Радиои Озодӣ: Фармони Путин дар навбати аввал ҷалби кадом гуруҳи шаҳрвандонро дар назар мегирад?
Дилрабо Самадова: Фармони Владимир Путин нисбати он шаҳрвандони то 45-солаи Русия аст, ки дар қувваҳои мусаллаҳ хидмат кардаанд ва дар захира ҳастанд. Новобаста аз онки душаҳрвандӣ доранд ё не, агар ҷойи истиқоматии доимиашон Русия аст ва ба басеҷ (мобилизатсия) даъват шаванд, бояд ҳозир шаванд."
Радиои Озодӣ: Онҳое, ки шаҳрвандии Тоҷикистон ва Русияро доранд, шартан ба ду гуруҳ ҷудо мешаванд. Як гуруҳашон дар артиши Русия хидмат кардаанд, гуруҳи дигар танҳо шаҳрвандӣ гирифта, аммо дар Русия ба артиш нарафтаанд. Оё ҳардуи ин гуруҳҳоро дар доираи фармони Путин ба артиши Русия сафарбар мекунанд?
Дилрабо Самадова: "Дар фармони Путин омадааст, шахсоне, ки аллакай хидмати ҳарбӣ карда, дар захира ҳастанд. Новобаста аз онки шахси соҳиби душаҳрвандӣ дар қувваҳои мусаллаҳи Русия хидмат кардааст ё Тоҷикистон. Агар ҳоло дар Русия иқомати доимӣ дорад, метавонад, ба артиш даъват шавад. Шахсоне, ки душаҳрвандӣ доранд, бар асоси созишномаи миёни Тоҷикистону Русия бояд худро дар комиссариати ҳарбии ҷойи зист сабт кунанд. Агар онҳо хидмати ҳарбиро дар Тоҷикистон ба ҷой оварда, ба Русия кӯчидаанд ва шаҳрвандии он кишварро гирифта, онҷо зиндагӣ мекунанд, ҳамчун афсарони захиравӣ ба қайд гирифта шудаанд. Дар чунин ҳолат метавонанд, онҳоро ба артиш даъват кунанд ва онҳо уҳдадоранд, ки ин даъватро иҷро кунанд."
Радиои Озодӣ: Яъне шахсоне, ки шиносномаи тоҷикию русӣ доранд, сарфи назар аз онки дар артиши Русия хизмат кардаанд ё не, метавонанд ҷалб карда шаванд? Дуруст?
Дилрабо Самадова: "Дуруст. Дар фармон гуфта шудааст, ки дар навбати аввал шаҳрвандии Русияро дошта бошад. Байни Тоҷикистон ва Русия созишнома дар бораи душаҳрвандӣ амал мекунад. Дар ин санад мушаххас шудааст, ки агар шаҳрвандон дар артиши яке аз кишварҳо хидмат кунад, давлати дуюм онро ҳамчун хидматкарда эътироф мекунанд. Аз ин бармеояд, ки шаҳрвандоне, ки дар Тоҷикистон хидмати ҳарбӣ кардаанд, аз тарафи Русия ҳамчун низомии эҳтиётӣ эътироф карда мешаванд. Агар ҷойи истиқомати ин гуна шахсон Русия бошад ва дар онҷо ба қайд гирифта шуда бошанд, Русия метавонад онҳоро ба ҷанг даъват намояд."
Радиои Озодӣ: Як суоле, ки нофаҳмиҳоро ба миён овардааст. Нафаре шиносномаи тоҷикӣ ва русӣ дорад ва даъвати мақомоти Русияро қабул карда, ба ҷанг зидди Украина меравад. Оё бар асоси қонунгузории Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида хоҳад шуд?
Дилрабо Самадова: "Қонун дар бораи душаҳрвандӣ миёни Тоҷикистону Русия ҳаминро муқаррар кардааст, ки шаҳрвандон дар ҷойи доимии зисти худ бояд дар комиссариати ҳарбӣ ба қайд гирифта шуда бошанд. Барои ҳамин, агар онҳо шаҳрвандии Русияро дошта бошанд ва дар асоси қонунгузории Русия сафарбар шаванд, бояд рафта хидматро ба ҷой оранд. Дар ин ҳолат ин гуруҳи афрод дар Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб намешаванд. Вале шахсоне, ки душаҳрвандӣ доранд ва дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, агар ба ҷанг раванд, онҳоро барои зархаридӣ дар Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ мекашанд."
Радиои Озодӣ: Вале шахсоне, ки танҳо шаҳрвандии Тоҷикистонро доранд ва агар дар ивази маблағ рафта дар Украина ҷанганд, метавонанд, онҳоро ба ҷавобгарӣ кашанд?
