Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Барои 4 моҳ рафтанд, дигар барнагаштанд." Таъсири ҷанг дар Украина ба пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон


Нерӯҳои Русия ҳангоми тамрин дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон. Тобистони соли 2021
Нерӯҳои Русия ҳангоми тамрин дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон. Тобистони соли 2021
"Озодӣ" ва "Азаттик", ду расонаи RFE/RL, дар таҳқиқи хурде якҷоя талош карданд, бифаҳманд, ки ҷанг дар Украина ба вазъи пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистон ва Қирғизистон чӣ таъсир дорад. Дар ин матлаб аз пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон мегӯем. Дар бораи пойгоҳи "Кант" дар Қирғизистон инҷо бихонед.

"Рӯзҳои наздик 600 нафари дигарро ҳам мебаранд"

Русия бахше аз низомиёни худро аз пойгоҳи 201-и ин кишвар дар Тоҷикистон ба ҷанги Украина бурдааст. Интиқоли низомиёни рус ба Украина ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ асосан аз пойгоҳи 201 дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар сурат гирифтааст.

Ба камияш чаҳор манбаъ аз дохил ва беруни пойгоҳ тасдиқ намуданд, ки дар бештар аз 6 моҳи ҷанг низомиёни зиёде аз ин ҷо ба Украина фиристода шудаанд.

Сарбозони рус рӯзҳои истироҳат зиёд ба харид, оббозӣ ва тарабхонаҳо мерафтанд, вале ҳоло танҳо чанд зану кӯдаки русро мебинеду бас.
Ронандаи таксӣ дар Бохтар

Василий Маховой, масъули бахши иттилооти пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон, рӯзи 28-уми август ба Радиои Озодӣ ирсоли низомиёни пойгоҳро ба ҷанги Украина тасдиқ ё рад накард. Ӯ барои шарҳи мавзуъ номаи расмӣ хсот. Ин дар ҳоле буд, ки Радиои Озодӣ ҳанӯз 5-уми август ба фармондеҳии пойгоҳ номаи расмӣ фиристода, дар он суолҳоеро роҷеъ ба таъсири ҷанги Украина ба зарфиятҳои пойгоҳ ва куллан таъмини амнияти Тоҷикистон ба миён гузошта буд. Ба ин нома то ҳоло ҷавоб наомадааст.

Радиои Озодӣ сабти суҳбатҳоеро дорад, ки бино бар онҳо аз 1000 то 1500 сарбозу афсари пойгоҳи 201-и Русия ба Украина интиқол дода шудаанд. Яке аз низомиёни ин пойгоҳ ба шарти зикр нашудани номаш рӯзи 27-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, "рӯзҳои наздик 600 нафари дигарро ҳам мебаранд." Чунин омодагиро яке аз низомиёни дигари пойгоҳ низ тасдиқ кард ва афзуд, қабл аз ин гурӯҳи 600-нафарӣ, шуморе аз ҳамхидматонашро ба Украина бурда буданд.

Низомиёни пойгоҳ аз сӯҳбати ошкоро дар мавриди интиқолашон аз Тоҷикистон ба Украина худдорӣ мекарданд. Бо чанде аз онҳо, ки ҳамсуҳбат шудем, тасдиқ мекарданд ки "нафарони зиёдеро ба Украина равон кардаанд", вале омори дақиқтареро гуфтан намехостанд ё намедонистанд.

"Супориши хӯрокворӣ аз тарафи пойгоҳ кам шуд"

Пойгоҳи 201-и Русия дар кӯчаи Ҷаббор Расулови Душанбе анборе дорад, ки ба иттилои кормандонаш, дар он ҷо маводи озуқа ва баъзе аз техникаи корношоями пойгоҳ нигаҳдорӣ мешавад. Аз қисмати роҳи асосӣ бинои анбор чандон назаррас нест ва ҳеч навиштае низ дар пушти дар ё девори он дида намешавад, ба ҷуз аз огоҳие, ки дар он "минтақаи хатарнок" зикр шудааст.

Анбори озуқавории пойгоҳи 201-ум дар Душанбе
Анбори озуқавории пойгоҳи 201-ум дар Душанбе

Яке аз кормандони ин анбор ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси фармони раҳбарони пойгоҳ ширкатҳои русӣ ба инҷо маҳсулотро интиқол медиҳанд. Ӯ таъкид намуд, ки ҷанг дар Украина шумори низомиёни пойгоҳи 201-и Русияро дар Душанбе кам кард ва аз ин ҳисоб супориши хӯрокворӣ аз тарафи пойгоҳ ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст.

