Марҳилаи нав – мушкилиҳои кӯҳна
Тоҷикистон дар бештар аз се даҳа ҷанги дохилиро таҷриба кард, ки таҳдиде барои фурӯпошии давлат, буҳрони шадиди моливу иқтисодӣ ва давраи суботи нисбӣ буд ва тақвияти қудрати такфардии тамомиятхоҳи президенти ҳозира Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳамроҳ дошт.
Тоҷикистон 31 соли истиқлолашро бо аҳолии 10-миллионнафарӣ ва Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии (ММД) 890-долларӣ ба сари ҳар кас таҷлил мекунад. Кишвар дар радабандии Бонки Ҷаҳонӣ дар миёни 193 давлат дар ҷойгоҳи 140 аст.
Тибқи арзёбии коршиносон, иқтисод ва зиндагии мардум аз ҳисоби пули муҳоҷирони Русия, ки ҳудуди 40 дарсади ММД-и кишварро ташкил медиҳад ва қарзҳои Чин, ки беш аз 1,1 миллиард доллар ҳисоб шудаанд, мечархад.
Душанбе инчунин аз шарикони ғарбӣ кумак мегирад, ки қисмате аз буҷа, дифоъ ва тарҳҳои дигари иҷтимоиро дастгирӣ мекунад. Тамоми ин ба хотири сиёсати хориҷии чандҷониба муяссар мешавад, ки Тоҷикистон даҳсолаҳо пеш гирифтааст. Аммо, ба қавли коршиносон, пеш бурдани ин сиёсат душвортар хоҳад шуд.
Геополитика ва истиқлол
Сиёсатшиноси мустақил Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, барои кишварҳое, ки аз буҳрони иқтисодии бархоста аз ҷанги Украина ва Русия осеби ҷиддӣ мебинанд, душвортар хоҳад буд.
“Барои Тоҷикистон сиёсати чандҷониба душвор хоҳад буд, чунки Русия ба таври қобили таваҷҷуҳ нуфузи худро дар самти шарқ аз даст додааст. Агар қаблан мо ба гунаи рӯшан дар минтақаи нуфузи Русия қарор доштем, акнун ҳама чиз дар ҳоли норӯшан шудан аст ва ҷойи Маскавро Пекин хоҳад гирифт, ки низ бо Ғарб робитаи танишомез дорад,” -- мегӯяд сиёсатшинос.
Дар маркази баҳси Пекин ва кишварҳои Ғарб Тайван истодааст. Ҳукумати Чин Тайванро қаламрави худ мешуморад ва эълони пайвастани дубора бо онро мекунад. Амрико ва кишварҳои зиёди узви Созмони Милал Тайванро ҳамчун кишвари мустақил эътироф намекунанд, аммо шадидан бо таҳдиди Чин барои бо зӯр гирифтани ин ҷазира мухолифат доранд.
Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ расман (бо эҳтиёт) аз мавқеи Пекин пуштибонӣ мекунанд. Ҳамзамон дар масъалаи Украина беҳтар мешуморанд, аз ҳимояти мустақими Маскав худдорӣ варзанд.
“Бунёд (аз ҷониби Чин – РО) ва тавсеаи роҳҳо дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонад, ҷойгузине барои Русия дар заминаи тиҷорат байни Аврупо ва Осиё эҷод кунад ва ин минтақаро ба як бозигари транзитӣ ва тиҷорати ҷаҳонӣ табдил бидиҳад. Аз ин рӯ, кишварҳои минтақа ин мавзуъро дар қолаби дуҷониба ва чандҷониба ба баҳс мекашанд”, - менависад пойгоҳи Eurasia.net дар бораи ангезаи сиёсии кишварҳои Осиёи Марказӣ нисбати Пекин.
Норизоиятии Маскав
Аммо, рӯшан аст, ки Русия на ҳамеша ба хушбинии шарикони худ дар Осиёи Марказӣ дар ростои талоши онҳо барои истиқлол назари монанд дорад. Размоиши муштараки “Ҳамкории минтақавӣ”-и кишварҳои минтақа бо Амрико, ки моҳи август дар Тоҷикистон баргузор шуд, мавҷе аз танқидҳоро дар доираи коршиносии Русия ба дунбол дошт.
Баъзе аз коршиносон хоҳони таҷдиди назар дар равобит бо шарикон шуданд. Бархеи дигар пешниҳод карданд, ки дар хоки Русия аз гуруҳҳои мухолифи низомҳои Осиёи Марказӣ ташкил шавад. Иван Нечаев, муовини дафтари иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Русия, таъкид кард, ки тамос бо кишварҳои ғайридӯсти Русия набояд ба зарари тамос бо Русия бошад.
