Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бабри коғазӣ ё блоки низомӣ-сиёсӣ? СПАД (ОДКБ) дар 30 сол чӣ кард?


Нерӯҳои посдори сулҳи СПАД дар Қазоқистон. Моҳи январи 2022
Нерӯҳои посдори сулҳи СПАД дар Қазоқистон. Моҳи январи 2022
30 сол пеш, дар пасманзари шурӯи ҷанги дохилии Тоҷикистон, қарордоди амнияти дастҷамъӣ ба имзо расид, ки баъдан бар асоси он Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД - ОДКБ) таъсис шуд. Созмоне, ки дар 30 сол нақши нисбатан шартӣ дошта, пас аз воқеаҳои моҳи январи имсол дар Қазоқистон мақоми ҷиддитаре касб кард. Бо вуҷуди ин, бо таваҷҷуҳ ба рӯйдодҳои Украина, коршиносон бар ин назаранд, ки ояндаи СПАД аз муваффақият ё бохти Маскав вобаста аст.
Фоида ин буд, ки силоҳи Русияро бо нархи дохилии ин кишвар мехаранд ва размоишҳои ҳарсола баргузор мекунанд, ки тавоноӣ ва омодагии ҷангии артиш ва генералҳоро боло мебарад.
Григорий Михайлов

15-уми майи соли 1992 аз тарафи раҳбарони Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон дар шаҳри Тошканд қарордоди амнияти дастҷамъӣ имзо шуд, ки баъдан Озарбойҷон, Беларус ва Гурҷистон низ ба он пайвастанд.

Қарордод соли 1994 ба тасвиб расид ва барои панҷ сол иҷроӣ шуд. Соли 1999 Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон протоколеро дар мавриди дароз кардани муҳлати қарордод имзо намуданд. Аъзои дигар ҳузури худро бас карданд. Ба истиснои Узбекистон, ки соли 2005 ба ин паймон пайваст, вале соли 2012 тасмими хориҷ шуданашро гирифт.

Тибқи ин паймон, агар яке аз кишварҳои узв мавриди ҳамла қарор гирад, ин ба унвони таҷовуз алайҳи ҳамаи тарафҳои паймон дониста мешавад, ки тибқи оинномаи Созмони Милал ҳаққи дифои дастҷамъиро ҳифз хоҳанд кард. Агар то соли 2002 ин паймон ҳамчун як тавофуқи низомӣ-сиёсии минтақаӣ тавсиф мешуд, аз моҳи майи соли 2002 СПАД тасмим гирифт, ба ин қарордод мақоми созмони байнулмилалӣ бидиҳад.

Бо таҳлили фаъолиятҳои ин созмон аз он давра баъзе коршиносон онро як блоки низомӣ-сиёсии шабеҳи НАТО ва бархеи дигар абзори пешбурди манофеи Русия медонанд.

МАНОБЕИ СОЗМОН

Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов

“СПАД–ро метавон яке аз шеваҳои ҷалбу ҷазби Русия гуфт. Русия дар ҳавзаи пасошӯравӣ нақши калидӣ дорад ва табиатан 90 дарсади манобеи низомӣ ва молии ин созмонро Русия таъмин мекунад,” -- мегӯяд сиёсатшиноси мустақил Парвиз Муллоҷонов.

Ба қавли ӯ, чун дар тӯли ин ҳама сол кишварҳои узв хатари ҷиддие надоштанд, вазифаи низомии созмон камранг ва иттиҳоди сиёсӣ ҷойи аввалро касб кард.

Соли 2001 дар чаҳорчӯби СПАД Нерӯҳои вокуниши сареи дастҷамъии Осиёи Марказӣ (5 ҳазор сарбоз), соли 2007 нерӯҳои посбони сулҳ (3600 сарбоз) ва соли 2009 нерӯҳои дастҷамъии зудамал (5 ҳазор сарбоз) эҷод шуданд. Аммо ин созмон қароргоҳи доимӣ надорад ва аз теъдоди номиналии сарбозон аз кишварҳои узви СПАД иборат аст.

Теъдоди низомиёни кишварҳои узви СПАД 1 миллиону 256 ҳазор аст ва 80 дарсади онҳо аз сарбозони Русия иборатанд. Соли 2020 буҷаи ташкилот ҳудуди 429 миллион рубли русӣ, баробар ба 6 миллиону 383 доллари амрикоиро ташкил медод. Барои муқоиса, низомиёни НАТО 3 миллиону 462 нафар мебошанд, ки 40 дарсади онро сарбозони амрикоӣ ташкил медиҳанд. НАТО дар соли 2020 беш аз як триллион доллар харҷ кардааст.

Мунтақидони СПАД илова бар камбуди манобеи молӣ ба он ишора мекунанд, ки ин блок марказҳои мавқеӣ, иттилоотӣ ва фармондеҳӣ, ситодҳои минтақаӣ, марказҳои тамрини низомӣ, барномаҳои умумии таҳқиқот ва ғайраро надорад, ки мудирият ва ҳамкории аъзои онро суст мекунад.

ОЗМОИШИ ҚУДРАТ

Шореҳи сиёсӣ Марат Мамадшоев мегӯяд, СПАД дар тӯли умраш аз худ фаъолияти чашмрасе нишон надодааст. Миёни кишварҳои узви ин созмон чандин муноқиша рух дода буданд, аммо саҳми СПАД дар ҳаллу фасли онҳо баробар ба сифр буд.