Дилрабо Самадова: "Бале. Агар шахс шаҳрванди ҳамон давлат набошад, он вақт албатта ин хидмати ҳарбӣ нест, зархаридӣ аст. Аз кадом тарафе, ки ҷанг накунад, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад."
Радиои Озодӣ: Нафаре, ки шаҳрвандии Тоҷикистону Русияро дорад ва ҷойи истиқомати доимиаш ҳам Русия ҳаст, агар ба номаш даъватнома омад ва онро қабул накард, ӯро чӣ ҷазо интизор аст?
Дилрабо Самадова: "Пас аз фармони Путин ба як қатор қонунгузории Русия тағйиру иловаҳо ворид шуд. Аз ҷумла, бар асоси тағйирот ба Кодекси ҷиноии ин кишвар барои ҳозир нашудан ё худсарона тарк кардани ҷойи хидмат ҷавобгарии ҷиноӣ вазнин карда шудааст, аз 5 то 10 сол зиндон. Барои даъватномаро нагирифтан ба ҷавобгарии маъмурӣ мекашанд, лекин агар 2-3 бор ҳозир нашавад, метавонанд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашанд."
Радиои Озодӣ: Бархе мепурсанд, агар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ҳаққи иқомат (вид на жителство) дошта бошанд, онҳоро ҳам ба артиши Русия ҷалб мекунанд?
Дилрабо Самадова: Албатта не. Чунки уҳдадории ҳарбӣ танҳо шаҳрвандонро дар назар дорад. Вақте онҳо ҳаққи иқомати доимӣ доранд, онҳо уҳдадориҳои ҳарбӣ надоранд. Лекин маълумоте аст, ки ба шахсоне, ки ҳаққи иқомати доимӣ доранд, тезтар шаҳрвандӣ дода, ба артиш ҷалб карда истодаанд. Аз ин бояд эҳтиёт шуд."
Радиои Озодӣ: Чӣ хел?
Дилрабо Самадова: "Бояд дарк кунанд, ки вақте шаҳрвандиро қабул мекунанд, уҳдадории хидмати ҳарбӣ ба гардани онҳо бор мешавад. Он нафароне, ки мунтазири гирифтани шаҳрвандии Русия ҳастанд, пешниҳод мекунам, шиносномаро дертар гиранд, то сафарбарӣ ба анҷом расад. Муҳоҷироне, ки аз Тоҷикистон ё дигар кишварҳо ба Русия рафтаанду шаҳрвандӣ надоранд ё танҳо ҳаққи иқомат доранд, онҳо ба қувваҳои мусаллаҳи Русия набояд даъват ва ба ҷанги Украина фиристода шаванд."
Навори суҳбатро дар инҷо бинед:
Радиои Озодӣ: Мақомоти Русия аз муҳоҷирон даъват кардаанд, ки ба артиши он кишвар пайванданд ва дар муддати кӯтоҳ соҳиби шиносномаи русӣ хоҳанд шуд. Қабул кардани ин даъват барои онҳо чӣ пайомадҳо дорад?
Дилрабо Самадова: "Албатта, Русия манфиатдор аст, ки шаҳрвандони бештар ҷалб карда, ба ҷанги зидди Украина фиристад. Лекин шаҳрвандони Тоҷикистон дарк кунанд, ки ҷанг умуман хуб нест, ин ҷанги тоҷикистониён нест. Аз ин рӯ, аз ширкат дар ин ҷанг худдорӣ кунанд. Ягон шаҳрвандӣ ё маблағ арзиши онро надорад, ки бар ивази он дигар одамонро ба қатл расонанд."
Радиои Озодӣ: Дар ин миён хабарҳое аст, ки мақомоти Русия баъзе зиндониён ва ё муҳоҷирони боздоштшударо бо ваъдаи додани шаҳрвандӣ ба артиш ҷалб карда, ба ҷанги зидди Украина мебаранд. Оё дар ин замина ягон муроҷиате гирифтед?
Дилрабо Самадова: "Дар ҳақиқат, баъзе муҳоҷирон ва хешовандони онҳо ба мо занг зада, гуфтанд, ки ҳуҷҷатҳои иқомати онҳо дар Русия пурра набуд ва аз тарафи мақомоти бахши муҳоҷират дастгир шуданд. Ба гуфтаи муҳоҷирон, дар назди онҳо ду интихоб гузоштаанд: ё ба кишварашон ихроҷ мешаванд, ё метавонанд, бо роҳи осонтар шаҳрвандиро гирифта, баъди 3 моҳи бозгашт аз Украина шаҳрвандии Русияро дарёфт кунанд. Муҳоҷирон пурсиданд, ин кор оё қонунӣ аст? Мо маслиҳат додем, ки ин кор ғайриқонунӣ аст ва аз ширкат дар ҷанг худдорӣ кунанд."
Гуфтугӯ