Николай Патрушев, дабири кулли Шӯрои амнияти Русия, низ дар ҷараёни нишасти муштараки кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар Тошканд аз баргузории ин размоиш изҳори нигаронӣ кард. Ин мақоми Русия алоқамандии Амрикоро барои размоиш дар Осиёи Марказӣ фурсати омӯхтани саҳнаи эҳтимолии амалиёти ҷангӣ, дақиқ кардани нишонаҳои ҳадафҳои оянда ва, инчунин, навсозии харитаҳои рақамӣ барои истифодаи силоҳ номид. Насрулло Маҳмудзода, ҳамтои тоҷикаш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт “ба равобити стратегии Тоҷикистон ва Русия ҳеч чиз таҳдид намекунад”.
Истиқлол дар ҳадди иҷоза
Каримҷон Аҳмадов, муовини пешини вазири иқтисоди Тоҷикистон, мегӯяд, Тоҷикистон бо манобеи маҳдуди худ ба ҷуз аз идомаи сиёсати бисёрҷониба чорае надорад.
“Тағйири самт аз он вобаста аст, ки чӣ қадар Ғарб метавонад, Русияро аз лиҳози сиёсӣ ва иқтисодӣ ба инзиво бибарад ва нуфузашро дар паҳнои пасошӯравӣ коҳиш бидиҳад. Зоҳиран ин амр дар ҳоли иҷро шудан аст. Аз ин рӯ, Тоҷикистон дар ояндаи наздик то он ҷойе, ки худи Русия ба он иҷоза медиҳад, талоши фосила гирифтан аз Русияро мекунад. Русия фишангҳои фишори мустақим ба Тоҷикистон ва роҳбарияти феълии онро дорад. Тоҷикистон инчунин аз ҳамкорӣ бо Русия, ки метавонад боиси таҳримҳои Ғарб шавад, канорагирӣ мекунад, чунки иқтисоди заиф, ҳатто метавон гуфт, вазъияти буҳронӣ дорад. Бо вуҷуди ин, Тоҷикистон имрӯз барои ҳифзи сиёсати хориҷии бисёрсамтӣ тамоми талошро мекунад. Ба дурустӣ дарк мекунад, ки аз лиҳози иқтисодӣ осебпазир ва аз лиҳози сиёсӣ нопойдор (ноустувор) аст,” - мегӯяд Аҳмадов.
Коршиносон осебпазирии иқтисодӣ ва устувории иҷтимоӣ-сиёсии Тоҷикистонро ба вобастагии иқтисодии он аз Русия марбут медонанд, чун тибқи арзёбии гуногун тақрибан ду миллион муҳоҷири тоҷик дар онҷо кору зиндагӣ мекунанд. Инчунин пойгоҳи низомии 201-и Русия дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир аст. Ин омилҳо аз як ҷиҳат пойдории низоми феълиро кафолат медиҳанд ва аз ҷиҳати дигар аҳроми фишор бар кишваранд.
Наҷоти иқтисод?
Сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, рушди иқтисодӣ ва фаннӣ ягона роҳи нигоҳ доштани субот ва истиқолои нисбӣ мебошад. Аммо, ба гуфтаи Каримҷон Аҳмадов ояндаи иқтисоди Тоҷикистон дар кӯтоҳмуддат ниёз ба беҳбудӣ дорад.
“Иқтисоди Тоҷикистон шояд аз ҳама ислоҳношуда дар фазои пасошӯравӣ мондааст. Он мутамаркиз, зери бори манофеи як гуруҳи сиёсӣ ва дорои хусусияти барҷастаи хонаводагӣ мебошад. Ин гуруҳ дар ҳеч сурат ҳозир нест, аз бартариятҳои иқтисодии худ даст бикашад. Таноқуз ин аст, ки бе роҳҳале барои бозсозии сиёсии Тоҷикистон наметавон пешрафти иқтисодиро интизор дошт. Ба иборати дигар, алгоритми дастёбӣ ба муваффақияти иқтисодӣ ба ислоҳоти сиёсӣ вобаста аст, ки он қабули Қонуни асосии нав, интихоботҳои озод ва коҳиши қобили таваҷҷуҳи фасоди молӣ мебошад. Танҳо баъди ин заминаҳое барои ислоҳоти иқтисодӣ фароҳам мешаванд, ки метавонанд барои пешрафтҳои оянда шароит омода кунанд”, - хулоса кард Каримҷон Аҳмадов.
Гуфтугӯ