Марат Маматшоев
Марат Маматшоев

“Ин созмон ҳеч аз нуфуз ва эътибор бархурдор нагашт. Сабаби аслии чунин раванд ин аст, ки дар кишварҳои ИДМ ниҳодҳо нақши муҳиме надоранд. Тамоми тасмимҳо аз сӯи роҳбарони кишварҳо гирифта мешаванд ва созмонҳо танҳо рӯи коғаз вуҷуд доранд,” -- мегӯяд Мамадшоев.

Соли 2010, ҳангоми муноқишаҳои байниқавмӣ дар ҷануби Қирғизистон, Бишкек расман аз СПАД мадад хост, аммо ҷавоби рад гирифт. Дахолат накардан дар кори дохилии як кишвари мустақил ҳамчун далели рад кардан гуфта шуд, зеро меъёри истифодаи нерӯҳои ҳифзи сулҳ нақзи марзҳои давлатҳои узв мебошад.

СПАД ҳангоми муноқишаи Қаробоғи Кӯҳӣ байни Озарбойҷон ва Арманистон низ аз чунин шева кор гирифт. Вазорати корҳои хориҷии Русия он замон бо пахши баёния гуфта буд, ки нерӯи дифоии СПАД наметавонанд истифода шаванд, зеро амалиёти низомӣ берун аз ҳудуди ин созмон ҷараён гирифтааст.

Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ҳамчунин дар даргириҳои мусаллаҳонаи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар охири моҳи апрели 2021 ғофилгир шуд. Дабири кулли СПАД он замон ҷонибҳоро ба ҳалли мусолиматомези муноқиша даъват кард, аммо маълум шуд, ки созмон барои ҳалли муноқиша байни кишварҳои узв ҳеч созукор (механизм)-еро дар назар нагирифтааст.

Нахустин ва то ҳол танҳо собиқаи истифода аз нерӯҳои ҳифзи сулҳи СПАД дар Қазоқистон моҳи январи соли 2022 рух дод. Қосимҷомарт Тоқаев дар пасманзари тазоҳурот алайҳи ҳукумат ва беназмиҳо барои кумак ба СПАД муроҷиат кард. Дар натиҷа 2030 сарбози ҳифзи сулҳ ва 250 техника ба Қазоқистон фиристода шуд. Дар тӯли 13 рӯз биноҳои муҳими стратегӣ аз сӯи ин низомиҳо ҳифз шуда буданд.

Ин тасмими СПАД байни коршиносон яксон қабул нашуд. Баъзе онро ҳамчун талоши нигоҳдории низмои сиёсии Қазоқистон ва дахолат дар умури дохилӣ пиндоштанд. Бархеи дигар, аз ҷумла қисме аз бошандагони Алмато ин тасмимро ёрии амалӣ барои ҳифзи шаҳр ва ҷилавгирӣ аз хушунат тавсиф карданд.

Агар дар солҳои аввали 2000-ум узви ин созмон намебудем, эҳтимоли ворид шудан ба даргирӣ бо Узбекистон зиёд мебуд, зеро хатари чашмрасе вуҷуд дошт.
Парвиз Муллоҷонов

МАЙДОН БАРОИ ХАРИДИ СИЛОҲ

Григорий Михайлов, рӯзноманигор ва коршиноси рус, таъкид мекунад, ки кишварҳои увзи СПАД дар тӯли ин муддат аз узвият дар ин созмон фоидаи муайяне ба даст овардаанд.

“Фоида ин буд, ки силоҳи Русияро бо нархи дохилии ин кишвар мехаранд ва размоишҳои ҳарсола баргузор мекунанд, ки тавоноӣ ва омодагии ҷангии артиш ва генералҳоро боло мебарад. Размоишҳо ба ҳамкорӣ ва барқарор намудани робита байни сардорон мусоидат мекунад. Вақте генералҳо бо ҳам суҳбат мекунанд, эҳтимоли истифода қувва алайҳи якдигар кам мешавад,” -- мегӯяд Михайлов.

Илова бар размоишҳои ҳарсола ва фароҳам кардани силоҳ кишварҳои узви СПАД барои муқобила бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ғайра эъломи ҳамкорӣ мекунанд.

Сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, бо вуҷуди ҳамаи камбудиҳо СПАД барои кишварҳои хурде ба мисли Тоҷикистон ва Арманистон як созмони муҳим мебошад. “Агар дар солҳои аввали 2000-ум мо узви ин созмон намебудем, эҳтимоли ворид шудан ба даргирӣ бо Узбекистон зиёд мебуд, зеро хатари чашмрасе вуҷуд дошт. Дар мавриди Арманистон ҳам метавон чунин гуфт. Агар узви СПАД намебуд, эҳтимоли ворид шудани даргириҳои мусаллаҳона ба ҳудуди ин кишвар боло мебуд,” -- ҳадс мезанад ин сиёсатшинос.

Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ дар мавриди даргирии Украина ва Русия назари ягона доранд, ки СПАД ба он ҷалб намешавад. Аммо, муваффақият ва раванди бозсозии он, ба гуфти онҳо, аз чигунагии берун омадани Русия аз Украина вобаста аст.

XS
SM
MD
LG