Чор баробар камтар аз Афғонистон. Додугирифти Қирғизистону Тоҷикистон ночиз шуд

Вилояти Бодканди Қирғизистон, июли соли 2020

Дар ҳафт моҳи имсол додугирифти Тоҷикистону Қирғизистон ҳамагӣ 3,2 миллион долларро ташкил додааст, ки дар муқоиса ба як сол пеш ҳафт баробар камтар аст. Ду ҳамсояи наздик солҳо боз барои таъини марз баҳс доранд, вале дар пайи муноқишаи хунини соли 2021 дарвозаҳоро ба рӯйи ҳам бастаанд.

Қирғизистон аз Тоҷикистон маҳсулоти пахтагӣ, меваву сабзавот мегирифт ва дар иваз сӯзишворӣ, маҳсулоти сохтмонӣ ва маводи дигари ниёзи мардум медод.

Ба назари шореҳони иқтисодӣ, барқарор шудани мизони додугирифтҳои пешина байни ду ҳамсоя дар фурсати наздик номумкин ба назар мерасад. Баҳси марзии ду ҳамсоя ба низоъҳои мусаллаҳона табдил шуда, шумори қурбониёни ин ҳодисаҳо даҳҳо нафарро ташкил медиҳад.

Фақат қочоқ мемонад?

Cоли 2019 додугирифти Тоҷикистону Қирғизистон 67,7 миллион долларро ташкил дод. Соли 2020, ба сабаби пандемия, ду баробар кам шуда, ба 37,2 миллион доллар расид. Бишкек баъд аз муноқишаи моҳи апрели соли 2021 сарҳадро ба рӯйи тоҷикистониҳо “то ҳал шудани ҳама масъалаҳо” баст ва додугирифти ду кишвар то 27,9 миллион доллар фаромад.

Моҳҳои январ-июли имсол 3,2 миллилон долларро ташкил дод. Ин рақам чор баробар камтар аз додугирифти Қирғизистон бо Афғонистон аст.

Ҷирғалбек, соҳибкоре, ки дар гузашта ба Тоҷикистон гӯшти мурғ ворид мекард, гуфт, “ба мо содироти маҳсулотро пурра манъ карданд. Намедонам, тиҷорати расмии байни ду кишвар чӣ гуна ба роҳ монда шудааст. Ҳатто тавассути хоки Узбекистон ҳам содироти мол манъ аст. Фақат як роҳ мемонад, ки он ҳам қочоқ аст ва баста нест.”

КДАМ-и Қирғизистон эътироф кардааст, ки мавридҳои қочоқи молу маҳсулот идома дорад ва ҳар чанд вақт акси гумонбаронро нашр мекунанд. Вакили Маҷлис Адахон Мадумаров ҳам гуфта буд, худи кормандони ниҳодҳои амниятӣ қочоқчиёнро пуштибонӣ мекунанд ва дар вокуниш раиси КДАМ-и Қирғизистон Қамчибек Тошиев таҳдид кард, ки Мадумаровро ба зиндон меандозад.

Вуҷуди қочоқро президент Содир Ҷабборов (Жапаров) ҳам эътироф кардааст. Ӯ моҳи июни имсол дар шарҳи даъвои миёни раҳбари КДАМ ва вакили маҷлис гуфт, “қочоқ 90 дарсад решакан шудааст”.

Муҳимтарин маҳсулоте, ки мавриди қочоқ қарор мегирад, сӯзишворӣ аст, ки онро Қирғизистон аз Русия ворид мекунад. Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ маҳз дар Тоҷикистон сӯзишворӣ бо нархи баландтарин ба фурӯш меравад.

Баъзе коршиносон мегӯянд, баста шудани марзҳоро Узбекистон – ҳамсояи Тоҷикистону Қирғизистон –ба манфиати худ истифода кардааст. Аз ҷумла, аз роҳи реэкспорт ё содироти такрорӣ молу маҳсулоти тавлиди Чину Русияро, ки соҳибкорони қирғизистонӣ меоварданд, ба Тоҷикистон интиқол медиҳад.

Хуршед Каримзода

Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, моҳи июли имсол дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфта буд, ки “воридот ҳамааш тавассути ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Узбекистон амалӣ шудааст”.

Эсен Азамат, иқтисодшиноси қирғизистонӣ мегӯяд, соҳибкорони ду кишвар дар сатҳи поин ҳам бошад, кам-кам тиҷорат мекунанд.

