад, ба далели таҳдидҳои маввҷуд қодир ба мудохила нахоҳад буд. Мо дар ҳоли ҳозир шоҳиди ҳушдорҳое ба шаҳрвандон дар мавриди мамнӯияти иштирок дар ҷангҳои кишварҳои сеюм ва муҷозот барои он ҳастем”, - мегӯяд Мирсаидов.
Танқиди созмон
СПАД ҳамеша барои нотавонии ҷилавгирӣ аз муноқиша байни аъзои худ ва ҳимояти манофеи онҳо мавриди танқид қарор мегирад. Ин мавҷе аз танқидҳо хосатан замони ду даргирӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи апрели 2021 ва сентябри 2022 ва муноқишаҳои байни Озарбойҷон ва Арманистон мушоҳида мешуданд.
Дар Ереван ахиран тақнидҳо ба эътироз бо талаби хориҷ шудан аз ҳайати СПАД табдил ёфт. Нахустин ва то ҳол танҳо ягона мавриди истифода аз нерӯҳои сулҳхоҳи СПАД моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон анҷом шуд; замоне ки Қосимҷомарт Тоқаев дар пайи эътирозҳои зиддиҳукуматӣ ва бетартибиҳо аз СПАД кумак хост. Дар натиҷаи ин дархост 2030 сарбоз ва 250 адад таҷҳизоти низомӣ ба Қазоқистон фиристода шуд, ки аз сохтмонҳои стратегӣ ҳифозат карданд.
Ин тасмими СПАД дар доираи коршиносон бо нуқтаназрҳои гуногун рӯ ба рӯ шуд. Бархе онро ҳамчун талоши ҳифзи низоми сиёсӣ дар Қазоқистон ва дахолат дар умури дохилӣ ва бархе ҳам, хусусан қисмате аз бошандагони Алмато онро ба унвони кумаки амалӣ барои ҳифзи шаҳр ва ҷилавгирӣ аз хушунат таллақӣ карданд.
“Созмоне дар бунбаст”
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Мезананд, бо дарзмол месӯзонанд, ба сар халта мепӯшонанд" ВИДЕОНуриддин Худоёров, сиёсатшиноси тоҷик, мегӯяд, мавзӯи иштирок кардан ё накардани СПАД дар ҷанги Украина ба эҳтимоли зиёд қаблан баррасӣ шуда, ҳимояти кофиро ба даст наовардааст.
“Сукути кишварҳои узв баёнгари он аст, ки онҳо амалан мавқеи худро мушаххас кардаанд. Ғайр аз ин, бахши аъзами нерӯ ва манобеъ мутааллиқ ба Русия аст. Тоҷикистон ва Қирғизистон – ду узви созмон – амалан дар марҳилаи ҷанг қарор доранд. Қазоқистон ошкоро бо мавқеи Маскав мухолиф аст ва Арманистон дар талоши хориҷ шудан аз шартнома аст. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки СПАД дар ҳоли ҳозир ҳамчун блоки низомӣ-сиёсӣ дар бунбаст қарор дорад,” -- мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Теъдоди умумии артиши кишварҳои СПАД 1 миллиону 256 ҳазор мебошад, ки 80 дарсади онро сарбозони рус ташкил медиҳанд. Тибқи омори соли 2020 буҷаи созмон 429 миллион рубли русӣ ё 6 миллиону 383 ҳазор доллар будааст.
Барои муқоиса: теъдоди сарбозони НАТО 3 миллиону 462 ҳазор мебошад, ки сарбозони амрикоӣ 40 дарсади онро ташкил медиҳанд. НАТО дар соли 2020 беш аз як триллион доллар харҷ кардааст.
Мунтақидони СПАД илова бар камбуди манобеи молӣ ба он ишора мекунанд, ки ин блок марказҳои мавқеӣ, иттилоотӣ ва фармондеҳӣ, ситодҳои минтақаӣ, марказҳои тамрини низомӣ, барномаҳои умумии таҳқиқот ва ғайраро надорад, ки мудирият ва ҳамкории аъзои онро суст мекунад.