"Ин ҷо то соли 2012 як анбори бузург буд. Баъдан бахши нигаҳдории маҳсулот ном гирифт, ки дар чанде аз анборҳои иҷораи маҳсулоти низомиён нигоҳдорӣ мешавад, лекин миқдораш акнун зиёд нест,"-гуфт ӯ.

Ҳамсуҳбати мо таъкид намуд, ки ӯ шахси низомӣ нест, вале солҳо боз дар бахши нигоҳдории маҳсулот кор кардааст ва то ҷое дар бораи ирсоли низомиёни пойгоҳ ба Украина маълумот дорад.

"Аз ҳазор нафар бештар, яъне ҳудуди якуним ҳазор низомӣ аз пойгоҳ ба ҷанг рафтаанд. Шояд ин омор тағйир ёфта бошад, дақиқашро намедонам. То ҷое медонам, низомиён барои на зиёда аз чаҳор моҳ барои ширкат дар амалиёти махсус дар Украина рафта буданд, ки баъди ин муддат бояд бармегаштанд, вале то ҳол наомадаанд. Мегӯянд, баъди чор моҳи амалиёт дар рухсатиянд,"-афзуд ҳамсубати мо.

Шаҳраки низомиён. "Иҷорашин намеёбам"

Маконе, ки пойгоҳи ҳарбии Русия ҷойгир аст бо номи "военний городок" ё шаҳраки низомиён дар Душанбе маъруф аст. Сокинони маҳаллӣ, ки дар наздики ин шаҳрак ба тиҷорату таксиронӣ машғуланд, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки имрӯзҳо шумораи муштариёнашон аз ҳисоби низомиёни пойгоҳ кам шудааст.

"Пештар зиёд меомаданд, гаштугузорашон низ бештар ба назар мерасид. Бубинед, ҳоло кам шудаанд. Харидкунӣ низ аз сӯи сарбозони рус мисли моҳҳои пеш нест, чунки бахше аз муштариёни моро ба ҷанги Украина бурдаанд," - гуфт яке аз тоҷирони маҳаллӣ, ки нахост номаш зикр шавад.

Наздикии пойгоҳи ҳарбии Русия дар Душанбе
Наздикии пойгоҳи ҳарбии Русия дар Душанбе

Наздик ба даромадгоҳи пойгоҳи Русия дар Душанбе ғайр аз тоҷирон, ронандаҳои таксӣ низ ҳамеша дида мешаванд, ки мунтазири муштариянд. Онҳо ба сарбозон бар ивази маблағ хидмат мерасонанд.

Яке аз ронандаҳо, ки солҳо боз дар ин ҷо ба таксиронӣ машғул аст, ба Радиои Озодӣ гуфт, то ҷое медонад 500-600 нафарӣ се дафъа низомиёнро аз аз ин пойгоҳ ба ҷанг дар Украина бурдаанд: "Инро худи низомиёне, ки мешиносам ба ман нақл карданд. Чанд шиноси дигар, ки муштарии доимӣ буданд, ҳоло нестанд. Аз ҳамкоронашон пурсидам, гуфтанд, онҳоро ҳам ба Украина бурдаанд. Аз ин ҳисоб ҳозир нисбат ба рӯзҳои пеш муштарӣ кам аст."

Бахше аз низомиёни рус хонаҳои атрофи пойгоҳро ба иҷора мегирифтанд. “Онҳо пули нағз медоданд”, -- мегӯяд Абдураҳим Солеҳов, ки хонаашро ба афсарони рус иҷора медод. “Ду моҳ аст, иҷоранишини нав намеёбам. На фақат афсарон, сарбозони шартномавӣ ҳам дар кофтукови иҷора меомаданд, зиёд меомаданд. Ҳоло касе намеояд”, -- афзуд ин соҳибхона.

Нақли Намозалӣ ва Саша

Дар пайи ҷанги Русия дар Украина гаштугузори сарбозони рус на танҳо дар ҳудуди Душанбе, балки дар шаҳри Бохтар низ ба иттилои сокинони маҳаллӣ камтар шудааст.