Соли гузашта аз Қирғизистон ба Тоҷикистон асосан маҳсулоти сӯзишворӣ, аз ҷумла ангишт, зарфҳои пластикӣ, шиша ва чӯбу тахта ворид шудааст ва худи Қирғизистон ҳам аз содироти ин маҳсулот вобастагии сахте дорад.

Сатҳи пасттарини муносибатҳо

Минтақаи муҳимтарини тиҷоратӣ байни ду кишвар Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон аст. Муноқишаҳои мусаллаҳона ба фаъолиятҳои тиҷоратӣ осеби шадиде расонидаанд ва ҷабри ин ҳолатро пеш аз ҳама сокинони маҳаллӣ мекашанд.

Баҳром Исматуллозода, сардори Раёсати гумруки вилояти Суғд моҳи феврали имсол гуфт, "ҷангу ҷанҷол ба манфиати ягон кишвар нест. Не ба манфиати Тоҷикистон, не ба Қирғизистон. Аз нигоҳи иқтисодӣ нигарем, ягон нишондиҳандаи назаррас надоштаем дар соли гузашта. Воридоти ғайрирасмӣ ҳам ба як дараҷае коҳиш ёфтааст. Вақте марз бастааст, ягон қочоқгар ҷуръат намекунад, ки дар ин шароит ба ингуна амал даст занад."

Бо ин вазъ, умеди инки ба наздикӣ додугирифт байни Тоҷикистону Қирғизистон ба сатҳи пешина мерасад, хеле кам аст. Дар муноқишаи 14-17-уми сентябр, ки даҳҳо куштаву захмӣ бар ҷой гузошт, ҳарду ҷониб якдигарро ба таҷовузи низомӣ ва истифодаи силоҳҳои сангин гунаҳкор карданд.

Эмил Ҷӯраев

Эмил Ҷӯраев, сиёсатшинос ва профессори донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказӣ, мегӯяд: “Ба равобити ду кишваре ки ҳамин ҳоло як низои бадтарину хунинтаринро пушти сар карданд, чӣ баҳо додан мумкин аст? Бешубҳа, ин поинтарин ва бадтарин марҳила дар равобити ду кишвар аст. Агар моҳи апрели соли 2021 гуфтем, ки шоҳиди бадтарин марҳила дар равобити байни ду кишар будем, имрӯз вазъият амиқтару бадтар шудааст."

Таҳлилгари дигар Илимбек Абдиев мегӯяд, Қирғизистон бояд дигар умедашро аз бозори Тоҷикистон канад. Ӯ мегӯяд, сарҳадҳои басташуда имкони дар хоки худи Қирғизистон ба роҳ мондани корхонаҳои коркарди маҳсулот ба мисли зардолуро фароҳам мекунад. Ин корхонаҳо қаблан дар хоки Тоҷикистон амал мекарданд.

Элдар Абакиров, собиқ муовини вазири иқтисоди Қирғизистон, ҳам мегӯяд, то замони пурра ҳал шудани масоили марзӣ, барқарор кардани равобити тиҷоратию иқтисодии байни ҳамсояҳо имкон надорад. “Мо тавони даҳҳо баробар афзоиш додани додуругирифтро дорем. Вале пеш аз ин бояд аломатгузории марзи ду кишвар ба анҷом расад, бояд амнияти марз таъмин шавад ва баъди ин мешавад дар бораи афзоиши робитаҳои тиҷоратӣ андеша кард. Бе ин ҳама мо наметавонем одамону заминҳои худро таҳти хатар қарор диҳем.”

Тоҷикистон танҳо ҳамсояи Қирғизистон аст, ки миёнашон дигар ҳеч додугирифти фаъоли иқтисодӣ вуҷуд надорад. Саҳми Тоҷикистон дар иқтисоди хориҷии Қирғизистон фақат 0,1 дарсадро ташкил медиҳад. Ҳоло муҳимтарин шарикони тиҷоратии Қирғизистон Чин, Қазоқистон ва Узбекистон мебошанд. Чину Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон ҳастанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Низоъ дар марз тиҷорати тоҷикону қирғизҳоро кам кардааст. ВИДЕОНизоъ тиҷорати тоҷикону қирғизҳоро "кушт"Сардии равобити Бишкеку Душанбе ба тарҳҳои муштарак чӣ таъсир мегузорад?"Аз назари иқтисодӣ осебпазир, аз ҷиҳати сиёсӣ ноустувор." 31 соли истиқлоли ТоҷикистонОмори мақомот, шубҳаи коршинос. Нархи ғизо дар Тоҷикистон чӣ қадар афзуд? ВИДЕО