Авазалӣ, яке аз сокинони маҳаллӣ, ки дар назди пойгоҳи низомии Русия дар Бохтар таксӣ меронад, гуфт, "сарбозони рус рӯзҳои истироҳат зиёд ба харид, оббозӣ ва тарабхонаҳо мерафтанд, вале ҳоло танҳо чанд зану кӯдаки русро мебинеду бас."

Намозалӣ, пешхидмати тарабхонаи "Эҳсон", ки онҷо сарбозони рус бештар мерафтанд, гуфт, "аз рӯи нақли ниёзомиён аз Бохтар 200 нафар ба Украина рафтаанд." Саша, пешхидмати дигари як тарабхона дар Бохтар, рӯзи 28-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ду рӯз пеш муштариёнаш, низомиёни пойгоҳ, бо ӯ худоҳофизӣ карда, "ба Украина рафтаанд".

Рухсора Ганҷиева, зане, ки дар кӯчаи Айнии шаҳри Бохтар мағоза дорад, гуфт, "намедонам аз чӣ сабаб аст, ҳоло низомиҳои рус, хусусан сарбозон кам шудаанд, ба мағоза кам ворид мешаванд, савдои мо аз ҳамин ҳисоб кам шудааст, онҳо одатан об ва гоҳе пиво мехариданд."

"Русия дар Ҳарбмайдон тамрин мегузаронад"

Бо оғози ҷанг дар Украина, ки беш аз ним сол гузашт, бо ширкати нерӯҳои Русия дар Тоҷикистон то ҳол ягон машқи муштараки низомӣ анҷом наёфтааст. Ин дар ҳолест, ки соли 2021 Русияву ҳампаймонҳояш аз Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ дар Тоҷикистон як силсила машқҳои низомӣ барпо карда буданд.

Тонку низомиёни Русия дар наздикии сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон. Моҳи июли 2021
Тонку низомиёни Русия дар наздикии сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон. Моҳи июли 2021

Мақомоти расмии Тоҷикистон дар мавриди баргузории тамринҳои низомӣ дар моҳҳои наздик шарҳе намедиҳанд. Як намояндаи пойгоҳи 201-уми Русия дар Душанбе гуфт, моҳи октябр дар Тоҷикистон бо ширкати нерӯҳои ин кишвар тамринҳои низомӣ баргузор хоҳад шуд.

"Дар моҳи октябр дар Ҳарбмайдон машқҳо ё тамринҳои низомӣ дар назар аст. Оғоз мешавад аз Қазоқистон, сипас дар Қирғизистон ва баъдан дар миёнаҳои октябр дар Ҳарбмайдони Тоҷикистон," -- афзуд ӯ. Ҳамсуҳбати мо ҷузъиёти бештар надод.

Агар чунин машқҳои низомӣ баргузор шаванд, ин нахустин тамринҳои нерӯҳои Русия дар Тоҷикистон пас аз оғози ҳамла ба хоки Украина аст.

Як манбаи наздик ба пойгоҳи 201-и Русия гуфт, баргузор нашудани тамринҳои низомии Русия дар Тоҷикстон ба ҷангҳои ин кишвар дар Украина бастагӣ дорад. Ҳарчанд масъулони пойгоҳ аз шарҳи расмии мавзуъ худдорӣ мекунанд, ҳамсуҳбатони мо гуфтанд, нооромиҳои охир дар Украина на танҳо ба кори пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, балки дар дигар кишварҳо низ таъсир гузоштааст.

Тамрини якҷояи нерӯҳои Тоҷикистону Русия
Тамрини якҷояи нерӯҳои Тоҷикистону Русия

Пойгоҳи 201-и артиши Русия дар Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳи хориҷии нерӯҳои хушкигарди артиши он кишвар ба шумор меравад. Воҳидҳои ин пойгоҳ дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар ҷойгир буда, соли 2012, бо имзои як қарордод замони ҳузури он дар Тоҷикистон то соли 2042 дароз карда шуд.

Охири соли 2015 ин дивизия пойгоҳи худро аз Кӯлоб ба ноҳияи Рӯдакӣ кӯчонд. Дар гузашта шумори низомиёни пойгоҳи 201-и Русия ҳудуди 6-7 ҳазор гуфта мешуд. Шумори низомиён ва техникаи ҳарбии ин пойгоҳ пайваста тағйир меёбад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG